Тазоҳуроти дигари ҳаводорони Иттиҳодияи Урупо дар Укройн

  • 12 Январ, 2014
майдони Незалежности Киев
Image caption Этирози рӯзи якшанбеи мухолифон тибқи суннат бо гузоштани намоз оғоз шуд ва бо баргузории консерт поён хоҳад ёфт

Дар майдони Незалежности Киев, пойтахти Укройн ҳазорҳо нафар аз тарафдорони мухолифи давлат гирдиҳам омадаанд.

Бар асоси гузоришҳо шумори тазоҳуркунандагон наздики 50 ҳазор нафар будааст.

Эътирозот дар пойтахти Укройн беш аз якуним моҳ аст идома дорад, аммо шумори ширкаткунадагон дар онҳо дар замони ҷашнҳои солинавӣ ба андозаи қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи хабарнигорон рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик нишон хоҳад дод, ки оё тарафдорони наздикии Укройн бо Иттиҳодияи Урупо метавонанд эътирозоти номаҳдудро ба роҳ андозанд ё хайр.

Дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи якшанбеи мухолифон фаъъолони ҷомеъаи маданӣ, аъзои порлумон ва раҳбарони мухолифон - Арсений Ятсенюк, Олег Тягнибок ва Виталий Кличко суханронӣ кардаанд.

Тазоҳуркунандагон пас аз суханрониҳо суруди миллии Укройнро иҷро кардаанд.

Пештар намояндагони Иттиҳодияи сартосарии Укройн мавсум ба "Майдан" эълом карданд, ки ба таъсиси кумитаи баргузории эътисобот оғоз кардаанд.

Дар тазоҳуроти қаблии мухолифон рӯзи 29 декабр фарохони "Майдан" мунташир шуд, ки истеъфои кобина ва ташкили ҷиноҳи аскарият дар порлумон аз бандҳои асосии он буд.

Лутсенко аз утоқи эҳёи муҷаддад хориҷ шудааст

Image caption Ба асари даргириҳо танҳо Юрий Лутсенко осеб надидааст

Дар ҳамин ҳол Юрий Лутсенко, сиёсатмадори мухолиф ва вазири пешини умури дохилаи Укройн, ки пас аз даргирӣ бо нерӯҳои вижаи пулис мавсум ба "Беркута" ба бемористон мунтақил шуд, аз утоқи эҳёи муҷаддад ба утоқи оддии бемористон мунтақил шудааст ва таҳти назари пизишкон қарор дорад.

Оқои Лутсенко пас аз заработ ба ноҳияи сар дар даргирӣ бо нерӯҳои вижаи пулис ба бемористон интиқол ёфт.

Телевизиюнҳои маҳаллӣ чеҳраи хунолуди ӯро намоиш додаанд.

Эдуард Леонов ва Юрий Бублик, ду тан аз аъзои порлумон низ осеб дидаанд ва дастгоҳҳои аккосии ду рӯзноманигор низ шикаста шудаанд.

Муътаризон, ки аксарашон фаъъолони ҳизби дастиростии "Озодӣ" ("Свобода") буданд, дар муқобили сохтмони додгоҳи муҳокимаи Владимир Шпара, Игоря Мосийчук ва Сергей Бевза таҷаммуъ карда буданд. Ин се тан ба омодагӣ ба инфиҷори муҷассамаи Ленин дар шаҳри Бориспол дар соли 2011 муттаҳам ҳастанд.

Замоне ки додгоҳ маҳкумияти ҳар кадоме аз онҳоро барои шаш соли зиндон эълом кард, тазоҳуркунандагон ба суи нерӯҳои вижаи пулис ашёи мухталифро партоб карданд ва ба шишаҳои утубусҳои онҳо ранг пошиданд.

Маъмурони пулис шадидан бо ин ҳамалот муқовимат карданд ва роҳро барои интиқоли маҳкумшудагон аз додгоҳ боз карданд.

Матолиби муртабит