Руасои ҷумҳури Укройн буҳронро баррасӣ хоҳанд кард

  • 10 Декабр, 2013

Қарор аст Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии Укройн бо руасои ҷумҳури қаблии ин кишвар дидор ва мавзӯъи буҳрони кунунӣ дар кишварашро, ки бо имзо накардани мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо оғоз шуд, баррасӣ кунад.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки маъмуроне бо либосҳои пулиси зиддишӯриш дар Киев чодарҳои муътаризонро аз муқобили сохтмоноҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда ва чодарҳои муътаризон танҳо дар майдони марказии пойтахт боқӣ мондаанд.

Ҳамзамон ҳизби “Сарзамини падарӣ” яке аз аҳзоби аслии мухолифи давлат эълом кардааст, ки маъмурони нерӯҳои вижа ба дафтари ҳизб ворид шудаанд ва компутерҳоро бо худ бурдаанд.

Сойти интернетии як ҳизби мухолифи дигар ҳам аз кор уфтода ва гузоришҳое аз бурузи ҳамалоти сайберӣ алайҳи расонаҳои онлойн мунташир шудааст.

Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии Укройн, ки ба Русия наздик аст пештар барои гуфтугӯ бо мухолифон ибрози омодагӣ карда буд.

Муътаризон хоҳони истеъфои давлат, баргузории интихоботи тоза ва наздик шудан ба Иттиҳодияи Урупо ҳастанд.

Барчидани чодурҳо пас аз ҳафтаҳои эътирозот оғоз шуд.

Интизор меравад Кэтрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урпо вориди Киев бишавад.

Хонуми Аштун бо мақомоти давлатӣ, раҳбарони мухолифон ва ҷомеъаи мадании Укройн мулоқот хоҳад кард. Ӯ дар иттилоъияи худ ҳадафи сафарашро “кумак барои раҳоӣ ёфтан аз бӯҳрони сиёсӣ” унвон кардааст.

Дидори Виктор Янукович бо руасои ҷумҳури қаблӣ дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки се раиси ҷумҳурии қаблии Укройн аз эътирозҳои зиддавлатӣ ҳимоят кардаанд.

Рӯзи панҷуми декабр вебсойти расмии ҳизби Виктор Юшенко гузориш додааст, ки ӯ, Леонид Кравчук ва Леонид Кучма бо эътирозҳои мусолиматомез "эъломи ҳамбастагӣ" кардаанд.

Матолиби муртабит