Идомаи тазоҳурот дар Укройн ба рағми пешниҳоди нахуствазирӣ ба мухолифон

  • 26 Январ, 2014
Раҳбарони мухолифони УкройнImage copyrightReuters
Image caption Раҳбарони мухолифон мегӯянд ба музокироти худ идома медиҳанд

Раҳбари мухолифони давлат дар Укройн гуфтааст, ки ба рағми пешниҳоди мақоми нахуствазирӣ ба у тазоҳурот алайҳи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии ин кишвар идома меёбад.

Ба гуфтаи Арсений Ятсенюк, раҳбари ҳизби Сарзамини падарӣ мухолифон барои ба даст гирифтани раҳбарии давлат омодагӣ доранд, вале хоҳони бароварда шудани чанд пешшарти худ аз ҷумла баргузории интихоботи ҷадид ҳастанд.

Ҳамзамон задухӯрд миёни мухолифон ва нерӯҳои амниятӣ дар Киев идома дорад.

Даргирӣ замоне оғоз шуд, ки гурӯҳе аз мухолифон бо норинҷаки савтӣ ва куктейл Мулутуф ба сохтмони маҳалли истиқрори пулиси зиддишӯриш ҳамла карданд.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн барои поён додан ба нооромиҳо дар ин кишвар илова бар пешниҳоди симати нахуствазирӣ ба Арсений Ятсенюк, омодагии худро барои интисоби Виталий Кличко, аз дигар раҳбарони мухолифон ба симати муъовинати нахуствазир эълом кардааст.

Ин пешниҳодҳо пас аз музокироти ӯ ва раҳбарони мухолифон дар рӯзи шанбе ироа шуд.

Раҳбарони мухолифон, ки шанбешаб дар миёни ҳаводорони худ дар маркази Киев суханронӣ мекарданд, бидуни ишора ба посухи худ ба ин пешниҳод, бар пешшарти худ таъкид карданд.

Ба гуфтаи оқои Кличко мухолифон ба музокира бо давлат идома медиҳанд ва ҳамзамон бар бароварда шудани хостаҳо пофишорӣ хоҳанд кард.

Нооромиҳои Укройн аз ду моҳи қабл оғоз шуд, аммо ҳафтаи гузашта бо кушта шудани чанд нафар шиддат гирифт.

Ҳафтаи гузашта ду тан аз муътаризон дар даргирӣ дар хиёбоне дар наздикии майдони истиқлоли Киев ба зарби гулӯла кушта шуданд.

Image copyrightReuters
Image caption Гурӯҳе аз мухолифон ба маҳали истиқрори пулиси зиддишӯриш ҳамла карданд

Мухолифон хоҳони тасвиби тафоҳумномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо ва озодии зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Юлия Тимошенко, нахуствазири асбақи ин кишвар ҳастанд.

Онҳо ҳамчунин хоҳони баргузории зудҳангоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.

Ин интихобот қарор аст соли 2015 баргузор шавад.

Виктор Янукович қарор аст сешанбе дар ҷаласаи изтирории порлумони Укройн суханронӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол доманаи хушунатҳо ба хориҷ аз Киев, пойтахт ҳам сироят кардааст.

Дар баъзе аз шаҳрҳои Укройн ба вижа дар ғарб, ки аз дер боз хостори пайвастан ба Урупо будааст, муътаризон баъзе аз сохтмонҳои давлатиро барои муддати кӯтоҳе ишғол карданд.

Дар шаҳри ғарбии Ивано-Франковск ҳудуди 1500 нафар аз тазоҳуркунандагон дафтари идораи умури шаҳрро ба ишғол дароварданд.

Дар Черновтси, шаҳри дигаре дар ғарб ҷамъият ба дафтари фармондор ҳамла бурданд, ки бо муқовимати пулис рӯбарӯ шуданд.

Дар шаҳрҳои дигари Укройн ҳам гузоришҳое аз тазоҳуроти зидидавлатӣ ба даст мерасад.

Матолиби муртабит