Идомаи тазоҳуроти мухолифини Укройн дар пойтахт

  • 8 Декабр, 2013
тазоҳурот дар Киев

Ҳазорҳо нафар аз мардуми Укройн бори дигар дар Киев, пойтахт гирди ҳам омадаанд то мухолифати худро бо тасмими давлати ин кишвар барои адами имзои тавофуқномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо иброз кунанд.

Ин сеюмин ҳафтаи мутаволӣ аст, ки тазоҳуркунандагони мухолифи давлат дар хиёбонҳои пойтахт даст ба тазоҳурот мезананд.

Имтиноъи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн аз имзои тавофуқномаи‌ тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ба эътирозоти густарда дар он кишвар доман задааст.

Оқои Янукович, ки дар соли 2010 ба раёсати ҷумҳурии Укройн расид, хостори равобити наздик бо Русия аст. Ӯ пештар гуфта буд, ки пас аз фишорҳои Русия бо имзои тавофуқнома бо Иттиҳодияи Урупо мухолифат кардааст.

Раиси ҷумҳурии Укройн ҳудуди се ҳафта пеш дар иҷлоси Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литвонӣ аз имзои ин мувофиқатномаи тиҷорӣ, ки кишварашро ба Иттиҳодияи Урупо наздик мекард, худдорӣ кард.

Муътаризон бо тасмими оқои Янукович башиддат мухолиф ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо ин иқдом умеди наздиктар шудани ин кишвар ба Иттиҳодияи Урупоро аз байн бурдааст.

Тазоҳуроти имрӯз дар Киев як рӯз пас аз он сурат гирифтааст, ки оқои Янукович бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар бандари Сучӣ дар ҷануби Русия дидор кард.

Image caption Оқои Янукович пештар гуфта буд, ки пас аз фишорҳои Русия бо имзои тавофуқнома бо Иттиҳодияи Урупо мухолифат кардааст

Оқои Путин аз Укройн мехоҳад то ба иттиҳоди гумрукии Русия бипайвандад. Ин иттиҳодия шомили Русия, Белорус ва Қазоқистон аст.

Аммо ду тараф ин нуктаро, ки мувофиқатномаи тиҷорӣ дар дидори оқои Янукович ва оқои Путин дар Сучӣ мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтааст, такзиб кардаанд.

Пештар нозирон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад Укройн дар қиболи дарёфти энержӣ бо қимати пойинтар аз суи Русия ба ин иттиҳод бипайвандад.

Укройн ниёзманди воридоти гоз аз ҳамсояи худ Русия аст. Аммо "Газпром", ширкати аслии таъминкунандаи гоз барои Укройн мегӯяд, ки мақомоти Киев натавонистаанд таъаҳҳудоти молии худро дар қиболи ин ширкат иҷро кунанд.

Ҳудуди чаҳор сол пеш ихтилофоти мушобеҳ боъис шуд ки "Газпром" содироти гоз ба Укройнро барои муддате мутаваққиф кунад.

Лӯлаи гозе, ки аз Русия меояд ва аз дохили хоки Укройн мегузарад, ҳамчунин таъминкунандаи бахше аз ниёзҳои энержии аъзои Иттиҳодияи Урупо аст.

Ҳафтаи гузашта Омрико гуфт, ки аз муътаризони укройнӣ, ки хостори равобити наздиктар бо Урупо ҳастанд, ҳимоят мекунад.

Виктуриё Нулонд, муъовини вазири хориҷаи Омрико дар ҷараёни нишасти Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар Киев гуфтааст, ки Вошингтун аз давлати Укройн дархост карда то "садои мардуми кишварашро бишнавад".

Ҳамзамон диплумотҳои ғарбӣ ҳам аз мақомоти он кишвар хостаанд то ба хостҳои муътаризони он кишвар эҳтиром бигзорад.

Матолиби муртабит