Нахуствазири Укройн истеъфо кард
Image copyrightReutersБо идомаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Укройн, нахуствазири ин кишвар истеъфо худро эълом кардааст.
Рӯзи сешанбе, 8 баҳман (28 январ) вебсойти давлати Укройн матни баёнияи Микола Азаров , нахуствазири ин кишварро мунташир кард, ки дар он омадааст, ба манзури кумак ба ҳифзи ваҳдати миллӣ дар як "тасмиме шахсӣ" истеъфономаи худро ба Виктор Янукович, раиси ҷумҳур таслим кардааст.
Бар асоси ин гузориш оқои Азаров гуфтааст, ки ин тасмимро аз он ҷиҳат иттихоз карда то "фурсати бештареро барои мусолиҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ёфтани роҳии мусолиматомез ҷиҳати ҳаллу фасли таъорузоти кунунӣ фароҳам оварад" ва афзуда аст, ки ба ҳамин далел аз раиси ҷумҳурӣ хостааст истеъфои ӯ аз симати нахуствазириро бипазирад.
Истеъфои нахуствазир дар ҳоле эълом шуд, ки порлумони Укройн музокирот дар мавриди ислоҳоти пешниҳодии раиси ҷумҳуриро оғоз мекунад. Ин "ислоҳот" шомилb имтиёзоте аст, ки оқои Янукович дар мулоқот бо раҳбарони мухолиф , ба онон додааст, ба ин умед ки роҳи ҳалkи буҳрони кунунӣ аз тариқи гуфтугӯ ва мусолиҳаро ҳамвор созад.
Яке аз ин имтиёзот лағви мусаввабаи порлумон мавсум ба қонуни зиди тазоҳурот будааст, ки дар сурати иҷроӣ шудан озодии таҷаммуъоти эътирозӣ алайҳи давлатро маҳдуд мекард.
Ин лоиҳа? ки тадвини он аз ибтикороти давлати оқои Азаров дониста шуда, дар рӯзи 16 январ ба тасвиби порлумон расид, аммо густариши тазоҳурот ва эътирози дохилӣ ва хориҷиро дар пай овард.
Рӯзи сешанбе порлумони Укройн дар мавриди лағви ин мусавваба музокира кард ва ба лағви ин қонуни раъй дод.
Нахуствазири мустаъфии Укройн дар тавҷеҳи тасмим ба истеъфо аз талош барои ҳалли буҳрони кунунӣ низ сухан гуфта ва афзудааст: "Давлат ҳар ончиро ки дар тавон дошт барои ҳалли мусолиматомези таъорузи кунунӣ ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ, ташдиди хушунат ва таъаддӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба кор гирифт."
Дар сурати пазириши истеъфои нахуствазир тамомии аъзои кобина мустаъфӣ хоҳанд буд ва давлат мунҳал мешавад, ҳарчанд бар асоси қавонини Укройн давлати кунунӣ метавонад ҳаддиаксар ба муддати шаст рӯз ва то ташкили давлати ҷадид идораи умурро дар даст дошта бошад.
Буҳрони дохилӣ, фишори ғарб, нақши Русия
Пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ барои лағви қонуни зиди тазоҳурот тавассути вазири додгустарии Укройн эълом шуд, ки гуфт "тасмиме сиёсӣ иттихоз шуда то қонуни мусавваби 16 январ, ки боъиси мубоҳисоте шуда буд, лағв шавад."
Пеш аз ташкили ҷаласаи порлумон барои баррасии лағви ин мусавваба ҳизби ҳокими мавсум ба "Ҳизби манотиқ" гуфт дар ин маврид мавзеъи мушаххасе иттихоз намекунад, то аъзои ҳизб дар порлумон битавонанд ҳамон тавр, ки шахсан ташхис медиҳанд, дар ин маврид раъй диҳанд.
Мавзеъгирие, ки дар нишасти рӯзи сешанбеи порлумони Укройн баррасӣ мешавад, дархости мухолифон аз раиси ҷумҳурӣ барои бахшудагии фаъъолони сиёсӣ ва касоне аст, ки дар ҷараёни тазоҳурот дастгир шудаанд. Оқои Янукович дар мулоқот бо раҳбарони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф бо ин дархост мувофиқат кард ва гуфт, ки ин мавридро низ ба порлумон пешниҳод мекунад.
Ба гуфтаи бархе нозирон талоши раиси ҷумҳурии Укройн барои ёфтани роҳе ҷиҳати поён додан ба ҳаракати эътирозии ҳафтаҳои ахир метавонад бо мавзеъгирии хориҷӣ дар қиболи ин тазоҳурот муртабит бошад.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо аз давлати Укройн хостаанд ба манзури ҳифзи ваҳдати миллии он кишвар ҳалли буҳрони кунунӣ аз тариқи музокира бо мухолифонро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунад ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, гуфтааст сафар ба Укройнро чиҳилу ҳашт соъат ҷилав ва дар рӯзи сешанбе анҷом хоҳад дод. Вай гуфтааст, ки аз гузоришҳои ҳокӣ аз тасмими эҳтимолии давлати Укройн ба эъломи вазъияти изтирорӣ башиддат нигарон шудааст. Мақомоти Укройн ин гузоришро такзиб кардаанд.
Бархе нозирон гуфтаанд, ки эҳтимолан тасмими нахуствазир ба истеъфо нишонаи он аст, ки вай масъулияти тасвиби ин қонун ва хушунатҳои пас аз онро бар уҳда гирифта ва бо таваҷҷуҳ ба мухолифати раиси ҷумҳурӣ бо ин мусавваба идомаи корро мумкин надонистааст.
Буҳрони кунунии Укройн замоне оғоз шуд, ки давлати ин кишвар эълом кард аз дархости узвият дар Иттиҳодияи Урупо мунсариф шуда ва дар иваз тарҷеҳ дода равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худро бо Русия густариш диҳад. Русия пешниҳод карда буд дар изои густариши равобит бо Укройн ба ин кишвар кумаки молӣ кунад.
Ба таври суннатӣ сокинони бахшҳое аз Укройн ва аҳзоби вобаста ба ин манотиқ тарафдори равобити наздик бо Русия ва бахшҳои дигаре аз ин кишвар мухолифи чунини вобастагӣ будаанд.
Ба ҳамин далел бархе аз нозирон гуфтаанд, ки наметавон нақши Русия дар нармиши давлати Укройн дар қиболи мухолифонро мунтафӣ донист.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ки ба сармоягузории сангини сиёсӣ ва иқтисодӣ мубодират карда то улампики зимистонии Сучӣ ба беҳтарин ваҷҳ баргузор шавад, кӯшидааст то бо беҳбуди равобити худ ба хусус бо кишварҳои ғарбӣ монеъ аз бурузи мушкилоте дар баробари ҳузури густардаи варзишкорони хориҷӣ дар ин мусобиқот шавад ва бо баргузории ҳарчӣ беҳтари ин бозиҳо ваҷҳаи дохилии худ ба унвони як раҳбари муқтадир ва тавонмандро иртиқо бахшад.
Қарор аст рӯзи сешанбе оқои Путин бо мақомоти Иттиҳодияи Урупо дидор ва гуфтугӯ кунад ва эҳтимолан мавзуъоте монанди ҳимояти Русия аз ҳукумати Сурия ва буҳрони Укройн дар дастури кори музокирот қарор дорад.
