Имтиёзи калони молии Маскав барои боздоштани Укройн аз наздикӣ ба Урупо

Русия дар ҳаракате барои наздикии бештар ба Укройн нархи гози содиротии худ ба Киевро ба як севум расонда ва гуфтааст, ки милёрдҳо дулор аз саҳомҳои давлатии Укройнро харидорӣ мекунад.
Ин қарордоди тиҷории пурманфаъат дар ҳоле ба Укройн ироа шуда, ки Русия талош мекунад Киивро аз наздик шудан ба Иттиҳодияи Урупо боздорад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ва ҳамтои укройнияш, Виктор Янукович, ин тарҳи тозаро эълом карданд, аммо чизе дар бораи пайвастани Киев ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ба раҳбарии Русия нагуфтанд.
Ҳамзамон эътирозот дар Киев бар сари қавитар шудани робитаи Укройн ва Русия идома дорад.
Баъд аз гуфтугӯҳои раҳбарони Русия ва Укройн дар Кремлин эълом шуд Русия муъодили 15 милёрд аз саҳомҳои давлатии Укройнро мехарад.
Нархи гози содиротии Русия ба Укройн низ беш аз 400 дулор барои ҳар метри мукаъъаб коҳиш ёфта ва ба 268 дулор расидааст.
Оқои Путин гуфт ин кумак ба ҳеч ваҷҳ машрут нест.
'Хуруҷ аз мадор'
Ба гуфтаи Истивен Рузенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав, қарор аст ҳарду иқдом мушкилоти молии Укройнро коҳиш бидиҳад. Киев басахтӣ талош мекунад, ки аз пардохти бидеҳиҳояш ақаб намонад.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, агарчи ду раҳбар дар бораи пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ҳарфе назаданд, аммо аз широкати истротежик суҳбат кардаанд ва маҷмӯъаи тавофуқҳоеро барои ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо карданд.
Истивен Рузенберг мегӯяд тардиде нест, ки ин иқдомот Укройнро ба Русия наздик мекунад ва ба Кремлин кумак мекунад ба ҳадафи жеупулитики худ дар мамонеъат аз хуруҷи Укройн аз мадори Русия бирасад.
Моҳи гузашта тағйири ақидаи Виктор Янукович дар бораи имзои тавофуқи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ба эътирозоти густарда мунҷар шуд.
Оқои Янукович изъон кард, ки фишори шадиди Русия дар ин тасмимгирӣ таъсир доштааст.
Эътирозоти феълӣ дар Укройн бузургтарин эътирозоти кишвар аз замони инқилоби норанҷии нуҳ сол пеш аст. Мухолифон хостори истеъфои оқои Янукович ва давлаташ ва баргузории фаврии интихоботанд.
Хабарнигорон мегӯянд бисёре аз укройниҳо нигарони ин ҳастанд, ки раиси ҷумҳурияшон дар муқобили пешниҳодҳои чарби Русия ба чи имтиёзоте тан додааст.
Виталий Кличко, аз раҳбарони мухолифон, ки қаҳрамони муштзанӣ низ ҳаст, ҳамкориҳои иқтисодии тозаро дар як роҳпаймоӣ дар Киев маҳкум кард.
Оқои Кличко гуфт раиси ҷумҳурии Укройн манофеъи миллӣ, истиқлол ва чашмандози зиндагии беҳтари укройниҳоро дар муқобили ин ҳамкориҳо вониҳодааст ва афзуд хоҳони баргузории зудраси интихобот ва дидани оқои Янукович дар "ринги муштзанӣ" аст.
Қабзи гоз
Қарордоди гози имзошуда байни ширкати Гозпруми Русия ва ширкати нафту гози Укройн тавофуқи тиҷории ҷанҷолбарангези соли 2009-ро, ки ба дасти Юлиё Тимушенку имзо шуда буд, тағйир медиҳад.
Хонуми Тимушенку ба хотири ин қарордод ду сол зиндонӣ шуд.
Укройн ба воридоти гоз аз Русия вобаста аст ва саноеъи вобаста ба гоз дар шарқи Укройн беш аз ҳар кас муштоқи пойин нигоҳ доштани қимати гози воридотианд.
Ҳудуди 75 дарсад аз содироти муҳандисии Укройн ба Русия меравад.
Оқои Путин гуфтааст қарнҳо дӯстӣ ва "зиндагӣ дар як кишвар" Русия ва Укройнро бо ҳам муттаҳид кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, тиҷорат миёни ду кишвар дар ду соли гузашта коҳиш дошта ва вақти он расида, ки барои бозгашт ба мизони тиҷорати собиқ иқдомоти ҷиддӣ анҷом шавад ва шароит барои пешрафт фароҳам шавад.
Оқои Янукович низ гуфтааст Укройн дар канори Русия ва соири кишварҳое, ки собиқан узви Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буданд, ҳамкорӣ хоҳад кард, то як қарордоди тиҷорати озод, ки ду сол пеш ба имзои онҳо расида, амалӣ шавад.
Дар ҳоле ки музокирот барои азсаргирии эътибор (кредит) барои Укройн аз сӯйи Сандуқи Байналмилалии Пул мутаваққиф шудааст, Киев барои гардондани чархи иқтисодаш дар моҳҳои пеши рӯ ба кумаки молии ҷиддӣ ниёзманд аст.
Укройн дар айни ҳол бояд барои пардохти бидеҳиҳои муъаввақ (боздошта)-и худ ба Русия бобати воридоти гоз 17 милёрд дулор то соли оянда фароҳам кунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар мулоқоте ба мақомҳои аршади Русия итминон доданд, ки тавофуқи тиҷорӣ бо Укройн манофеъи Маскавро ба хатар намеандозад.
Ҳомиён мегӯянд робитаи наздиктар бо Иттиҳодияи Урупо иқтисоди Укройнро бозтар, шаффофтар ва пурравнақтар мекунад ва барои сармоягузорон фурсати рақобат ва ҳимоят аз сармояи бештареро фароҳам мекунад.
Аммо мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо ниёзманди ислоҳоте фарогир аст, ки давлат мегӯяд бисёре аз саноеъи Укройнро, ки ба тиҷорат бо Русия вобастаанд, ба мухотира меафканад.
Русия нигарон аст, ки чунин тавофуқе иқтисоди Маскавро бо вуруди беравияи колоҳои урупоӣ аз тариқи Укройн мутазаррир (зиёновар) хоҳад кард.
Маскав мехоҳад, ки Киев ба ҷойи пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо ба Иттиҳодияи Гумрукӣ мулҳақ шавад, ки Кремлин раҳбарии онро бар уҳда дорад.
Белорус ва Қазоқистон низ узви ин иттиҳодия ҳастанд, аммо муътаризони укройнӣ, ки ҳаводори робита бо Урупо ҳастанд, мегӯянд Иттиҳодияи Гумрукии таҳти назари Русия таҷассуми мудерни Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст.
Оқои Янукович гуфтааст ниҳоятан тавофуқи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупоро имзо хоҳад кард, аммо мехоҳад ибтидо дастикам солона 20 милёрд юру барои пардохти ҳазинаҳои зарурии ислоҳоти иқтисоди Укройн фароҳам шавад.
