Ғарб дар баробари буҳрони Укройн чӣ вокунише нишон медиҳад?
Image copyrightBBC World ServiceМан фақат се рӯз хориҷ аз Киев будам. Як ҳафта қабл аввалин нишонаҳои баҳор дар ин шаҳр дида мешуд. Мардум лабханд ба лаб доштанд ва эҳсоси сабукӣ мекарданд, вале дар фосилаи ҳамин чанд рӯз авзоъ тағйир карда, ҷав ториктар шуда ва навъе сарсахтӣ ва хашм алайҳи Русия ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар дида мешавад.
Дуруст як ҳафта қабл касоне буданд, ки ҷуръат пайдо карда буданд дар бораи "пирӯзӣ" суҳбат кунанд; вале акнун суҳбат аз ҷанг аст. Арсений Ятсенюк, нахуствазири ҷадиди Укройн мегӯяд: "Ин як аломати хати қирмиз аст, ин як таҳдид нест, ин воқеъан як эъломи ҷанг аст."
Дар оғози ҳафта табли хатар бо шиддати бештаре кӯбида шуд. Муноқишаи ахир бузургтарин рӯёрӯии Русия бо Ғарб аз давраи ҷанги сард то кунун маҳсуб мешавад. Дабири кулли НОТУ мегӯяд: "Сулҳ ва амният дар Урупо" ба хатар афтодааст.
Воқеъияти ҷадид
Бузургтарин нигаронӣ тарс аз як ҷанги тасодуфӣ аст. Як муҳосибаи ғалат дар як ҷодаи масдудшуда ё хориҷи як қароргоҳи низомӣ метавонад ба суръат ба як муноқиша мунҷар шавад. Ин ҷанг аз ҷанги панҷрӯза дар Гурҷистон дар соли 2008 ба маротиб хунинтар хоҳад буд.
Ин бор Владимир Путин дар Криме ба суръат вориди амал шудааст. Тағйири вазъ комилан эҳсос мешавад. Тазоҳуркунандагони тарафдори Русия дар сойири нуқот низ даст ба амали мушобеҳ зада ва мегӯянд аз Русия дархости кумак хоҳанд кард. Дар ин лаҳза оқои Путин дар ҳоли санҷиши вокуниши Ғарб ва мусаммам будани Ғарб аст. Вале ӯ танҳо нест. Раҳбарони тазоҳуркунандагон, ки бисёре аз онон акнун узви кобинаи давлати ҷадиди Укройн шудаанд, низ саргарми ҳамин муҳосибаанд. Онҳо аз кишварҳое, ки тамомияти арзии Укройнро тазмин карда буданд ва ба хусус Иттиҳодияи Урупо мехоҳанд, ки ба таъаҳҳудоти худ амал кунанд.
Мақомоти Иттиҳодияи Урупо то ҳади қобили таваҷҷуҳе ба қавлҳои худ вафодор монда ва дар канори тазоҳуркунандагон истодаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд ин воқеъият, ки Виктор Янукович аъам аз ин ки қобили таҳаммул ё манфур бошад, як раҳбари мунтахаб астро нодида бигиранд. Онҳо саъй карданд нақши қобили таваҷҷуҳеро, ки гурӯҳҳои носиюнолист дар дифоъ аз майдони Истиқлол бозӣ карданд, камранг кунанд. Ҳерман вен Румпуй, раиси Иттиҳодияи Урупо сароҳатан гуфт: "Ояндаи Укройн мутаъаллиқ ба Иттиҳодияи Урупо аст". Ин мавзуъ муҷиби хашми Русия шуд, чун шоҳиди чизе буд, ки аз назари ин кишвар чанг андохтани Ғарб ба минтақаи таҳти нуфузи худаш маҳсуб мешуд.
Ҳам Маскав ва ҳам Киев акнун муроқиби Ғарб ва Иттиҳодияи Урупо ҳастанд. Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико қавли "авоқиби бисёр ҷиддӣ"-ро додааст. Адами ширкат дар нишасти муқаддамотии гурӯҳи 8, ки қабл аз як иҷлоси муҳими сарон дар Сучӣ аст, таъсири чандоне нахоҳад дошт ва худи оқои Керрӣ низ ба ин мавзуъ воқиф аст. Ӯ мегӯяд: "Онҳо (Ғарб) худро барои мунзавӣ кардани Русия аз лиҳози иқтисодӣ омода мекунанд". Ӯ ба манъи раводид ва масдуд кардани дороиҳо ишора мекунад.
Олмон аввалин маҳак барои санҷиши нияти Ғарб хоҳад буд. Оё ин кишвар бо равобити вижаи иқтисодиаш бо Русия ва вобастагиаш ба энержӣ ҳозир аст фидокорӣ карда ва оқои Путинро дар тангно қарор диҳад? Оё Бритониё бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ландан, пойтахт мавриди алоқаи сарватмандони Русия аст, аз масдуд кардани дороиҳои Русия ҳимоят хоҳад кард? Оё Иттиҳодияи Урупо ҳозир аст ба хотири дӯсти ҷадиди худ аз лиҳози иқтисодӣ латма бихӯрад?
Ҷон Керрӣ гуфтааст сойири кишварҳои узви гурӯҳи 8 барои мунзавӣ кардани Русия то ҳади имкон талош хоҳанд кард. Тасмими онон қарибан рӯшан хоҳад шуд. Фишори иқтисодӣ танҳо корти онон аст.
