Русия ба муътаризони укройнӣ: Аз таҳдид даст кашед
Image copyrightAFPРусия аз мухолифони давлати Укройн хост, то ба "ултимотум додан ва таҳдид кардан" хотима диҳанд ва дар музокира бо давлат ҷидият ба харҷ диҳанд.
Вазорати хориҷаи Русия аз нигаронии ин кишвар мабнӣ бар талоши мухолифон дар "мултаҳаб" (фурӯзон) кардани авзоъ сухан гуфт.
Мухолифон ҳамчунин хоҳони канорагирии Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, аз симаташ ҳастанд.
Оқои Янукович баъд аз чаҳор рӯз, ки ба хотири беморӣ дар маҳалли кораш зоҳир намешуд, дубора ба сари кор бозгаштааст.
Иттиҳодияи Урупо ва Омрико дар назар доранд то ба кившари мақруз (қарздор)-и Укройн вомҳои бузург бидиҳанд.
Яке аз сухангӯёни Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, гуфт: "Мо ба дунболи ёфтани роҳҳое ҳастем, ки ба Укройн дар замони буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ кумак кунем."
Дар бораи ҷузъиёти роҳҳои кумак ба Укройн тавзеҳе дода нашуда, аммо ҳам Иттиҳодияи Урупо ва ҳам Омрико кумак ба ин кишвари урупоиро манут ба "ислоҳоти воқеъӣ" кардаанд.
Русия соли гузашта ваъдаи пардохти воме 15-милёрддулориро ба Укройн дода буд, аммо бо истеъфои нахуствазир ва ҳайъати давлат, Русия пардохти вомро ба замоне баъд аз ташкили давлати баъдӣ дар ин кишвар мавкул кард.
"Печида кардани авзоъ"
Дар ноябри соли гузашта буд, ки раиси ҷумҳурии Укройн тасмим гирифт ба ҷойи бастани қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо воме аз Русия дарёфт кунад. Ин тасмим ҷарақаи эътирозҳоро дар ин кишвар рӯшан кард.
Дар моҳи январ қонуне алайҳи тазоҳурот дар ин кишвар ба тасвиб расид, ки танҳо ба хобондани оташи эътирозҳо кумаке накард, балки онро шуълавар кард ва ба кушта шудани иддае мунҷар шуд.
Ин тавофуқ сипас лағв шуд.
Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар хиёбонҳои Киев, пойтахти Укройн, ба хиёбонҳо рехтанд ва раҳбаронашон хоҳони кумакҳои ҷаҳонӣ шуданд.
Рӯзи душанбе вазорати хориҷаи Русия ба ин иттифоқ вокуниш нишон дод ва дар баёнияе иқдоми мухолифонро "печида кардани" авзоъ хонд. Он ҳам танҳо чанд рӯз пас аз кунфронсе, ки дар Муних барои баррасии авзоъи Укройн баргузор шуд.
Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки аз мухолифон интизор дорад, то ба "таҳдид ва ултимотум" поён диҳанд ва аз онҳо хост то дар гуфтугӯ бо мақомҳои кишварашон ба роҳи ҳалле қонунӣ барои берун овардани кишварашон аз буҳрон бирасанд
Рӯзи сешанбе порлумони Укройн ба баррасии роҳҳое мепардозад, то битавонанд афви густардатареро шомили ҳоли мухолифони дар банд кунанд.
Онҳо ҳамчунин ба дунболи пайдо кардани роҳе ҳастанд, то бо тағйири дубораи Қонуни асосии Укройн, аз ихтиёроти раиси ҷумҳурӣ бикоҳанд.
