Давлати Укройн аз нишонаҳои кудето хабар дод

Николай Азаров, нахуствазири Укройн, ҳушдор дод, ки дар нооромиҳои кишвар "нишонаҳои як кудето"-ро мебинад.
Оқои Азаров гуфта давлат бохабар аст, ки барномаҳое барои ишғоли сохтмони порлумони Киев вуҷуд доштааст.
Тазоҳуркунандагон бо идомаи эътирозоти худ ба тасмими давлат барои радди тавофуқи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо роҳ ба сохтмони аслии давлатро бастаанд.
Виктор Янукович, раис ҷумҳури Укройн, дар пайи захмӣ шудани бисёре аз мардум дар тазоҳуроти хушунатбори ду рӯзи гузашта аз мардум хоста танҳо дар роҳпаймоиҳои мусолиматомез ширкат кунанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳамсояи Укройн гуфтааст: "Руйдодҳои Укройн бештар ба як барномае шабеҳ аст, то ба як инқилоб."
Фаронса ва Лаҳистон хушунатҳоро маҳкум кардаанд ва хостори гуфтугӯ миёни ду тараф шудаанд.
Раҳбарои мухолифон як бори дигар хостори канорагирии оқои Янукович шудаанд ва аз ӯ хостаанд "Саркӯби сиёсӣ"-ро мутаваққиф кунад.
Эътирозот дар Укройн ҳудуди як ҳафта пеш, пас аз он оғоз шуд, ки барномаҳои давлат барои имзои тавофуқи тиҷорӣ бо иттиҳодияи Урупо ба ногаҳон мутаваққиф шуд.
Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн дар ҷараёни иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюси Литвонӣ аз имзои ин мувофиқаномаи тиҷорӣ, ки кишварашро ба Иттиҳодияи Урупо наздик мекард, худдорӣ намуд.
Мӯътаризон бо тасмими оқои Янукович мухолиф ҳастанд.
Ба гуфтаи онҳо ин иқдоми раиси ҷумҳур умедҳо барои наздиктар шудани ин кишва р ба Урупоро аз байн бурдааст.
"Гангстерҳо берун"
Рӯзи якшанбе садҳо нафар баъди роҳпаймоӣ дар майдони Истиқлоли Укройн чодар заданд ва хостори эътисоби саросарӣ шуданд.
Бо ин кор, ки роҳи расидани кормандони давлат ба маҳалли корашонро баста аст, мақарри ҳайъати давлат амалан таътил шудааст.
Душанбешаб низ муътаризон ба гирдиҳамоии худ дар майдони Истиқлол идома доданд ва фарёд кашиданд "кунгстерҳо берун"
Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз Николай Азаров, нахуствазири Укройн хабар дода: Мухолифони сиёсӣ ин таваҳҳумро" доранд, ки метавонанд низоми феълиро сарнагун кунанд.
Оқои Азаров гуфтааст: "Мо хабар дорем, ки барномаҳое барои ишғоли порлумон тадорук дида буданд."
Оқои Азаров рӯзи душанбе дар нишасте бо сафирони кишварҳои ғарбӣ гуфтааст: "Инҳо ҳама нишонаҳои як кудетост: Мавзӯъ ҷиддист. Мо сабурем, аммо намехоҳем шариконамон фикр кунанд ба ҳар чизе ҳам маҷол медиҳем."
Давлати Омрико дар вокуниш ба гуфтаҳои оқои Азаров гуфтааст ба ҳеҷ ваҷҳ тазоҳуроти мусолиматомезро нишонаи кудето намедонад.
Ҷей Конӣ, сухангӯйи Кохи Сафед хушунати авомили давлатӣ алайҳи тазоҳуркунандагони рӯзи шанберо ғайриқобили қабул хонда, аммо таъкид карда аз он замон пулис нисбатан худдортар амал кардааст.
"Сулҳи бад"
Қарор аст рӯзи сешанбе порлумон эҳтимоли баргузории ҷаласаи раъйи эътимод ба давлати оқои Азаровро баррасӣ кунад.
Виктор Янукович аз пулис ва тазоҳуркунандагон хоста қонунро риъоят кунанд ва дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ ки дар вебсойти худ раиси ҷумҳурӣ нақл шуда афзудааст: "ҳар сулҳи баде аз як ҷанги хуб беҳтар аст."
Владимир Путин "авомили хориҷиро" дар тазоҳурот муқассир хонда ва гуфта талошҳое дар ҷараёни аст, ки "ҳокимияти машрӯъ" "Укройн"-ро бесубот кунанд.
