Даргириҳои маргбор дар муқобили сохтмони порлумони Укройн

Бар асоси гузоришҳои расида аз Киев, пойтахти Укройн даргириҳои шадиде миёни муътаризон ва нерӯҳои пулиси зиддишӯриш рух додааст.
Гузориш мешавад, ки дар ин даргириҳо дастикам 7 нафар кушта шудаанд.
Дар бадтарин хушунат дар ҳафтаҳои ахир пулис бо истифода аз партоби норинҷак ва гулӯлаҳои лостикӣ талош кардааст аз ҳаракати муътаризон ба суи сохтмони порлумон дар ҳоле ки ба суи пулис санг партоб мекарданд, ҷилавгирӣ кунад.
Нерӯҳои амниятӣ ба муътаризон то соъати 18 ба вақти маҳаллӣ муҳлат додаанд, ба даргирӣ поён диҳанд, дар ғайри он бо иқдоми пулис рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Даргириҳо замоне рух медиҳад, ки қарор буд имрӯз порлумон бар сари пешниҳоди баргашт ба қонуни асосии соли 2004 Укройн баҳс кунад.
Ин пешниҳод дар сурати пуштибонии порлумон қонуни асосии соли 2004-ро барқарор ва ихтиёроти Виктор Янукович, раиси ҷумҳурро маҳдуд мекард.
Аммо мухолифон гуфтаанд аз ироаи пешниҳоди онҳо ба порлумон ҷилавгирӣ шудааст.
Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо гуфтааст аз ташдиди хушунат дар Укройн "амиқан нигарон" аст. Ӯ аз сиёсатмадорон хостааст барои бурунрафт аз вазъ талош кунанд.
Ӯ афзуд: "Раҳбарони сиёсӣ ҳоло бояд масъулияти муштараки худ барои барқарории эътимодро дарк кунанд ва шароитро барои ҳалли муассири буҳрони сиёсӣ эҷод кунанд."
Русия афзоиши хушунатро натиҷаи "чашмпӯшии сиёсатмадорони ғарбӣ ва ниҳодҳои урупоӣ" ва имтиноъи онҳо аз баррасии "фаъъолиятҳои пархошгаронаи тундравҳо" донистааст.
Норинҷакҳои дудзо
Эътирозот дар Укройн дар моҳи ноябр пас аз он оғоз шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, ба ҷойи имзои паймони тиҷорати озод бо Итиҳодияи Урупо эълом кард қасд дорад равобити иқтисодӣ бо Русияро густариш диҳад.
Нооромиҳо пас аз он ки муътаризон рӯзи якшанбе аз сохтмонҳои давлатии ишғолкардаашон дар ивази тасвиби қонуни афв аз суи давлат хориҷ шуданд, фурӯкаш кард.
Аммо таҷаммуъоти тарафдорони мухолифин дар хиёбону майдонҳо ҳамчунон идома дошт ва мухолифон, ки хостори истеъфои раиси ҷумҳур ҳастанд, ба давлат ҳушдор доданд, ки агар хостҳои онҳоро бароварда накунад, бо хатари афзоиши таниш рӯбарӯ хоҳад шуд.
Имрӯз, сешанбе даҳҳо ҳазор нафар тазоҳуркунандагон хостанд ба суи сохтмони порлумон роҳпаймоӣ кунанд, аммо пулис бо қарор додани васоили нақлия дар масири ҳаракати онҳо монеъи ин иқдомашон шуд.
Бархеҳо ба суи пулис санг партоб карданд ва бархе дигар ҳам ба суи пулис куктейл Мулутуф партоб карданд. Пулис дар вокуниш ба партоби норинҷаки дудзо ва шиллики гулӯла мутавассил шуд.
Муътаризон ҳамчунин ба дафтари Ҳизби Манотиқ, ҳизби ҳокими тарафдори оқои Янукович ҳамла карданд, аммо тавассути пулис ба ақаб ронда шуданд.
Мақомоти умури изтирорӣ гуфтаанд, пас аз ҳамла ҷасади фарде дар яке аз утоқҳои дафтари ҳизб, ки дастхуши оташсӯзӣ шуда, пайдо шудааст.
Ҷасади се нафари дигар дар сохтмоне наздик ба порлумон пайдо шудааст. Шуморе аз кормандони пизишкӣ, ки дар бимористонҳои сайёри мухолифон кор мекунанд, низ ҳамин теъдод аз қурбониёнро таъйид кардаанд.
Се ҷасади дигар ҳам дар яке аз хиёбонҳо дида шудаанд.
Гузориш мешавад, ки даҳҳо нафар фарди муътариз ва нерӯҳои амниятӣ маҷруҳ шудаанд.
Раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва вазорати кишвар ба муътаризон то соъати 18 ба вақти маҳаллӣ муҳлат додаанд то ба даргириҳо поён диҳанд ва гуфтаанд пас аз сипарӣ шудани ин муҳлат "аз тамоми роҳҳои имконпазир" барои поён додан ба даргирӣ истифода хоҳанд кард.
Пулис низ ба майдони Истиқлол, урдугоҳи асосии тазоҳурот аз моҳи ноябр наздик шудааст. Тамоми метруи Киев таълиқ шудааст.
Пештар имрӯз замоне ки мухолифон мехостанд тарҳи қатъномаи худ дар бораи баргашт ба қонуни асосии соли 2004-ро ба порлумон ироа диҳанд, миёни намояндагони порлумон мушоҷара сурат гирифт.
Арсений Ятсенюк, яке аз раҳбарони мухолифон гуфт президент Янукович монеъи ин иқдом шудааст. Ӯ афзуд аъзои ҳизби оқои Янукович " ҳиҷ тамоюле аз худ барои ҳалли буҳрон нишон намедиҳанд."
Баргашт ба қонуни асосии соли 2004 бадин маъно аст, ки оқои Янукович бархе аз ихтиёротро, ки пас аз интихобаш дар соли 2010 ба даст овард, аз даст медиҳад, аз ҷумла таъини нахуствазир ва бисёре аз аъзои кобина. Ин амр ҳамчунон метавонад заминаро барои баргузории интихоботи қабл аз мавъид фароҳам кунад.
Намояндагони тарафдори раиси ҷумҳур мегӯянд ин пешниҳод ба сурати муносиб баррасӣ нашудааст ва барои ин ба вақти бештаре ниёз аст.
Володимир Рибак, раиси порлумон гуфтааст, раҳбарони мухолифон бомдоди рӯзи чаҳоршанбе бо раиси ҷумҳур гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар таҳаввули дигар вазорати молияи Русия эълом доштааст, ки ҳафтаи ҷорӣ Русия ду миллиёрд аз воми ваъдагиро ба Укройн ироа хоҳад дод.
Дар моҳи декабр Маскав ба Укройн ваъда кард, ки барои иқтисоди Укройн 15 миллиёрд дуллор тахсис хоҳад дод.
Кремлин пас аз истеъфои Микола Азаров, нахуствазири пешини Укройн дар моҳи гузашта ишора карда буд, ки то замони таъини нахуствазири қобили қабул барои худ, ироаи воми ваъдашударо таълиқ мекунад.
