Иттиҳодияи Урупо гуфтугӯ бо Укройнро дар бораи тавофуқи тиҷорӣ мутаваққиф кард

  • 15 Декабр, 2013
Image caption Оқои Янукович пештар гуфта буд, ки ӯ таҳти фишори Русия маҷбур шудааст, ки дар моҳи ноябр ва алорағми интизорот аз имзои қарордоди тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Уурпо сар боз занад

Иттиҳодияи Уурпо талошҳо барои имзои мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Укройнро ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Гуфта шуда, ки далели ин таълиқи набуди "тааҳҳудоти шаффоф" аз суи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн барои имзои ин қарордод будааст.

Оқои Янукович пештар гуфта буд, ки ӯ таҳти фишори Русия маҷбур шудааст, ки дар моҳи ноябр ва алорағми интизорот аз имзои қарордоди тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо сар боз занад.

Мақомоти Иттиҳодияи Урупо интизор доштанд, ки раҳбари Укройн дар ҷаласаи сарони ин кишвар ин қарордодро имзо кунад.

Мувофиқони ин қарордод мегӯянд, ки ин муъомила Укройнро ба Иттиҳодияи Урупо наздик мекунад ва адами имзои он акнун боъиси дурии кишвар аз Урупо шудааст.

Ҳамзамон Русия ба Укройн фишор меоварад, ки имзои ин қарордод боъис мешавад колоҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо бозори Русияро қабза кунад.

Русия, Укройн ва бархе дигар аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ ба лиҳози иқтисодӣ ба ҳам наздик ҳастанд.

Ба дунболи ин адами имзои ин қарордод аз суи оқои Янукович даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони вай ба хиёбонҳо рехтанд, ки дар мавориде мунҷар ба хушунат шуд.

Имрӯз низ дар пайи эъломи тазоҳуроти тарафдорон ва мухолифони Виктур Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн дар пойтахти ин кишвар ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ин эътирозҳо ба даргирӣ мунҷар шавад.

Фаъъолон ва аҳзоби мухолиф умедвор ҳастанд, ки имрӯз якшанбеи 15 декабр, ки рӯзи "шаън ва каромати инсонӣ" номгузорӣ шуда, садҳо ҳазор нафар аз мардум дар майдони истиқлоли ин кишвари таҷаммуъ кунанд.

Қарор аст тарафдорони раиси ҷумҳур низ дар минтақаи дигаре аз шаҳр таҷаммуъ кунанд.

Раҳбарони муътаризон аз онҳо хостаанд то ҳушёр бошанд, то барои даргирӣ бо ҳомиёни давлат 'таҳрик' нашаванд.

Матолиби муртабит