Дар Укройн лату кӯби рӯзноманигори ҳаводори мухолифинро таҳқиқ мекунанд

  • 25 Декабр, 2013
Акси Татяна Черновол аз оршив
Image caption Акси Татяна Черновол аз оршив

Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн лату кӯби Татяна Черновол, рӯзноманигор ва фаъъоли мухолифинро маҳкум карда ва ба вазири умури дохила дастур додааст то ба сурати фаврӣ ин "ҷурм"-ро таҳқиқ кунад. Дар ин бора дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Укройн хабар додааст.

Шаби гузашта афроди ношинос дар наздикии минтақаи Бориспол Татяна Черновол, рӯзноманигор ва аз фаъъолони Евромайдан (майдони таҷаммуъи мухолифини давлат) - ро заданд ва ӯ бо ҷароҳоти мутаъаддид дар бемористон бистарӣ шуд.

Тибқи гузоришҳо ӯ зағта (осеби мағзӣ) дорад.

Дар мавриди зарбу шатми ин рӯзноманигор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Татяна Черновол, ки бо сойти маъруфи "Украинская правда" ҳамкорӣ мекунад бо нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти радаи болои Укройн, аз ҷумла Виктор Янукович, раиси ҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯ шинохташуда аст.

Дар баёнияи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Укройн омадааст: "Раиси ҷумҳури Укройн ин хушунатро шадидан маҳкум кард ва таъкид кард, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд авомили ин ҷиноятро кашф кунанд ва гунаҳкоронро муҷозот кунанд."

Манобеъи бахши вазорати умури дохилаи Укройн дар шаҳри Киев гуфтаанд, ҳамла ба ин рӯзноманигор соъати 1:30 шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст.

Дар як видию, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуда, ин рӯзноманигори мухолифи давлат гуфтааст: "Як худрави бузург наздикам шуд ва мехост маро аз роҳ рафтан нигаҳ дорад. Чанд лаҳза онҳо маро ба андозае дар тангно қарор доданд, ки наметавонистам ба ҷилав ё ақиб ҳаракат кунам, баъдан гурехтам. Онҳо дунболам давиданд ва ба сарам заданд... Чизе намегуфтанд, танҳо мезаданд."

Дар роҳ ба манзил

Хонуми Черновол гуфтааст, ки ҳамлакунандагон дастикам ду нафар будаанд.

Ӯро баъд аз лату кӯб ба ҷӯйи канори ҷода андохтаанд ва ӯ ба пулис телефун кардааст.

Пас аз ин ҳамла фаъъолони Евромайдан дар баробари сохтмони вазорати умури дохила таҷаммуъ кардаанд ва хостори истеъфои Виталий Захарченко, вазири кишвар шудаанд.

Пештар расонаҳо дар бораи як ришта ҳамалот ба фаъъолони Евромайдан гузориш дода буданд.

Аз ҷумла рӯзи сешанбе гузоришҳое аз шаҳри Харков расид, ки Дмитрий Пилипетс, яке аз созмондиҳадагони эътирозот аз зарбаҳои чоқу чанд ҷароҳат бардоштааст.

Мустафо Найем, рӯзноманигори шинохта ва аз дӯстони хонуми Черновол дар Твиттери худ аз қавли ӯ навиштааст, вай роҳии манзилаш дар рустои Гора будааст, аммо пас аз он ки мутаваҷҷеҳ шудааст дунболаш мекунанд, масирашро тағйир дода ва ба Бориспол рафтааст.

Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоъии интернет аксҳо ва видиюҳое аз Татяна Черновол мунташир шудааст, ки дар онҳо ӯ аз он чӣ иттифоқ уфтода, ҳикоят мекунад.

Татяна Чернвол матолиби таҳқиқотӣ менависад ва ба унвони блогнависи "Украиинская правда" шинохта шудааст. Дар матолиби худ ӯ аз мақомот интиқод кардааст, аз ҷумла аз Адрей Клюев, дабири Хадамоти амнияти Укройн, Николай Азаров, нахуствазир, Вталий Захарченко, вазири кишвар ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳур.

Матолиби муртабит