Хушунат дар Укройн: Омрико гузинаи таҳримро дар назар дорад

Вазорати хориҷаи Омрико дар вокуниш ба идомаи эътирозҳо дар Укройн гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамаи гузинаҳо, аз ҷумла таҳрим алайҳи давлати ин кишварро, дар назар хоҳад дошт.
Буҳрони сиёсӣ дар Укройн идома дорад ва пулис дар мавориде бо муътаризон бо хушунат рафтор кардааст.
Мавзеъгирии Вазорати хориҷаи Омрико пас аз он эълом шуд, ки пулиси зиддишӯриш дар Укройн саъй кард, то муътаризонро аз маҳаллоти таҷаммуъашон биронад.
Раиси ҷумҳурии Укройн гуфта, ки давлат дигар алайҳи тазоҳуроти сулҳомез аз зӯр истифода намекунад.
Раҳбарони мухолифон пешниҳоди гуфтугӯйи раиси ҷумҳуриро напазируфтаанд.
Тазоҳуроти ҳафтаҳои ахир дар маркази Киев, ин кишвари дорои ҷамъияти 46-милюниро фалаҷ кардааст.
Рӯзи чаҳоршанбе Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ва Виктуриё Нулонд, аз дастёрони вазири хориҷаи Омрико, ба Киев, пойтахти Укройн, рафтанд ва илова бар гуфтугӯ бо аъзои давлат бо муътаризон низ гуфтугӯ карданд.
"Бунбаст"
Ҷан Сокӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Омрико, дар нишасти рӯзона бо хабарнигорон гуфт, ки Омрико таҳрим алайҳи Укройнро ҳам дар назар дорад, аммо дар бораи ҷузъиёти он чизе нагуфт.
Ӯ гуфт: "Гузинаҳои зиёде ҳаст, ки дар назар дорем, аммо алъон дар он марҳила нестем."
Пештар Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, аз истифода аз зӯр алайҳи муътаризон ибрози инзиҷор (нафрат) карда ва хоҳони хештандорӣ шуда буд.
Дар нахустин соъоти рӯзи чаҳоршанбе пулис вориди майдони Истиқлоли шаҳри Киев шуд ва бархе аз мавонеъи муътаризон ва чодарҳои онҳоро бардошт.
Пулис муддаъӣ буд, ки қасд дорад роҳе барои гузари трофик (рафтуомади васоили нақлия) дар майдон боз кунад.
Муътаризон, ки кулоҳҳои эманӣ ба сар доштанд, дастҳояшонро дарҳам гиреҳ карда буданд, то дар муқобили фишори пулис девораи инсонӣ ташкил диҳанд.
Гузориш шуда, ки пулис алайҳи муътаризон хушунат ба кор бурда ва дастикам 9 нафар боздошт шудаанд.
Кам-кам пулис аз майдони Истиқлол ва сохтмони шаҳрдорӣ, ки муътаризон дар он ҷо таҷаммуъ кардаанд, берун рафт.
Бори дигар раиси ҷумҳурии Укройн, Виктур Ёнукувич, аз ҳамаи аҳзоб, аз ҷумла аҳзоби мухолифи давлат, хост, то барои хотима додан ба буҳрони сиёсии кишвар, ба гуфтугӯ бипардозанд.
Яке аз раҳбарони мухолифон зимни радди пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ гуфт, ки давлат кишварро ба "бунбаст" мебарад.
Таниши сиёсӣ дар Укройн аз онҷо боло гирифт, ки моҳи гузашта давлат аз имзои қарордоде бо Иттиҳодияи Урупо сар боз зад.
Ҳамзамон Русия ба Укройн фишор меоварад, ки имзои ин қарордод боъис мешавад колоҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо бозорҳои Русияро қабза кунанд.
Русия, Укройн ва бархе дигар аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба лиҳози иқтисодӣ ба ҳам наздик ҳастанд.
Бо ин ҳол, нахуствазири Укройн гуфта мақомоти ин кишвар дар сурате ки 28 милёрд дулор аз Иттиҳодияи Урупо кумак бигиранд, ҳозир ба имзои қарордод мешаванд.
