Муътаризони зиддидавлатии Укройн "сохтмони вазорати додгустариро тарк карданд"

  • 27 Январ, 2014
муътаризон ва пулис дар УкройнImage copyrightReuters
Image caption Муътаризон хоҳони баргузории зудҳангоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд

Муътаризони зиддидавлатӣ дар Укройн гуфтаанд, ки дар пайи таҳдиди вазири додгустарӣ мабнӣ бар эъломи шароити фавқулъодда дар кишвар сохтмони вазорати додгустариро тарк кардаанд.

Дар ҳамин робита яке аз сухангӯёни муътаризони зиддидавлатӣ дар Укройн ба Бибисӣ гуфта, ки муътаризон барои ин ки мақомотро таҳрик накунанд, сохтмони вазорати додгустариро дар шаҳри Киев, пойтахт тарк кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди сӣ нафар аз фаъолони мухолиф дар беруни сохтмон таҷаммуъ карда ва гуфтаанд, ки иҷоза намедиҳанд касе вориди сохтмон шавад.

Пештар Елена Лукаш, вазири додгустарии Укройн ба муътаризони зидидавлатӣ ҳушдор дода буд, чунончи сохтмони вазорати додгустариро тарк накунанд, дар кишвар вазъияти фавқулъодда эълом хоҳад шуд.

Муътаризони зидидавлатӣ шаби гузашта вазорати додгустариро ба ишғоли худ дароварда ва атрофи онро сангарбандӣ карданд.

Вазири додгустарӣ ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтабуд, ки аз Шурои амнияти миллӣ ва дифоъи кишвар хоҳад хост то дар кишвар вазъияти фавқулъодда эълом кунанд.

Дар ҳамин ҳол раҳбарони мухолифон дар баёнияи муштараке нисбат ба идомаи гуфтугӯ бо давлат эъломи омодагӣ карда, аммо дар айни ҳол ҳушдор додаанд, ки сабри муътаризон ҳар лаҳза мумкин аст тамом шавад.

Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аст, ки муътаризон дар беш аз даҳ шаҳр кунтрули сохтмонҳои маҳаллии давлатиро дар ихтиёр гирифтанд.

Гуфта шуда ҳатто дар навоҳии шарқии кишвар, ки ба таври суннатӣ хоҳони равобити наздик бо Русия ҳастанд ва аз Виктор Янукович, раиси ҷумҳур бештар ҳимоят мекунанд, шуморе аз сохтмонҳои давлатӣ ба тасарруфи муътаризон даромадааст.

Нооромиҳои Укройн аз ду моҳи қабл оғоз шуд, аммо ҳафтаи гузашта бо кушта шудани чанд нафар шиддат гирифт.

Ҳафтаи гузашта ду тан аз муътаризон дар даргирӣ дар хиёбоне дар наздикии майдони Истиқлоли Киев ба зарби гулӯла кушта шуданд.

Мухолифон хоҳони тасвиби тафоҳумномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Урупо ва озодии зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Юлияи Тимошенко, нахуствазири асбақи ин кишвар ҳастанд.

Онҳо ҳамчунин хоҳони баргузории зудҳангоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.

Ин интихобот қарор аст соли 2015 баргузор шавад.

Матолиби муртабит