Буҳрони Укройн: Русия ҳузури низомӣ дар Кримеро тақвият мекунад

  • 3 Март, 2014
сарбозони русImage copyrightReuters

Русия ҳузури низомии худ дар Кримеро тақвият карда ва бо вуҷуди тақозои Ғарб бар хориҷ шудан аз минтақа амалан кунтрули онро дар даст гирифтааст.

Ҳазорон нерӯи Русия минтақаро дар даст гирифтаанд ва гузориш мешавад, ки худравҳои зиреҳӣ ва киштиҳо дар минтақа дар ҳаракат ҳастанд.

Ҳафт қудрати бузурги санъатии ҷаҳон "нақзи истиқлоли Укройн" тавассути Маскавро маҳкум кардаанд.

Укройн нерӯҳои захираи артишро фаро хонда ва хостори ҳимояти байналмилалии бештар шудааст.

Русия мегӯяд аз манофеъи худ ва ҳуқуқи русзабонҳои Криме ва соири нуқоти Укройн пас аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури ҳаводори Русияи Укройн дар моҳи гузашта ҳимоят мекунад.

Буҳрон пиромуни Укройн рӯи иқтисоди Русия асар гузоштааст. Нархи баробарии рубл дар муқобили дулори Омрико ба поинтарин сатҳ расида ва Бонки марказии Русия нархи баҳраи бонкиро аз 5, 5 дарсад ба 7 дарсад боло бурдааст.

Морк Лоуен, хабарнигори Би-би-сӣ дар Севастопол мегӯяд Криме амалан таҳти кунтрули Русия қарор дорад, ҳарчанд тире ҳам шиллик нашудааст.

Ӯ мегӯяд ду пойгоҳи умдаи Укройн таҳти муҳосира қарор доранд ва таъсисоти калидӣ, назири фурудгоҳҳо дар дасти нерӯҳои русӣ ҳастанд.

Ӯ меафзояд ҳазорон нерӯи тозанафаси Русия вориди минтақа шудаанд, ки шумори онҳо ба маротиб аз нерӯҳои укройнӣ дар минтақа бештар аст ва роҳҳои вурудӣ ба Криме аз хоки Укройн баста шудаанд.

Нерӯҳои марзбонии Укройн аз афзоиши худравҳои зиреҳӣ дар он суи коноли баҳрӣ, ки қаламрави Укройн ва Русияро аз ҳам ҷудо мекунад, гузориш додаанд.

Нерӯҳои ҳаводори Русия бандареро дар шарқи Криме ба даст гирифтаанд, ки барои Русия хадамот ироа мекунад.

Гузоришҳо ҳамчунин аз ҳаракоти киштиҳои Русия дар Дарёи Сиёҳ дар шаҳри бандарии Севастопол, ки пойгоҳи нерӯҳои низомии Русия дар он ҷо қарор дорад, ҳикоят мекунанд.

Бар асоси гузоришҳо иртиботот тавассути телефунҳои ҳамроҳ дар минтақа қатъ шудааст.

Хабаргузории Интерфакс-Укройн гузориш додааст, ки сарфи назар аз талошҳои афроди ҳаводори Русия барои ҷалби ҳаводории нерӯҳои новгони Укройн дар шаҳри Симферопол, ин нерӯҳо вафодории худ ба Укройнро таъйид кардаанд.

Сара Рейнсфорд, хабарнигори Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд давлати муваққати Укройн хостори ҳимояти бештари байналмилалӣ барои водор сохтани нерӯҳои Русия ба тарки хоки Укройн шудааст.

Ӯ мегӯяд дар ҳоле ки Укройн умедвор аст буҳронро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунад, нерӯҳои мусаллаҳи худро басиҷ месозад.

Қарор аст аз рӯзи душанбе нерӯҳои захираи артиши Укройн давраҳои омӯзишии даҳрӯзаро оғоз кунанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд хашми густардае нисбат ба иқдомоти Русия дида мешавад; бисёри укройниҳо мегӯянд омодаанд аз хоки худ дифоъ кунанд, агарчи имконоти низомии Укройн бо ҳамсояи қудратмандаш баробар нест.

Авохири рӯзи якшанбе 7 қудрати бузурги санъатии ҷаҳон иқдомоти низомии Русияро маҳкум карданд.

Гурӯҳи G7 бо интишори баёнияе дар Кохи Сафед "нақзи ошкори истиқлол ва тамомияти арзии Укройн тавассути Федеросиюни Русия" - ро маҳкум кард.

Дар баёния омадааст: "Барои ҳоли ҳозир мо тасмим гирифтем ширкати худ дар фаъъолиятҳои марбут ба омодагӣ ба нишасти G8 дар Сучӣ дар моҳи июнро таълиқ кунем."

Вузарои дороии гурӯҳи G7 гуфтаанд омодаанд "Укройнро бо кумаки молии қавӣ таъмин кунанд."

Ба гуфтаи вазири дороии Укройн ин кишвар барои ду соли дигар ба 35 миллиёрд дулор кумак ниёз дорад.

Як мақоми Бонки марказии Укройн ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, қарор аст як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул рӯзи душанбе ба Укройн сафар кунад.

Image copyrightAP
Image caption Дар Укройн ва дар шаҳрҳои мухталифи дунё тазоҳуроте алайҳи иқдомоти низомии Русия баргузор шудааст

Талошҳои диплумотик барои ёфтани роҳи ҳалли буҳрон идома дорад.

Интизор меравад вузарои хориҷаи Итиҳодияи Урупо дар як нишасти изтирорӣ дар Бруксел ширкат кунанд.

Созмони Милал рӯзи якшанбе гуфт Ён Элисун, муъовини дабири кулли ин созмон ба Укройн сафар мекунад то "шахсан бо воқеъиятҳо аз наздик ошно шавад."

Имрӯз, душанбе Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Женев мулоқот мекунад.

Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё вориди Киев шуда то бо давлати ҷадиди Укройн гуфтугӯ кунад.

Ӯ гуфтааст буҳрон дар Укройн бузургтарин буҳрон дар Урупо тайи сад соли ахир аст.

Қарор аст Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико рӯзи сешанбе ба Укройн сафар кунад. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико иқдомоти Русияро нақзи қавонини байналмилалӣ ва таҳдид ба сулҳу сабот хондааст.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири муваққати Укройн ҳушдор додааст, ки кишвараш дар "вартаи як фалокат" қарор дорад.

Маскав давлатеро, ки пас аз барканории оқои Янукович дар моҳи гузашта қудратро дар Киев ба даст гирифт, ба расмият нашинохтааст.

Имтиноъи оқои Янукович аз наздикии бештар бо Иттиҳодияи Урупо ба суди наздикии бештар бо Русия дар моҳи ноябри гузашта муҷиби эътирозоти густарда дар Киев шуд, ки боъиси хунрезӣ ва кушта шудани даҳҳо нафар аз муътаризон дар даргириҳо бо пулис шуд.

Матолиби муртабит