Афви гурӯҳе аз муътаризон дар Укройн

  • 17 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Бахше аз мавонеъи хиёбонии муътаризон барои муқобила бо пулиси зиддишӯриш дар Киев, пойтахт, барчида шудааст

Гузоришҳо аз Укройн ҳокӣ аз коҳиши таниши байни давлат ва муътаризон аст. Муътаризон сохтмони шаҳрдории Киевро ба давлат пас додаанд. Дар муқобил, давлат низ бо афви 234 фаъъоли сиёсӣ мувофиқат кардааст.

Вазири додгустарии Укройн якшанбеи 16 феврал эълом кард, ки қонуни афви гурӯҳе аз фаъъолони сиёсӣ, ки дар эътирозоти се моҳи гузашта боздошт шуда буданд, аз рӯзи душанбе ба иҷро гузошта мешавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мухолифон ба таъаҳҳуди худ мабнӣ бар хориҷ шудани теъдоде аз сохтмонҳои давлатӣ, аз ҷумла сохтмони шаҳрдории Киев, ки дар кунтрули онҳо будааст, амал кардаанд.

Бар асоси пешшарти давлат муътаризон ҳамчунин мавонеъи худ дар яке аз хиёбонҳои аслии шаҳри Киевро барчидаанд.

Афви эъломшуда дарбаргирандаи 234 нафар аст, ки байни рӯзҳои 27 декабри 2013 то 2 феврали 2014 дастгир шуда буданд. Ба ин тартиб, парвандаи пайгарди қазоии ин афрод махтума (баста) мешавад.

Дар даргириҳои нерӯҳои амниятӣ ва муътаризон тайи моҳҳои декабри 2013 то феврали 2014 ҳадди ақал шаш нафар кушта ва садҳо нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва муътаризон захмӣ шуданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд тавофуқи рӯзи якшанбе ҳокӣ аз оғози раванди коҳиши таниши байни ду ҷиноҳи даргири сиёсии Укройн аст.

Мухолифон субҳи рӯзи якшанбе аз сохтмони шаҳрдории Киев ва чанд сохтмони давлатии дигар хориҷ шуданд.

Ин дарҳолест, ки раҳбарии муътаризон ҳамчунон хоҳони канорагирии Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, аст.

Интизор меравад, ки мухолифони давлат ин ҳафта дар порлумон талош кунанд, ки қонуни асосии соли 2004-ро эҳё кунанд.

Дар ин сурат қудрати раиси ҷумҳурӣ маҳдуд ва интихоботи раёсати ҷумҳурии зудрас баргузор хоҳад шуд.

Буҳрони сиёсии Укройн дар моҳи ноябри соли 2013 ва пас аз он оғоз шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурӣ, бо барномаи дарозмуддати пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо ба нафъи иртибототи наздиктар бо Русия мухолифат кард.

Аз он замон то ба ҳол ин кишвар дастхуши тазоҳурот ва эътирозоти густарда будааст.

Хиёбонҳои Киев дар ин муддат саҳнаи даргириии шадиди пулис ва муътаризони хашмгине шуд, ки хоҳони баргузории интихоботи зудрас буданд.

Ин нооромиҳо сабаби иттиҳоди раҳбарони ҷиноҳи тарафдори Иттиҳодияи Урупо ва аҳзоби миллигарои ифротӣ дар мухолифат бо давлат шуд ва вокуниши шадиди Омрико ва Иттиҳодияи Урупоро дар пай дошт, ки "саркӯби" эътирозоти мусолиматомез тавассути пулис ва нерӯҳои амниятиро башиддат маҳкум карданд.

Мақомҳои Русия низ дар муқобил Ғарбро ба талош барои дахолат дар умури дохилии Укройн муттаҳам кардаанд.

Матолиби муртабит