Ҳавиҷ ва чумоқи русӣ барои Укройн

  • 26 Декабр, 2013
Image caption Бисёре дар шарқи Укройн аз Янукович ҳимоят мекунанд

Давлати Русия барои пайвастани Укройн ба иттиҳодияи гумрукӣ ба раҳбарии Русия ва инсироф аз имзои мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ин кишварро таҳти фишори зиёде қарор дод ва ба ҳамин манзур Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия чанд рӯз пеш бо Виктор Янукович ҳамтои укройнии худ мулоқот ва гуфтугӯ кард.

Аз назари оқои Путин рақобат муҳимтарин ангеза барои равобити байналмилалӣ аст ва сиёсати ӯ дар қиболи Укройн низ бар асоси ҳамин масаъла аст.

Ин мавзуъ меҳвари аслии суханронии ҳафтаи гузаштаи оқои Путин дар порлумони Русия буд, ки хитоб ба миллати Русия эрод шуд. Оқои Путин муътақид буд, ки руқабои аслӣ "воҳидҳои бузурги жиюпулитик" ё ба иборате Омрико, Чин ва Урупо ҳастанд, агарчӣ Урупо ҳанӯз ба сурати як бозигари тамом айёри истротежик дарнаёмадааст.

Дар ин қолаб Русия яке аз маъдуд бозигарони мустақили муҳим аст, ки бояд барои рақобати муваффақиятомез бо эҷоди як Иттиҳодияи сиёсӣ-низомии осиёӣ-урупоӣ пояи қудрати худро таҳким бахшад.

Ба ақидаи оқои Путин Русия илова бар ин ки як воҳиди истротежик аст дорои тамаддуни ҷудогона аст, ки бо чандин кишвари дигар аз ҷумла Укройн ва Белорус дар он саҳим аст. Ин тамаддун, ки ҳам урупоӣ аст ва ҳам масеҳӣ сирфан густариши содаи Урупои Ғарбӣ ё Иттиҳодияи Урупо нест.

Муттаҳидони Шуравии собиқ

Буҳрони молии ҷаҳонӣ сабаб шуд, ки оқои Путин пружеи идғоми иқтисодии осиёӣ-урупоиро, ки иҷрояш муддатҳо ба таъхир афтода буд, дубора ба ҷараён биандозад.

Image caption Дар нуқоти мухталифи дунё аз ҷумла дар Ландан дар ҳимоят аз мардуми Укройн таҷаммуъоте баргузор шуд

Дар соли 2009 Русия бо иштиёқи фаровон фаъолият барои эҷоди як Иттиҳодияи гумрукӣ бо Белорус ва Қазоқистонро шуруъ кард. То соли 2012 ин Иттиҳодия инсиҷоми бештаре ёфт ва ин се кишвар ба сурати як фазои иқтисодии воҳид даромаданд. Акнун ҳадафи эҷоди як Иттиҳодияи иқтисодии урупоӣ-осиёӣ то соли 2015 аст.

Ду ҷумҳурии дигар аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии собиқ, яъне Арманистон ва Қирғизистон низ дархост кардаанд ба раванди идғом бипайванданд, вале таъсири воқеии ин Иттиҳодия ҳангоме аст, ки Укройн бо 46 миллиюн нафар ҷамъият ва доштани дувумин иқтисоди бузурги минтақа (пас аз Русия) ба он мулҳақ шавад ва нерӯи инсонии қобили таваҷҷуҳеро, ки оқои Путин ба дунболи он аст, дар як ҷо гирд оварад.

Бар хилофи тасаввури умумӣ ин оқои Путин набуд, ки таҳримҳоро шуруъ кард. Ӯ ваъдаи имтиёзоти зиёдеро ба Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн дода буд, ки аз ҳама муҳимтар пешниҳоди коҳиши қимати гоз, пружеҳои ҳамкориҳои санъатӣ дар миқёси бузург ва эътои вом бо шароити осон буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардуми Русия ва Укройн ҳар ду аз нажоди ислов ва умдатан аз масеҳиёни уртудукс ҳастанд ва укройниҳо дар давраи имперотурии тазории Русия ва сипас Иттиҳоди Шуравӣ нақши муҳиммеро ифо карда буданд, навъе ваҳдати маънавӣ байни ду миллат вуҷуд дошт ва пешниҳоди оқои Путин дар ҳақиқат ба манзалаи даъват аз миллати Укройн буд, ки як бори дигар бо миллати Русия ҳамкоса шаванд.

Вале тамоми нухбагони Укройн таваҷҷуҳи худро амалан бар як пружеи комилан миллӣ муттамаркиз кардаанд, ки муҳимтарин асли он истиқлоли Укройн аз Русия аст.

Оқои Янукович ва Микола Азаров, нахуствазири Укройн ва тамоми сармоядорони муҳими бахши шарқии Укройн, ки аз ин ду шахсият ҳимоят мекунанд, бо ҳифзи равобити бозаргонӣ бо Русия мухолифате надоранд, бахусус аз ҳангоме ки бисёре аз колоҳои содиротии Укройн бозори дигаре ҷуз Русия надорад. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ бо идғом дар Русия мувофиқ нестанд. Ин идғом сабаб мешавад, ки онҳо аз қудрат ва низ фаъолиятҳои бозаргонӣ канор гузошта шаванд.

Аҳзоби ҳоким дар ин минтақа низ вазъи мавҷудро тарҷеҳ медиҳанд. Вале аксарияти омма ва мухолифони давлати Укройн хостори ҳаракат дар ҷиҳати пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо ҳастанд.

Ба ҳамин ҷиҳат буд, ки Киев эълом кард бо вуҷуди ин ки мехоҳад равобити тиҷории худ бо Русия, ки дар он имтиёзоте ба Укройн дода шударо ҳифз кунад, дар назар дорад мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупоро имзо кунад.

Намои қудрати Русия

Оқои Путин ин нуктаро барои Укройн рӯшан кард, ки наметавонад дар айни ҳол ҳам аз имтиёзоти дӯстӣ бо Русия ва ҳам Иттиҳодияи Урупо баҳраманд шавад ва бояд яке аз ин дуро интихоб кунад. Ӯ ҳамчунин тасмим гирифт ба Укройн нишон диҳад, ки рад кардани пешниҳоди ӯ ва рӯй овардан ба Ғарб чӣ ҳазинае барои Укройн хоҳад дошт.

Бозрасони вазорати беҳдошти Русия эълом карданд, ки шукулотҳоии воридотӣ аз Укройн аз назари риояти усули беҳдоштӣ холӣ аз ишкол нест. Маъмурони гумрукии Русия ҳам суръати рафтуомади марзиро коҳиш доданд ва Газпром, ғули энержии Русия бидеҳии калони ширкати укройнии "Нафтогаз"- ро ба ин ширкат ёдовар кард.

Ин тадобир умдатан эъломи хатаре ба Укройн буд, мабнӣ бар ин ки чунончӣ мавонеъи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупоро аз сари роҳ бардорад, Русия аз манофеъи иқтисодии худ дифоъ хоҳад кард. Вале ин тадобир дар асл ба ин далел иттихоз шуда буд, ки ба раҳбарони Укройн тафҳим кунад, ки дар сурате ки бихоҳанд ба ҷои Шарқ ба Ғарб рӯй биёваранд, то чӣ ҳад мутазаррир хоҳанд шуд.

Тасмими моҳи гузаштаи оқои Янукович барои таълиқи музокира бо Иттиҳодияи Урупо нишондиҳандаи муассир будани токтики Русия буд. Агарчӣ тазоҳуроти густарда дар Киев сабаб шуд, ки авзоъ бар вифқи муроди оқои Путин пеш наравад.

Кохи Кремлин, ки муътақид аст нисбат ба он чӣ дар Укройн рух медиҳад хештандорӣ нишон медиҳад, аз Иттиҳодияи Урупо ба далели он чӣ ки онро мудохилаи ошкор дар Укройн медонад хашмгин аст.

Тазоҳурот дар Киев нишон дод, ки аъм аз ин ки имтиёзоте ки Русия ба Укройн медиҳад, то чӣ андоза бошад, укройниҳо ҳамчунон ба дунболи роҳе барои хуруҷ аз мадори Русия хоҳанд буд.

Идғоми Укройн дар шакли кунунӣ, яъне на ба шакле, ки руъёи оқои Путин аст, як муъомилаи бисёр бад барои Русия хоҳад буд. Дар ҳоле ки чунончӣ Иттиҳодияи Урупо ба мудернтар шудани Укройн, ки ҳам барои Иттиҳодияи Урупо ва ҳам Укройн ҳазинаи зиёде дар бар хоҳад дошт, кумак кунад, мунтафеъи аслӣ Русия хоҳад буд.

Дар сурати таҳаққуқи ин амр барои Русия Укройн ҳамсояе хоҳад буд, ки комилан қобили пешбинӣ аст ва Русия бидуни пардохтани ҳатто як рубл, фурсатҳои беҳтаре барои доду ситад бо ин кишвар хоҳад дошт. Зарари оқои Путин дар кӯтоҳмуддат барои Русия манофеъи дарозмуддат хоҳад дошт.

Матолиби муртабит