Юриши мухолифони давлат дар пойтахти Укройн ба Шӯрои шаҳр

Тазоҳуркунандагон дар Укройн ба сохтмони Шӯрои шаҳри Киев, пойтахт, ҳамла кардаанд.
Бар асоси гузоришҳо пулис дар атрофи маҳалли ин сохтмон таҷаммуъ карда, аммо ҳанӯз иқдоме анҷом надодааст.
Багуфтаи хабарнигори Бибисӣ дар Киев бархе аз шишаҳои сохтмони Шӯрои шаҳр шикаста шудааст.
Аз субҳи имрӯз ҳазорҳо тазоҳуркунандаи укройнӣ дар идомаи мухолифат бо сиёсатҳои давлат дар робита бо Иттиҳодияи Урупо бори дигар дар хиёбонҳои Киев, пойтахт гирди ҳам омадаанд.
Дирӯз, шанбе (30 ноябр) Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Укройн, ки зиндонӣ аст, дар паёме ки тавассути духтараш дар ҷамъи мухолифони давлат хонда шуд, аз мардуми кишвараш хост, ки бо мошин , ҳавопаймо ё пойи пиёда аз тамоми нуқоти Укройн ба пойтахт биёянд ва имрӯз, якшанбе (аввали декабр), гирди ҳам омада ва даст ба тазоҳурот бизананд.
Хонуми Тимошенко аз мардум хостааст, ки то сарнагунии давлат аз талош даст барнадоранд.
Ҳамзамон раҳбарони аҳзоби мухолифи Укройни хостори баргузории интихоботи зудҳангом дар ин кишвар шуданд.
Мухолифон мегӯянд, ки "марокизи муқовимати миллӣ" ташкил медиҳанд ва баргузории як эътисоби умумиро тартиб хоҳанд дод.
Тазоҳуркунандагон ба имтиноъи раиси ҷумҳури Укройн аз имзои таовфуқномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо эътироз доранд.
Мухолифони оқои Янукович мегӯянд иқдоми ӯ руъёи Укройн барои наздиктар шудан ба Урупоро аз байн бурдааст.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳурии Укройн мегӯяд талош хоҳад кард, то раванди наздикии Укройн ба Иттиҳодияи Урупоро тасреъ кунад.
Изҳороти оқои Янукович, ки аз суи дафтари равобити умумии раёсати ҷумҳурӣ мунташир шудааст, дар ҳоле эълом шуда, ки мухолифони сиёсатҳои вай ба тазоҳуроти худ дар Киев, пойтахт, идома додаанд.
Раиси ҷумҳурӣ дар айни ҳол гуфтааст аз ин ки алайҳи муътаризони сиёсатҳои ӯ хушунат ба кор гирифта шуда, хашмгин аст. Вай таъкид карда, ки дар бораи хушунатҳои пойтахти Укройн таҳқиқ хоҳад кард.
Пештар даҳҳо нафар аз муътаризон дар асари заработи ботуми пулис ва низ шиллики гози ашковар осеб диданд.
Раиси пулиси Укройн низ аз ин хушунатҳо ибрози таассуф кардааст.
Саҳаргоҳи рӯзи шанбе, сиюми ноябр, пулиси Укройн бо тавассул ба зӯр тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар майдони истиқлоли пойтахтро барҳам зад.
Ҳамзамон Ҷефрӣ Пойот, сафири Омрико дар Укройн "хушунат алайҳи афроде, ки дар тазоҳуроти сулҳомез ширкат карда буданд"ро маҳкум кардааст.
Намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат баъд аз барҳам хӯрдани тазоҳурот, ки бо тавассул ба зӯр аз ҷониби пулис рӯй дод, як ҷаласаи изтирорӣ ташкил доданд.
Яке аз раҳбарони мухолифони давлат ба хабарнигорон гуфтааст, ки аҳзоби мухолиф хостори канорагирии вазири кишвар ва муҳокимаи ӯ ҳастанд.
Пас аз он ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн дар иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюси Литунӣ, аз имзои як мувофиқатномаи тиҷорӣ бо ин Иттиҳодия худдорӣ кард, ҳазорон тазоҳуркунандаи укройнӣ дар майдони истиқлоли Киев ҷамъ шуданд ва ба тасмими ӯ эътироз карданд.
Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо рӯзи ҷумъа дар пойтахти Литунӣ ҳушдор доданд, ки дахолати Русия дар равобити онҳо бо ҷумҳуриҳои собиқи Шуравиро таҳаммул нахоҳанд кард.
Хузе Монуел Борусу, раиси кумиссиюни Урупо дахолати Русияро "муғойир бо мавозини қавонини байналмилалӣ" тавсиф кард ва гуфт, ки "давраи ҳокимияти маҳдуд" дар Урупо ба поён расидааст.
Укройн, ки дувумини кишвари бузурги Уурпо дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии собиқ дар соли 1991 мустақил шуд ва аз он замон миёни наздиктар шудан ба Урупои Ғарбӣ ва оштӣ бо Русия дар навасон будааст. Русия таъминкунандаи бахши аъзами ниёзҳои энержии Укройн аст.
