Сарони Иттиҳодияи Урупо муваффақ ба имзои қарордоди тиҷорӣ бо Укройн нашуданд

Раҳбарони кишварҳои урупоӣ, ки дар Литвонӣ гирди ҳам омадаанд, натавонистаанд Укройнро мутақоъид ба имзои қарордоди тиҷорӣ бо ин ттиҳодия бикунанд.
Иҷлоси раҳбарони Иттиҳодияи Урупо дар Вилнюс, пойтахти Литвонӣ, ва таҳтушшуъоъи тасмими ногаҳонии Укройн барои радди мувофиқатномаи тиҷорати озоди ин иттиҳодия кори худро оғоз кард.
Қарор буд имзои ин мувофиқатномаи тиҷорӣ яке аз дастовардҳои ин иҷлос ва нишонаи муваффақияти Иттиҳодияи Урупо дар густариши равобит бо кишварҳои Урупои Шарқӣ бошад.
Мақомоти Иттиҳодияи Урупо пештар ва қабл аз оғози ҷаласаи сарон дар баёнияе норизоятии худро аз фишорҳои мақомоти Маскав бар Укройн иброз карда буданд.
Онглео Меркел, садри аъзами Олмон, гуфтааст, ки акнун умеде ба имзои ин тавофуқномаи тиҷорӣ надорад, ҳарчанд таъкид кардааст, ки "дарҳо барои тавофуқи муҷаддад ҳанӯз боз аст."
Садри аъзами Олмон пеш аз шурӯъи ҷаласаи сарони Иттиҳодияи Урупо аз давлати Русия интиқод кард ва гуфт, ки Русия набояд робитаи байни яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Урупоро ба таҳдиде алайҳи худ таъбир кунад.
Вай гуфт, ки бояд ба ин тафаккур, ки "ё бо онҳои ё бо мо" ғалаба кунем. Ӯ таъкид кард: "Ҷанги сард тамом шудааст."
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо др Укройн ба тасмими давлат кишварашон барои имзо накардани тавофуқ бо Иттиҳодияи Урупо эътироз кардаанд.
Шарти Иттиҳодияи Урупо барои имзои ин қарордод озодии Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Укройн, буд, ки аз сӯйи раиси ҷумҳуриии ин кишвар рад шуд.
Пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Иттиҳодияи Урупоро ба "боҷхоҳӣ" муттаҳам кард.
Гирдиҳамоии дурӯзаи Вилнюс "Иҷлоси севуми мушорикати Шарқ" ном гирифта ва дар пойтахти Литвонӣ баргузор мешавад. Литвонӣ дар ҳоли ҳозир раёсати давраии Иттиҳодияи Урупоро бар уҳда дорад.
