Вазири хориҷаи Русия: Авзоъи Укройн аз кунтрул хориҷ шудааст
Image copyrightAFPСергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бархурди хушунатбори байни тазоҳуркунандагон ва пулиси Укройнро "тарсовар" хонда ва сиёсатмадорони Иттиҳодияи Урупоро муттаҳам карда, ки ба оташи ин нооромиҳо доман мезананд.
Киев, пойтахти Укройн шаби хушунатбори дигареро пушти сар гузоштааст.
Барои дувумин шаби мутаволӣ рӯёрӯии муътаризон ва пулис ба хушунат кашида шуд. Бархе аз муътаризон мавриди зарбу ҷарҳи пулис қарор гирифтаанд.
Дар муқобил муътаризон ба суи маъмурони пулис, ки масири мунтаҳӣ ба порлумонро баста буданд, куктейл Мулутуф партоб карданд.
Имрӯз, сешанбеи 21 январ (1 баҳман) авзоъи Укройн то андозае ором гузориш шудааст, аммо гумон меравад, ки тазоҳуроти мардум аз сар гирифта шавад.
Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн рӯзи душанбе, 20 январ ба мардум ҳушдор дод, ки хушунатҳои ҷорӣ ба саботи кишвар латма ворид мекунад.
Даргириҳои хушунатбор дар пайи он рӯй дод, ки ҳазорон муътариз бо нодида гирифтани қонуни тозаи зиди иҷтимоъоти эътирозӣ, дар Киев гирдиҳам омаданд ва талош карданд барои эътироз ба ин қонун ба суи порлумон бираванд.
Муътаризон мегӯянд қонуни ҷадид озодиҳои асосии онҳоро нақз мекунад, аммо ҳизби ҳоким ин интиқодро рад карда, мегӯяд қонуни тоза бар асоси меъёрҳои Урупоӣ вазъ шудааст.
Бо ин ҳама кишварҳои ғарбӣ низ нисбат ба қонуни зиди иҷтимоъоти эътирозии тоза ибрози нигаронӣ кардаанд.
Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия имрӯз дар нишасти хабарии худ ба таҳассуни муътаризон дар майдони аслии шаҳри Киев ишора кард ва гуфт: "Аъзои чанд давлати урупоӣ, бидуни он ки касе аз онҳо даъват кунад, ба майдони шаҳр рафтанд ва дар тазоҳуроти зидидавлатии мардум ширкат карданд, дар ҳоле ки бо кишвари Укройн муносиботи диплумотик доранд. Ин сирфан як рафтори хилофи урф аст."
Сергей Лавров аз ин аъзои дували урупоӣ ном набурд, аммо дар моҳи декабр Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Гиду Вестервелле, вазири хориҷаи вақти Олмон ва ҳамчунин Виктория Нулонд, муъовини вазири хориҷаи Омрико аз тазоҳуркунандагон дидан карда буданд.
Вазири кишвари Укройн мегӯяд, ки тайи даргириҳои чанд шаби ахир ҳаштод маъмури пулис маҷруҳ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вай афзуд, ки 32 тан аз тазоҳуркунандагон ҳам боздошт шудаанд.
Расонаҳои дохилии Укройн гузориш медиҳанд, ки понздаҳ нафар аз боздоштшудагон ба далели эҷоди он чӣ ки "нооромиҳоии ҷамъӣ" хонда шуда, мумкин аст ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шаванд.
Раҳбари аслии мухолифони давлат Виталий Кличко, қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар риштаи муштзанӣ ва Арсений Ятсенюк аъмоли хушунатборро маҳкум кардаанд, аммо ба гуфтаи хабарнигорон зоҳиран қодир ба кунтрули он нестанд.
Виталий Кличко давлати Укройнро муттаҳам кард, ки ба арозил ва авбоше, ки "титушки" хонда мешаванд, пул медиҳад, ки тазоҳуротро ба хушунат бикашонанд, то битавонад муқаррароти вазъияти фавқулъода ба иҷро дароварад.
Бахши русии Би-би-сӣ бо баъзе аз ашхосе, ки шак меравад "титушкӣ" бошанд ва тавассути фаъолони мухолиф боздошт шудаанд, суҳбат кардааст.
Ба гуфтаи як донишҷӯ ба ӯ пули хубе дар изои эҷоди ошӯб дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн музокира бо мухолифонро пазируфта ва кумитаеро масъули пешбурди музокирот ва ҳалли буҳрон кардааст.
Бо ин ҳама мухолифон ҳушдор додаанд, ки музокирот бояд ба натоиҷе воқеъӣ мунҷар шавад.
Муътаризон хостори истеъфои давлат ва баргузории ҳарчӣ зудтари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.
