Муътаризон дар Укройн сохтмони давлатиро муҳосира карданд

Муътаризон дар Укройн бо таҷаммуъ дар майдони Истиқлол дар Киев, пойтахти он кишвар, барои чандумин рӯзи мутаволӣ дар мухолифат бо давлат даст ба эътироз задаанд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, садҳо муътариз шаби гузаштаро дар ин майдон сипарӣ кардаанд ва шуморе дигар аз мухолифони давлат ҳам дар шӯрои шаҳри Киев сангар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Рибак, сухангӯйи порлумон аз анҷоми гуфтугӯ байни давлат ва мухолифон тайи рӯзи душанбеи 2 декабр хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ ба тамомии ҷиноҳҳо фурсат дода мешавад, то ақоъиди худро иброз кунанд.
Эътирозот дар ин кишвар аз беш аз як ҳафта пеш ва пас аз он ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳур, дар ҷараёни иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюси Литвонӣ аз имзои як мувофиқатномаи тиҷорӣ бо ин иттиҳодия худорӣ кард, оғоз шуд.
Муътаризон бо тасмими оқои Янукович мухолиф ҳастанд.
Ба гуфтаи онҳо, ин иқдоми раиси ҷумҳур, умедҳо барои наздиктар шудани ин кишвар ба Урупоро аз байн бурдааст.
Рӯзи гузашта байни сад то 500 ҳазор муътариз дар мухолифат бо тасмими давлат мабнӣ бар манъи баргузории таҷаммуъоти эътирозомез дар як роҳпаймоӣ ширкат карданд.
Дар ҷараёни эътирозоти дирӯз дар наздикии сохтмони раёсати ҷумҳурии Укройн, пулис бо истифода аз гози ашковар, норинҷаки савтӣ ва ботум ба муқобила бо муътаризон пардохт.
Юлия Тммошенко, нахуствазири пешини Укройн ҳам, ки зиндонӣ аст, дар паёме аз мардуми кишвараш хост, ки бо мошин, ҳавопаймо ё пойи пиёда аз тамоми нуқоти Укройн ба пойтахт биёянд ва дар эътирозот ширкат кунанд.
Хонуми Тимошенко аз мардум хостааст, ки то сарнагунии давлат аз талош даст барнадоранд.
Укройн, ки дувумин кишвари бузурги Урупост, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар соли 1991 мустақил шуд ва аз он замон миёни наздиктар шудан ба Урупои Ғарбӣ ва оштӣ бо Русия дар навасон будааст.
Русия таъминкунандаи бахши аъзами ниёзҳои энержии Укройн аст.
