Порлумони Укройн пешниҳоди афви муътаризони боздоштиро тасвиб кард

  • 30 Январ, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Намояндагони ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолиф мавозеъи комилан мутафовите дар мавриди пешниҳоди афв иттихоз карданд

Порлумони Укройн дар талош барои поён додан ба чанд ҳафта буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар яке аз хостаҳои мухолифонро бароварда кардааст.

Бомдоди панҷшанбеи 30 январ гузориш шуд, ки порлумони Укройн пас аз як ҷаласаи тӯлонӣ ба пешниҳоди раиси ҷумҳурии ин кишвар барои афв ва озодии машрути муътаризон ва фаъъолони сиёсии мухолифи давлат раъйи мувафиқ дод, то ба ин тартиб роҳро барои дастёбӣ ба мусолиҳаи сиёсӣ ҳамвор созад.

Намояндагони ҳизби ҳокими "Ҳизби манотиқ" дар порлумони Укройн ба ин пешниҳод раъйи мусбат доданд, аммо намояндагони мухолифи давлат аз ширкат дар раъйгирӣ худдорӣ варзиданд.

Бар асоси мусаввабаи порлумон, озодии боздоштиён машрут ба он аст, ки аҳзоби мухолиф аз тарафдорони худ бихоҳанд тамомии сохтмонҳои давлатиро, ки дар ишғол доранд, тахлия кунанд, аммо аҳзоби мухолиф "озодии машрути" боздоштиёнро қобили қабул надонистаанд. Бахусус тарафдорони аҳзоби ростгарои тундрав ҳар гуна мусолиҳа бо давлати кунуниро рад карда ва аз ҳаводорони худ хостаанд амокинеро, ки дар тасарруф доранд, ҳамчунон ҳифз кунанд ва омодаи муқобила бо нерӯҳои пулис бошанд.

Тайи ду рӯзи ахир ин дувумин талоши Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, барои поён додан ба ҳудуди ду моҳ нооромии сиёсӣ ва ҳаракати эътирозӣ дар ин кишвар аст.

Рӯзи сешанбе Николай Азаров, нахуствазири Укройн, ки аз диди бархе аз мухолифон, ҳомии шиддати амал алайҳи муътаризон маҳсуб мешуд, аз симати худ канора гирифт ва соъоте баъд порлумони ин кишвар қонунеро, ки ҳудуди ду ҳафта пештар барои маҳдуд кардани ҳаққи тазоҳурот ва таҷаммуъоти эътирозӣ тасвиб карда буд, ба пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ лағв кард.

Аз чанд ҳафта пеш тазоҳуркунандагон зимни ишғоли шуморе аз сохтмонҳои давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз фаъъолияти маъмули онҳо дар бархе аз нуқоти Киев, пойтахт, низ таҷаммуъ карда ва бо эҷоди мавонеъ ва сангарҳои хиёбонӣ монеъ аз иқдомт пулис барои пароканда кардани таҷаммуъкунандагон шудаанд.

Давлати Укройн таъкид дошта, ки ба ҳеҷ сурат барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон ба хушунат мутавассил намешавад, бо ин ҳама, даргириҳои хиёбонӣ то кунун се кушта бар ҷой гузоштааст.

Ширкаткунандагон дар густардатарин эътирози зиддидавлатӣ аз замони истиқлоли Укройн аз Шӯравии собиқ дар соли 1991 хостори канорагирии раиси ҷумҳурӣ ҳастанд ва муътақиданд, ки бояд дар нигариши сиёсати ин кишвар бавижа дар заминаи равобити хориҷи тағйири асосӣ эҷод шавад.

Равобити хориҷӣ ва буҳрони дохилӣ

Буҳрони сиёсии Укройн ҳудуди ду моҳ пеш ва замоне оғоз шуд, ки давлат эълом кард моил ба густариши равобити ин кишвар бо Иттиҳодияи Урупо ва заминасозӣ барои узвияти оянда дар ин иттиҳодия нест ва ба ҷойи он тарҷеҳ медиҳад равобити суннатии иқтисодӣ ва тиҷории худро бо Русия тақвият кунад. Давлати Русия низ эълом кард ба манзури кумак ба ҳалли мушкилоти иқтисодии Укройн эътиборе ба маблағи понздаҳ милёрд дулорро дар назар гирифтааст.

Image copyrightReuters
Image caption Аҳзоби мухолиф аз муътаризон хостаанд ҳамчунон сангарҳои худро ҳифз кунанд

Эъломи тағйири ҷиҳат дар равобити хориҷии Укройн бо эътирози аҳзоби мухолифи давлат мувоҷеҳ шуд, ки таъкид доштанд пешрафти сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар дар оянда лозим бар дурӣ аз Русия ва иттиҳоду ҳамкори наздиктар бо Урупои Ғарбӣ аст.

Мухолифон ба манзури фишор бар раиси ҷумҳурӣ барои тағйири тасмими ӯ як ришта тазоҳуроти хиёбониро созмон доданд, ки ба тасарруфи теъдоде аз сохтмонҳои идории давлатӣ ва таҷаммуъ дар нуқоте аз пойтахт мунҷар шуд.

Агарчи ҳаракати эътирозӣ дар ибтидо маҳдуд ба маркази шаҳри Киев буд, аммо изҳороти нахуствазири мустаъфӣ дар ин маврид, ки эътирози зиддидавлатӣ аз сӯйи маъдуде аз шаҳрвандон ҳимоят мешавад ва тағйир дар тасмими давлат намедиҳад, боъиси густариши эътирозот ба бархе дигар аз нуқоти кишвар низ шудааст. Бахусус аз ҳудуди даҳ рӯз пеш тазоҳуркунандагон бо маъмурони пулис даргир шудаанд, ки натиҷаи он боздошти теъдоде аз муътаризон будааст.

Нооромии сиёсӣ дар Укройн ба таври мустақим вориди рақобати байни қудратҳои бузурги урупоӣ низ шудааст ва Иттиҳодияи Урупо дар иқдоме, ки ба ҳимоят аз муътаризон таъбир шуда, хостори нармиши давлат дар баробари мухолифон ва талош барои мусолиҳаи байни ду тараф будааст.

Дар муқобил, Русия аз давлати оқои Янукович ҳимоят мекунад ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии русия зоҳиран барои таъкид бар тавоноии худ дар эъмоли нуфуз дар шароити сиёсии Укройн, рӯзи сешанбе ва пас аз истеъфои оқои Азаров гуфт, ки эътои эътибори понздаҳмилёрдулории худ ба Укройнро то ташкили давлати баъдӣ ба таълиқ меандозад. Оқои Путин дар рӯзи сешанбе бо мақомоти Иттиҳодияи Урупо мулоқот кард ва талош барои ҳаллу фасли буҳрони сиёсии Укройн мавзӯъи аслии музокиротро ташкил медод.

.

Матолиби муртабит