Идомаи хушунатҳо дар Киев бо вуҷуди ваъдаҳои Ёнукувич
Image copyrightAFPЧанд соъат пас аз ваъдаи Виктур Ёнукувич барои поён додан ба буҳрони феълии кишвараш, шаҳри Киев, пойтахти Укройн, ҳамчунон шоҳиди нооромӣ ва хушунат аст.
Оқои Ёнукувич ба дунболи афзоиши эътирозоти зиддидавлатӣ ваъда дода буд, ки кобинеро тармим мекунад ва имтиёзоти дигаре низ ба мухолифон медиҳад,
Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд муътаризон лостики (чархи) худравҳоро оташ мезананд ва дар шаҳр шуълаҳои бузурги оташ ба чашм мехӯрад.
Тазоҳуркунандагон маводди муҳтариқа (оташангез), санг ва бумби оташзоро ба самти пулис партоб мекунанд ва пулис низ бо партоби гулӯлаи гози акшовар вокуниш нишон медиҳад.
Пештар Витолий Кличку, аз раҳбарони мухолифон, бори дигар хоҳони истеъфои раисҷумҳур шуд ва онро танҳо роҳи поёни тазоҳуроте хонд, ки акнун саросари Укройнро фаро гирифтааст.
Рӯзи ҷумъаи 4 баҳман (24 январ) фаъъолони мухолифи давлат чандин сохтмони давлатии Укройнро тасарруф карданд.
Нооромиҳои Укройн аз ду моҳ қабл оғоз шуд, аммо ҳафтаи гузашта бо кушта шудани чанд нафар шиддат гирифт.
Ҳафтаи гузашта ду тан аз муътаризон дар даргирӣ дар хиёбоне дар наздикии майдони Истиқлоли Киев ба зарби гулӯла кушта шуданд. Мухолифон дар ин майдон чодар задаанд.
Мухолифон мегӯянд ин ду нафар бо гулӯлаи пулиси зидди шӯриш ё тактирандозон кушта шудаанд, аммо давлат ин мавзӯъро рад мекунад.
Ҷасади яке аз фаъъолони мухолиф низ дар ҷангалҳои наздикии Киев пайдо шудааст. Зоҳиран ин фардро рабудаанд, шиканҷа кардаанд ва сипас раҳояш кардаанд, то дар барфу сармо ҷон бидиҳад.
Нооромиҳои Укройн дар ноябри гузашта ва замоне шурӯъ шуд, ки давлати Виктур Ёнукувич таҳти фишори Русия ва дар охирин лаҳза тасмим гирифт аз имзои як муъоҳидаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо худдорӣ кунад.
Аммо муътаризон илова бар он ки хоҳони наздикӣ бо Иттиҳодияи Урупо буданд, баъдан тақозоҳояшонро афзоиш доданд ва мубориза бо ончиро, ки фасоди густардаи давлатӣ ва суиистифода аз қудрат мехонанд, низ дар хостаҳояшон гунҷонданд.
Мақомҳои Укройн иттиҳоми фасоди давлатӣ ва суиистифода аз қудратро рад мекунанд.
