Эътирозоти Укройн: Мубориза бар сари нуфузи Ғарб
Image copyrightBBC World ServiceЧандон ҷои таъаҷҷуб надорад, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, аз хушунатҳои "ғайриқобилиқабул" дар Укройн ибрози "нигаронии шадид" мекунад. Дар Укройн даъво бар сари дастрасӣ ва нуфузи Ғарб дар ҷаҳон аст.
Масъала ин аст ки оё мардум ҳануз ба Омрико ба чашми раҳбар ва бахше аз ояндаи мавриди назараш нигоҳ мекунанд ё на.
Дар ин миён масаълаи дигаре ҳам дар ҷараён аст ки пешинаи он ба пеш аз таъсиси кишвари Омрико мерасад. Яке аз нороҳаткунандатарин мусоҳибаҳо, ки то кунун шунидаам гуфтугӯи шабакаи хабарии Би-би-сӣ бо Ален де Боттон (файласуф) буд. Ӯ зоҳиран мегуфт, ки мо вақойеъи Укройнро беш аз ҳад пӯшиш медиҳем ва далелаш ҳам ҷаззобияти хушунат аст. Вагарна Укройн кишваре дурдаст аст, ки аҳамияти чандоне барои аксари мардум надорад.
Ӯ фарди ҳушманде аст. Ба ҳамин хотир ҳам ин ки чиро аҳамияти моҷароро дарк намекунад, нигаронкунанда аст.
Қазия чизе бамаротиб фаротар аз моҷарои афроди номатбуъ ва калимоти шайтанатомез аст. Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, Русия дар муқобили Ғарб шикасти фоҷиъаомезеро мутаҳаммил шудааст.
Ин кишвар ба дуруст ё ба ғалат Иттиҳодияи Урупоро омили Омрико медонад. На танҳо муттаҳидони собиқе назири Лаҳистон (Полша) ва ҷумҳурии Чек (Чехия), балки баъзе аз манотиқе, ки бахше аз Иттиҳоди Шуравӣ буданд, аз ҷумла Литва ва Латвия ҳоло узви Иттиҳодияи Урупо ҳастанд.
Сербистон, муттаҳиди торихии Русия ва кишваре, ки Русия дар ҳимоят аз он вориди ҷанги ҷаҳонии аввал шуд, ҳам тасмим гирифта ба ин иттиҳодия бипайвандад.
Иттиҳодияи Урупо мумкин аст мутасаллиб, куҳна ва нокоромад ба назар бирасад, аммо ҳанӯз ҳам намоди Ғарб аст ва ҷаззобияти бисёр зиёде дорад.
Кишварҳои фақири ҳошияи он мисли бародаҳои оҳан, ки ҷазби оҳанрабо мешаванд, ба суи он кашида мешаванд. Марг дар хиёбонҳо, кӯбидан бар сипарҳои зидишӯриш ва партоби куктейл Мулутуф ҷанбаҳои намодин дорад. Аммо далели ҳамаи инҳо тамоюли бисёре аз укройниҳо барои пайвастан ба Иттиҳодияи Урупост ва ин ки Русия эҳсос мекунад коҳиши қудраташ бояд ҳаминҷо мутаваққиф шавад.
Путин мехоҳад барои муқобала бо Иттиҳодияи Урупо як иттиҳодияи Уруосиё эҷод кунад ва аз нафт ва кумаки молӣ ба унвони мушаввиқ истифода мекунад.
Раиси ҷумҳурии Укройн бо иштиёқ аз ин масир ҳмоят кардааст. Гурҷистон ва дигар кишварҳои минтақа бо вуҷуди тамоюли бештар ба Ғарб бо диққат ин таҳаввулотро назора хоҳанд кард.
Готфрид Уилҳелм Лойбнитз, файласуфи қарни ҳаждаҳум ҳушдор дод ки русҳо ба "туркҳои Шимол" табдил шудаанд. Ба баёни дигар Урупо дар гузашта бо имперотурии усмонӣ муқобала мекард, вале акнун Русия ба таҳдиди сарзаминӣ ва идеулужики мушобеҳе табдил шуда.
Қарни бистум нишон дод ки ҳақ комилан бо ӯ будааст. Торих ба поён нарасидааст. Ман мутмаинам, ки ҷаҳон ба ҳадде аз булуғ расида, ки вақойиъи ахири Укройн оташи як даргирии низомии тозаро миёни қудратҳои бузурги имрӯзи ҷаҳон рӯшан нахоҳад кард. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз диди бисёре Урупо дар мавзеъи заъф аст ва Борок Убомо кори зиёде ба масоъили хориҷӣ надорад, вақойеъи баъдӣ аз аҳамияте ҳаётӣ бархурдор хоҳанд буд.
