НОТУ саркӯби муътаризони укройниро маҳкум кард

  • 4 Декабр, 2013
Image caption Нахуствазири Укройн мегӯяд, ки дар нооромиҳои кишвар "нишонаҳои як кудето"-ро мебинад

Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) давлати Укройнро ба далели тавассул ба қувваи қаҳрияи шадид алайҳи эътирозоти мусолиматомези мухолифон маҳкум кардааст.

Баёнияи НОТУ рӯзи сешанбе дар нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НОТУ дар Бруксел, пойтахти Белжик, содир шуд.

НОТУ хоҳони музокираи давлат ва мухолифон барои хуруҷ аз буҳрон шуда ва аз тарафайн хостааст, ки як раванди ислоҳотро оғоз кунанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, низ ки ба Бруксел сафар карда, аз давлати Укройн хостааст, ки "ба садои мардуми ин кишвар гӯш кунад."

Укройн расман узви НОТУ нест, аммо ба унвони як кишвари "шарик" бо он ҳамкориҳои низомии маҳдуде дорад.

Мақомҳои укройнӣ эътирозоти ахирро ба авомили хориҷӣ нисбат додаанд.

Бо ин ҳол, Николай Азаров, нахуствазири Укройн, дар порлумон ба хотири иқдоми хушунатбори пулис ва нерӯҳои амниятӣ алайҳи муътаризон узрхоҳӣ кард.

Рӯзи сешанбе талоши мухолифон барои сарнагун кардани давлат аз тариқи додани раъйи адами эътимод дар порлумон ноком монд.

Image caption Тазоҳуркунандагон ба имтиноъи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, аз имзои тавофуқномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо эътироз доранд

Ҳанӯз ҳазорон муътариз дар беруни сохтмони порлумон ба тазоҳурот идома додаанд ва хоҳони барканории раиси ҷумҳурӣ ҳастанд.

"Занни кудето"

Саҳаргоҳи шанбеи сиюми ноябр, пулиси Укройн бо тавассул ба зӯр тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев, пойтахтро бар ҳам зад ва ба зарбу ҷарҳи шумори зиёде аз тазоҳуркунандагон иқдом кард.

Душанбеи дувуми ноябр нахуствазири Укройн ҳушдор дод, ки дар нооромиҳо "нишонаҳои як кудето"-ро мебинад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, низ "омили хориҷиро" дар тазоҳурот муқассир хонда ва гуфта талошҳое дар ҷараён аст, то ин ки "ҳокимияти машрӯъи" Укройнро бесубот кунанд.

Бо ин ҳол, Фаронса ва Лаҳистон хушунатҳоро маҳкум карда ва хостори гуфтугӯ миёни ду тараф шудаанд.

Эътирозот дар Укройн ҳудуди як ҳафта пеш пас аз он оғоз шуд, ки барномаҳои давлат барои имзои тавофуқи тиҷории Иттиҳодияи Урупо баногаҳон мутаваққиф шуд.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн дар иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюси Литвонӣ, аз имзои ин мувофиқатномаи тиҷорӣ, ки кишварашро ба Иттиҳодияи Урупо наздик мекард, худдорӣ варзид.

Муътаризон бо тасмими оқои Янукович башиддат мухолиф ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо ин иқдом умеди наздиктар шудани ин кишвар ба Иттиҳодияи Урупоро аз байн бурдааст.

Раҳбарони мухолифон хостори канорагирии оқои Янукович шуда ва аз ӯ хостаанд "саркӯби сиёсиро" мутаваққиф кунад.

Матолиби муртабит