Талошҳои диплумотик барои поён додан ба буҳрони Укройн

Дар ҳоле ки пулис барои поён додан ба муҳосираи сохтмонҳои умдаи ҳукуматӣ тавассути муътаризони ҳаводори Иттиҳодияи Урупо вориди амал шудааст, дилумотҳои баландпояи ғарбӣ вориди Киев, пойтахти Укройн мешаванд.
Викториё Нулонд, муъовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо сиёсатмадорони умдаи мухолифин гуфтугӯ анҷом дода ва қарор аст бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн мулоқот кунад.
Қарор аст Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо низ ба Киев сафар кунад.
Гузориш шудааст, ки оқои Янукович алоиме нишон додааст, ки эҳтимолан барои озодии афроде, ки дар ҷараёни эътирозот боздошт шуда буданд, кумак хоҳад кард.
Дар ин бора Леонид Кравчук, яке аз се раиси ҷумҳури пешини Укройн, ки бо Виктор Янукович мулоқот кардаанд, ишора кардааст.
Дар ҷараёни даргириҳои пулис ва муътаризон дар поёни моҳи гузашта даҳҳо нафар масдум шуданд ва дастикам 31 нафар боздошт шуд.
Чанд нафари дигар ҳам шаби гузашта дар ҷараёни иқдоми пулис барои барчидани мавонеъи эҷодкардаи мухолифон осеб дидаанд.
Хабаргузории Руйтерз гузориш додааст, ки алайҳи таҷаммуъи аслии мухолифон дар Майдони Истиқлол пулис иқдом накардааст, маҳалле ки наздик ба 2000 муътариз субҳи рӯзи сешанбе боқӣ монда буданд ва худро бо афрӯхтани оташ гарм мекарданд.
Буҳрон замоне оғоз шуд, ки моҳи гузашта Укройн тасмим гирифт тавофуқномаи умдаи тиҷориро бо Иттиҳодияи Урупо имзо накунад, дар ҳоле ки башиддат таҳти фишори Русия қарор дошт то равобити иқтисодиашро бо ин кишвар тақвият кунад.
Кумиссиюни Урупо мегӯяд пешниҳоди Иттиҳодияи Урупо дар мавриди тавофуқномаи мушорикат бо Укройн ба эътибори худ боқӣ аст.
"Хатари ҷиддӣ"
Ҳамлаи пулис ба дафтари ҳизби Падар ватан, бузургтарин ҳизби мухолифи Укройн муҷиб шуд, ки Котрин Аштун дар остонаи сафар ба Укройн изҳори нигаронӣ кунад ва аз ҷонибҳо бихоҳад аз худ хештандорӣ нишон диҳанд.
Дар ҷараёни ҳамла ба дафтари ҳизби таҳти раҳбарии Юлия Тимошенко, ки аз соли 2011 бадинсӯ дар иртибот ба як қарордоди ҷанҷолбарангези хариди гоз аз Русия дар зиндон ба сар мебарад, серверҳои компютерҳои ин дафтар нопадид шудаанд.
Хонуми Аштун дар баёнияе гуфт: "Ман ахбор дар мавриди ба зӯр ворид шудани пулис ба дафтари бузургтарин ҳизби мухолифро бо нигаронӣ дунбол мекунам."
Ӯ гуфтааст замони ин ҳамла, ки пеш аз музокироти пешниҳодшуда аз суи оқои Янукович сурат мегирад, "равандро ҷиддан ба хатар меандозад."
Рӯзи сешанбе аксҳое аз дидори хонуми Нулонд бо Виталий Кличко, қаҳрамони ҷаҳонии муштзанӣ ва раҳбари ҳизби Удар, ҳамчунин бо Арсений Ятсенюк, аз ҳизби Падар ватани Юлия Тимошенко, ва Олег Тяннибок аз ҳизби дастиростии Озодӣ мунташир шудаанд.
Пештар як диплумоти омрикоӣ дар Маскав дар робита ба таҳаввулоти Укройн ибрози "нигаронии амиқ" кард ва бар пуштибонии Вошингтун аз "интихоби урупоии" укроиниҳо таъкид кард.
Дар баёнияе, ки сафорати Омрико дар Маскав мунташир карда, омадааст, ки ин диплумот аз Русия хостааст "нуфузи худро барои сулҳ, каромати инсонӣ ва ҳалли сиёсӣ истифода кунад".
Даргириҳо
Пас аз музокирот бо оқои Янукович оқои Кравчук гуфт, ки раиси ҷумҳури кунунӣ тасмим хоҳад гирифт, ки тазоҳуркунандагони боздоштшуда озод шаванд ё на, ба гунае ки "ба кори додгоҳҳо дар ин робита мудохила нашавад."
Эътирозоти хиёбонӣ, ки бузургтарин эътирозот пас аз соли 2004 буданд, шабоҳатҳое бо тазоҳуроти он сол доштанд. Дар ҳар кадом аз ин эътирозот дар се якшанбеи ахир ҳудуди 100 ҳазор нафар ё ҳатто бештар дар маркази Киев таҷаммуъ карданд.
Рӯзи душанбе нерӯҳои пулиси зиддишӯриш дар ҳоле ки кулоҳҳои филизии онҳо барфпӯш буд, вориди иқдом барои барчидани мавонеъи эҷодшуда тавассути тазоҳуркунандагон дар муқобили сохтмонҳои раёсати ҷумҳурӣ, кобине ва порлумон шуданд.
Даргириҳое миёни тазоҳуркунандагон ва пулис сурат гирифт ва дар ҳоле ки гузорише расмӣ дар бораи осеб дидани афрод мунташир нашуда, аъзои ҳизби Озодӣ гуфтаанд, чанд нафар осеб дидаанд. Гузориш шуда, ки ду маъмури пулис низ маҷруҳ шудаанд.
Нооромӣ дар Киев ва бахшҳои дигаре аз хоки Укройн пас аз он ки пулис рӯзи 30 ноябр алайҳи муътаризон даст ба хушунат зад, абъоде густарда гирифт.
Ин буҳрон дудастагӣ дар ҷомеъаи Укройнро барҷаста кард; бисёриҳо дар шарқи ин кишвар бештар ба Русия дилбастагӣ доранд ва мухолифи ҳам равобити наздик бо Иттиҳодияи Урупо ва ҳам тазоҳуроти зиддидавлатӣ ҳастанд
