Ҳимояти руасои ҷумҳурии қаблии Укройн аз эътирозот

Се раиси ҷумҳурии қаблии Укройн аз эътирозҳои зиддавлатӣ ҳимоят кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Русия дар бораи "дахолати" НОТУ дар масоили дохилии Укройн ҳушдор додааст.
Вебсойти расмии ҳизби Виктор Юшенко гузориш додааст, ки ӯ, Леонид Кравчук ва Леонид Кучма бо эътирозҳои мусолиматомез "эъломи ҳамбастагӣ" кардаанд.
Ин се тан дар солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва эъломи истиқлоли Укройн, раиси ҷумҳуриӣ будаанд.
Даҳҳо ҳазор муътариз дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев, пойтахти Укройн, гирд омадаанд ва ҳамчунин сохтмонҳои давлатиро дар ин шаҳр муҳосира кардаанд.
Ин муътаризон ба имтиноъи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, аз имзои тавофуқномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо эътироз доранд.
Оқои Янукович, ки дар соли 2010 ба раёсати ҷумҳурии Укройн расид, хостори равобити наздик бо Русия будааст.
Се раиси ҷумҳурии пешини Укройн дар баёнияе гуфтаанд бо "иқдомоти маданӣ ва мусолиматомези садҳо ҳазор ҷавони укройнӣ" ибрози ҳамбастагӣ мекунанд.
Онон "истифодаи шадид аз қувваи қаҳрия алайҳи тазоҳуроти мусолиматомезро " маҳкум кардаанд ва аз ҳамаи тарафайн хостаанд, ки аз хушунати бештар парҳез кунанд.
Леонид Кравчук, Леонид Кучма ва Виктор Юшенко аз раҳбарони эътирозҳо ва давлат хостаанд, ки вориди як "гуфтугӯи озод" шаванд ва ба "арзишҳои урупоии мардуми Укройн" таваҷҷуҳ кунанд.
Дар бораи вазъияти 9 тан аз афроде, ки ар ҷараёни тазоҳуроти густардаи рӯзи аввали декабр дар Киев аз пулис кутак хӯрданд, нигаронӣ вуҷуд дорад.
Бастагони онон мегӯянд шаш нафар аз ин муътаризон зери муроқибати вижаи пизишкӣ ҳастанд ва се тани дигар дар воҳидҳои дармонии зиндон бистарианд ва хадамоти ҳуқуқӣ аз онон дареғ шудааст.
Ҳомиёни давлат ҳам вориди майдон шудаанд ва тазоҳуроте алайҳи ин эътирозҳо дар шаҳри Донетски Укройн баргузор кардаанд.
Николай Азаров, нахуствазири Укройн, аз мухолифони давлат хостааст ба таниши сиёсӣ дар ин кишвар беш аз ин доман назананд.
