Вазири дохилаи собиқи Укройн дар даргириҳои Киев маҷрӯҳ шуд

Муътаризони укройнӣ дар беруни сохтмони як додгоҳ дар Киев, пойтахт, бо пулиси зиддишӯриш даргир шудаанд.
Дар асари ин даргирӣ чанд нафар, аз ҷумла Юрий Лутсенку, вазири собиқи кишвар, маҷрӯҳ шуданд.
Вай акнун аз раҳбарони мухолифони давлат аст.
Муҳокимаи се тан аз аъзои як созмони дастиростӣ дар ин додгоҳ дар ҷараён буд ва ҷамъияти зиёде дар маҳал ҷамъ шуда буданд.
Ин се нафар муттаҳам буданд, ки дар соли 2011 тавтеаи мунҷафир кардани муҷассамаи Владимир Ленин, бунёнгузори Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқро, тарроҳӣ кардаанд.
Ин афрод пас аз муҳокима ба шаш сол ҳабс маҳкум шуданд.
Дар пайи судури ҳукми додгоҳ тазоҳуркунандагони хашмгин аз ҳаракати утубусҳои ҳомили афроди пулис монеъ шуданд.
Ин гурӯҳи дастиростӣ дар эътирозҳое, ки ахиран дар Укройн алайҳи Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳур, дар ҷараён аст, нақши асосӣ доштааст.
Иллати ин эътирозҳо наздик шудани оқои Ёнукувич ба Русия ва иқдоми ӯ дар напазируфтани як паймони тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупост.
Вай дар моҳи декабр бо Русия паймоне мунъақид кард (баст), ки бар асоси он, қимати воридоти гоз аз Русия коҳиши қобили таваҷҷуҳе пайдо кард.
Русия ҳамчунин бо хариди 15 милёрд дулор авроқи қарзаи давлатии Укройн аз ин кишвар ҳимояти молӣ кард.
Мухолифон мегӯянд, ки мехоҳанд бидонанд, ки Укройн дар изои ин кумакҳо чи имтиёзоте қарор аст ба Русия бидиҳад.
Муътаризони укройнӣ мегӯянд кишварашон бояд равобит бо Иттиҳодияи Урупоро густариш дода ва аз наздик шудани бештар ба Русия худдорӣ кунад.
Муътаризон аз ду моҳ пеш то кунун дар майдони аслии Киев чодар зада ва дар он мустақар шудаанд.
Аз соли 2004, ки Укройн шоҳиди инқилоби норанҷӣ буд, ин шадидтарин эътирозот дар ин кишвар аст.
