Русия кумаки 15-милёрддулории Укройнро ба ҳолати таълиқ дармеоварад
Image copyrightAFPВладимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, эълом кардааст Маскав кумаки 15-милёрддулорӣ ба Укройнро феълан мутаваққиф мекунад.
Оқои Путин мегӯяд то замони таъйини таклифи давлати ояндаи Укройн, эътои ин кумак барои ҳалли буҳрони иқтисодии ин кишвар муъаллақ хоҳад монд.
Раиси ҷумҳури Русия пештар ба Иттиҳодияи Урупо қавл дода буд бо вуҷуди идомаи эътирозҳо дар Укройн дар кумаки чандмилёрдулории Русия ба ин кишвар таҷдиди назар кунанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, изҳори назари тозаи оқои Путин дар бораи эҳтимоли таваққуфи эътои кумак то замони ташкили давлати ҷадиди Укройн ба маънои фишори сиёсӣ бар ин кишвар аст, то дар густараи нуфузи сиёсии Маскав боқӣ бимонад.
Муътаризони укройнӣ ҳамчунон дар хиёбонҳо мондаанд ва мегӯянд то раиси ҷумҳурии Укройн канорагирӣ накунад, хиёбонҳоро тарк хоҳанд кард.
"Партгоҳи ҷанги дохилӣ"
Муътаризон, ки хостори пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо ҳастанд, ду моҳ пеш дар моҳи ноябр дар эътироз ба худдории раиси ҷумҳурии Укройн аз имзои паймони тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо ба хиёбон омаданд.
Виктур Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, ба ҷойи имзои паймони тиҷорати озод бо Итиҳодияи Урупо эълом кард қасд дорад равобити иқтисодӣ бо Русияро густариш диҳад.
Леонид Кравчук, аввалин раиси ҷумҳурии Укройн, баъди истиқлол аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (аз соли 1991 то 1994) рӯзи чаҳоршанбеи 29 январ дар маҷлис ҳушдор дод, ки Укройн дар лабаи партгоҳи ҷанги дохилӣ қарор гирифтааст.
Маҷлиси Укройн ба дунболи тасвиби тарҳи афви муътаризон дар кишвар аст, аммо Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, гуфта боздоштшудагон ба шарте озод шаванд, ки муътаризон аз сохтмонҳои давлатӣ, ки ишғол карданд, берун раванд ва сангарҳои хиёбониро барчиданд.
Ҳимояти Омрико ва Урупо аз мухолифон
Ҳам Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико ва ҳам Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ҳимояти худро аз тазоҳуркунандагон эълом кардаанд.
Садри аъзами Олмон ва Котрин Аштун, мсъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, барои дидор бо раиси ҷумҳурии Уройн ва мухолифон ба Киев, пойтахти Укройн, рафтаанд.
Хонуми Меркел дар ин сафар гуфта бояд ба вазъияте, ки кишварҳо маҷбур мешаванд байни Иттиҳодияи Урупо ва Русия якеро интихоб кунанд, поён дод.
Котрин Аштун ҳам мегӯяд гурӯҳҳо бояд "гуфтугӯи воқеъӣ"-ро шурӯъ кунанд.
Охирин тақозо: Бароканории раиси ҷумҳурӣ
Дар тӯли эътирозҳо дастикам 5 нафар кушта шуда ва шуморе аз сохтмонҳои давлатӣ ба ишғоли мухолифон даромадааст. Садҳо нафар ҳамчунон дар хиёбонҳо ҳастанд.
Баъзе нозирон умедвор буданд бо истеъфои Николай Азаров, нахуствазири Укройн, каме аз хашми тазоҳуркунандагон коста шуда, аммо онон алон ба дунболи барканории раиси ҷумҳурии Укройн ҳастанд.
Бо пазириши истеъфои нахуствазир, давлат мунҳал мешавад; ҳарчанд бар асоси қавонини Укройн, давлати кунунӣ метавонад ҳадди аксар ба муддати 60 рӯз ва то ташкили давлати ҷадид идораи умурро дар даст дошта бошад.
