Буҳрони Укройн: Даҳҳо ҳазор нафар қавонини маҳдудкунандаро ба чолиш кашиданд

  • 19 Январ, 2014
тазоҳурот дар Укройн
Image caption Сарфи назар аз ҳавои сард даҳҳо ҳазор нафар дар майдони Истиқлол даст ба тазоҳурот заданд

Даҳҳо ҳазор нафар тазоҳуркунандагони укройнии ҳаводори Иттиҳодияи Урупо дар эътироз ба қавонини ҷадиде, ки ҳадаф аз онҳо маҳдуд кардани эътирозот аст, дар Киев пойтахти Укройн гирдиҳам омадаанд.

Онҳо сарфи назар аз ҳавои сард дар майдони Истиқлол таҷаммуъ карданд ва бо бар рӯй ниҳодани гулдонҳо ва полунаҳо манъи пӯшидани ниқоб ба ҳангоми эътирозотро ба тамасхур кашидаанд.

Пешнависҳои қавонини танзими тазоҳурот рӯзи панҷшанбеи гузашта дар порлумони кишвар бо ҳимояти намояндагони тарафдори Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн тасвиб шуд.

Мухолифини давлат ҳизби ҳокими оқои Януковичро ба анҷоми кудето муттаҳам кардаанд.

Раиси ҷумҳури Укройн пас аз кутоҳмуддате бо имзо кардани ин пешнависҳо ба онҳо эътибори қонунро додааст.

Яке аз қавонин насби чодар, баландгӯҳо ва сохтани манбарҳо дар амокини умумӣ бидуни иҷозаи давлатро манъ мекунад. Ин қонун ҳамчунин иҷозаи боздошти тазоҳуркунандагонеро медиҳад, ки бар рӯй ниқоб доранд ё бар сар кулоҳхуд доранд.

Афроде, ки ин қонунро нақз мекунанд, маҳкум ба пардохти ҷаримаи сангин ё ба зиндон мешаванд.

Қонуни дигар муҷозоти як сол зиндони таъдибӣ барои туҳмати мақомоти давлатиро пешбинӣ кардааст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо нисбат ба қавонини ҷадиди Укройн изҳори нигаронии амиқ кардаанд.

Ҷунбиши зидидавлатии Укройн, ки моҳҳо аст идома дорад, дар эътироз ба тасмими оқои Янукович дар моҳи ноябри соли гузашта дар худдорӣ аз имзои тавофуқе бо Иттиҳодияи Урупо оғоз шуд ва то ҳадди тақозои истеъфои раиси ҷумҳур тавассути тарафдорони ин ҷунбиш расид. Ин тавофуқ нуқтаи атф дар равобити ду ҷониб дониста мешуд.

Тақозои барномасозии фаъъолият

Тазоҳуроти рӯзи якшанбе пас аз даст ба гиребонии дирӯзи ҳаводорони Иттиҳодияи Урупо ва тарафдорони оқои Янукович дар пойтахт дар фазои ором оғоз шуд.

Image copyrightReuters
Image caption Ду моҳ аст, ки ҳар рӯзи якшанбе дар Укройн тазоҳурот баргузор мешавад

Хабаргузории Юниани Укройн гузориш додааст, ки дар ин тазоҳурот фармондеҳи собиқи новгони Укройн бо қироъати паёме аз аъзои нерӯҳои мусаллаҳ хостааст аз иҷрои дастурҳои "ғайриқонунии" онҳое, ки қудратро дар даст доранд, сарпечӣ кунанд.

Дарёдор Иҳор Тенюх, ки тавассути президент Янукович дар соли 2010 барканор шуд, аз хатароти "кудетои барномарезишуда тавассути мақомоти феълӣ" ҳушдор додааст.

Хабаргузории Юниан суханони оқои Тенюхро оварда, ки гуфтааст: "Фардо режим шуморо низ ғулом месозад. Аз ин рӯ мо аз шумо даъват мекунем, ки савганди низомии худ барои вафодорӣ ба мардуми Укройн, на ба мақомоте, ки аз роҳи қатор хориҷ шудаандро иҷро кунед."

Раҳбарони мухолифин таҳти фишори шадид қарор доранд, то барномаи иқдомотро тартиб диҳанд. Бисёре аз фаъъолон интиқод кардаанд, ки мубориза ба андозаи кофӣ фаъъол набудааст.

Тазоҳуркунандагон муддатҳост пушти сангарҳои худсохта дар майдони Евромайдан эътироз мекарданд.

Эътирози умумӣ моҳи ноябр пас аз он шуруъ шуд, ки президент Янукрович таҳти фишори шадиди Русия дар дақоиқи охирини қабл аз имзо имзои тавофуқнома бо Иттиҳодияи Урупо рад кард.

Баъдтар тақозоҳои тазоҳуркунандагон афзоиш ёфт ва шомили мубориза бо он чӣ фасоди густарда дар давлат ва суиистифода аз мақом хонда шуда низ шуд.

Қавонини "ғайриқонунӣ"

Мамнуъияти ширкати беш аз панҷ василаи нақлия дар тазоҳурот ҷузъе аз қавонини ҷадид аст. Ин мамнуъият пас аз он шакли қонунро гирифт, ки дар тазоҳурот шуморе аз васоили нақлия дар муқобили сохтмонҳои ҳукуматӣ ва дар мақари хориҷ аз шаҳри президент Янукович дар рӯзҳои ахир мавриди истифода қарор гирифт.

Image copyrightReuters
Image caption Мухолифон гуфтаанд, тарҳҳои ҷадиди қавонин "ғайриқонунӣ" ҳастанд, зеро намояндагон дар порлумон бо боло кардани даст барои тасвиби ин қавонин раъй додаанд

Олеҳ Тсарёв, намояндаи порлумон аз Ҳизби Манотиқ, ҳизби ҳоким гуфт, ин қавонин дар татобуқ бо истондортҳои урупоӣ аст ва ҳадафи онҳо ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони сиёсӣ аст.

Аммо мухолифон гуфтаанд, тарҳҳои ҷадиди қавонин "ғайриқонунӣ" ҳастанд, зеро намояндагони тарафдори раиси ҷумҳур пас аз он ки дарёфтаанд, ки аз ҳимояти кофӣ бархурдор нестанд, дар порлумон тасмим гирифтаанд, ки бо боло кардани даст раъй бидиҳанд.

Виталий Кличко, раҳбари ҳизби "Удар" ин иқдомро "кудето" хонда, дар ҳоле ки Арсений Ятсенюк, раҳбари ҳизби Баткивчина (Падарватан) ҳушдор додааст, ки Укройн акнун бо "мавҷи дигаре" аз тазоҳурот рӯбарӯ аст.

Стефан Фюел, Кумиссори тавсеъаи Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, "амиқан аз қавонине, ки озодиҳоро маҳдуд мекунанд, нигарон аст"

Ӯ гуфтааст, ин иқдом муғойир бо "ормонҳои урупоии Укройн" ва тааҳҳудоти он ба Тавофуқномаи мушорикати Иттиҳодияи Урупо ва Укройн аст, ки дар лаҳазоти охир президент Янукович ба сурати ногаҳонӣ имзои онро дар моҳи ноябр рад кард.

Ба ҷои он раҳбари Укройн қавл дод равобити иқтисодӣ бо Маскавро бозсозӣ кунад. Пас аз кутоҳмуддате Русия қимати гози содиротӣ ба Укройнро наздик ба як сулс коҳиш дод ва авроқи қарзаи давлатии Укройнро ба қимати 15 миллиёрд дулор харидорӣ кард.

Пас аз шикаст дар Инқилоби Норанҷии соли 2004 оқои Янукович соли 2010 ба сурати демукротик раиси ҷумҳури Укройн интихоб шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд интизор меравад ӯ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, ки як соли дигар баргузор мешавад, барои касби ин мақом ширкат кунад.

Матолиби муртабит