Пулис дар Укройн аз марокизи таҷаммуъи мухолифон ақибнишинӣ кард

Мақомҳои Укройн мегӯянд пулис дар Киев, пойтахти ин кишвар аз манотиқе, ки муътаризон даст ба тазоҳурот зада буданд, ақибнишинӣ кардааст.
Муътаризоне, ки шаҳрдории Киевро ишғол кардаанд, барои ҷилавгирӣ аз вуруди пулис ба ин сохтмон рӯйи сари онҳо оби ях рехтанд.
Пулис ҳамчунин аз майдони Истиқлоли Киев, ҷое ки муътаризон дар он чодар задаанд, хориҷ шудааст.
Даргирӣ миёни пулис ва муътаризон дар шаби гузашта захмиҳо дар ҳар ду тараф бар ҷой гузошт.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико аз истифода аз зӯр алайҳи муътаризон ибрози инзиҷор карда ва хоҳони хештандорӣ шудааст.
Витуриё Нулонд, намояндаи оқои Керрӣ ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо аз майдони истиқлоли Киев боздид ва бо муътаризон гуфтугӯ кардаанд. Хонуми Аштун бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн низ дидор кардааст.
Виталий Захарченко, вазири кишвари Укройн гуфтааст, ки барои мутафарриқ кардани муътаризони чодарнишин дар майдони Истиқлол зӯр ба кор нахоҳад рафт.
Ин дар ҳоле аст, ки шаби гузаштаи пулис талош кард ин афродро аз маҳалли таҷаммуъи онон мутафарриқ кунад.
Иқдоми пулис ба вокуниши муътаризон ва даргирӣ байни ду тараф мунҷар шуд.
Бо дархости мухолифон гурӯҳҳои бештаре аз мардуми Укройн ба суфуфи муътаризон пайвастанд.
Муътаризон алайҳи пулис ва мақомҳои баландпояи кишвар шиори доданд ва дар даргириҳо ҳаддиақал 9 нафар боздошт шуданд.
