Русия қимати гоз барои Укройнро коҳиш дод

  • 17 Декабр, 2013
Владимир Путин ва Виктор Янукович
Image caption Ин дувумин мулоқоти ду раҳбар тайи муддати камтар аз як моҳ аст

Қимати гози содиротии Русия ба Укройн аз 400 дулор ба 268,5 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъаб коҳиш дода шуд.

Русия ҳамчунин дар музокирот дар кохи Кремлин барои хариди авроқи қарзаи давлатии Укройн ба маблағи 15 миллиёрд дулор мувофиқат кардааст.

Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Виктор Янукович, ҳамтои укройнии ӯ дар бораи пайвастани Укройн ба Иттиҳоди гумрукии таҳти нуфузи Русия гуфтугӯ накардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки тазоҳурот дар Киев, пойтахти Укройн алайҳи таъмиқи равобит бо Русия идома дорад.

Тағйири ногаҳонии мавзеъи оқои Янукович дар мавриди имзои тавофуқи мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо дар моҳи гузашта боъиси тазоҳуроти густарда шуд.

Ӯ таъйид кардааст, ки тағйири мавзеъи ӯ ба далели фишори сангин аз суи Русия будааст.

Дар эътирозоти кунунӣ, ки бузургтарин эътирозот аз замони инқилоби Норанҷии Укройн дар соли 2004 аст, муътаризон хостори истеъфои оқои Янукович ва кобинаи ӯ ва баргузории интихоботи зудҳангом шудаанд.

Баҳои гоз

Тавофуқ дар бораи гоз, ки миёни ширкати русии Газпром ва ширкати Нафтогази Укройн имзо шуда, ба қарордоди ҷанҷолбарангези соли 2009, ки Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Укройн ба далели он ба ду соли зиндон маҳкум шуд, тағйирот ворид мекунад.

Укройн вобастаи воридоти гоз аз Русия аст ва саноеъи сангин дар шарқи Укройн бахусус ба пойин нигаҳ доштани қимати гоз алоқаманданд. Ҳудуди 75 дарсади тавлидоти васоили муҳандисии Укройн ба Русия содир мешавад.

Оқои Путин дар бораи ин тавофуқот гуфтааст: "Русия ва Укройн ҳардуро қарнҳо дӯстӣ ва зиндагӣ дар як кишвари воҳид муттаҳид мекунад."

Ӯ гуфт мизони муъомилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар тайи ду соли ахир коҳиш ёфтааст, соли 2012 ба андозаи 11 дарсад ва соли ҷорӣ ба андозаи 14, 5 дарсад.

Ӯ афзуд, ки ҳоло замони бардоштани гомҳои маҳкам на танҳо барои барқарории мизони солҳои қабл, балки эҷоди замина барои пешрафт аст.

Оқои Янукович гуфт Укройн бо Русия ва кишварҳои собиқи Шӯравӣ барои иҷрои тавофуқи тиҷорати озод, ки ду сол пеш имзо шуда буд, талош хоҳад кард.

Ӯ афзуд: "Дар ояндаи наздик мо на танҳо бояд ин корро миёни кишварҳоямон, миёни Русия ва Укройн, балки ҳамчунин кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамоҳанг кунем, то минтақаи тиҷории озоди мо саранҷом бо тамоми зарфияти худ оғоз ба кор кунад."

Image caption Як тазоҳуркунанда дар Киев ҳушдор додааст, ки агар Янукович санадеро бо Русия имзо кунад, "ҷанг ва хун" дар паяш хоҳад буд

Киев ҳамчунин барои пардохти баҳои гози Русия соли оянда бояд 17 миллиёрд дулор пайдо кунад.

Дар ҳамин ҳол вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо рӯзи душанбе дар нишасти худ ба Русия итминони хотир додаанд, ки имзои тавофуқномаи мушорикат миёни ин иттиҳодия ва Укройн хилофи манофеъи Маскав нест.

Тарафдорони наздикии бештари Укройн ба Иттиҳодияи Урупо мегӯянд ин наздикӣ метавонад иқтисодро боз, шаффоф ва шугуфо кунад ва фазои рақобат ва ҳимоят аз сармоягузоронро тақвият кунад.

Аммо мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо ниёзманди анҷоми ислоҳоти амиқ ва пурҳазина аст, ки давлати Укройн мегӯяд бисёре аз бахшҳои иқтисодро, ки вобаста ба тиҷорат бо Русия ҳастанд, бо хатар мувоҷеҳ мекунад.

Маскав таҷрубаи эъмоли фишор ба Укройнро дорад ва метавонад чунин иқдомотро афзоиш диҳад.

Русия нигарон аст, ки чунин тавофуқе миёни Укройн ва Иттиҳодияи Урупо иқтисоди онро зарба хоҳад зад, зеро иҷоза медиҳад селе аз маводу аҷноси тавлидии Иттиҳодияи Урупо аз тариқи Укройн вориди Русия шавад.

Русия мехоҳад Укройн ба Иттиҳоди гумрукии зери сақфи ин кишвар бипайвандад ва аз имзои тавофуқнома бо Иттҳоидияи Урупо сарфи назар кунад.

Ин Иттҳоди гумрукӣ шомили Русия, Қазоқистон ва Белорус аст, аммо тазоҳуркунандагони ҳаводори Иттҳодияи Урупо онро навъе бозгашт ба Иттиҳоди Шӯравӣ талаққӣ мекунанд.

Оқои Янукович гуфтааст ӯ саранҷом қасд дорад тавофуқнома бо Иттиҳодияи Урупоро имзо кунаде, аммо солона ҳадди ақал ба 20 миллиёрд юру барои бозсозии иқтисоди Укройн ниёз дорад.

Матолиби муртабит