Қонуни зидди тазоҳурот дар Укройн 'лағв мешавад'

  • 28 Январ, 2014
Image copyrightAP
Image caption Барчидани сангарбандиҳои хиёбонӣ аз шурути раиси ҷумҳурӣ барои афви тазоҳуркунандагон аст

Раиси ҷумҳурии Укройн ва раҳбари мухолифон бар сари лағви қавонини зидди тазоҳурот дар ин кишвар ба тафоҳум расиданд.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, зимни эъломи хабари лағви қавонин гуфт, ки ҳозир аст ба тазоҳуркунандагон афв бидиҳад.

Албатта барои афв карданашон ду шарт гузошта, яке ин ки сангарбандиҳои хиёбонҳоро бардоранд ва дигар ин ки ҳамла ба сохтмонҳои давлатиро мутаваққиф кунанд.

Ӯ дар гуфтугӯе, ки бо се нафар аз раҳбарони мухолифон дошт, ин пешниҳоҳоро матраҳ кард.

Илова бар лағви қавонини марбут ба тазоҳурот, муътаризон хоҳони канорагирии раиси ҷумҳурӣ ҳам шудаанд.

Қонуни мавриди назарро тарафдорони раиси ҷумҳурӣ дар порлумони Укройн рӯзи шонздаҳуми январ бо фаврият тасвиб карданд.

Бино ба қонуни ҷадид, барпо кардани чодар бидуни доштани иҷоза дар амокини умумӣ мамнӯъ шуда ва ҳамчунин нашри акозиб алайҳи давлатмардон ҷурм ба ҳисоб меояд.

Рӯзи сешанбе, ки порлумон ҷаласаи фавқулода дорад, қарор аст намояндагони мардум дар бораи буҳрони Укройн баҳс кунанд ва он тавр, ки хабарнигорони ҳозир дар ин кишвар мегӯянд, эҳтимолан ин қонунро ҳам лағв мекунанд.

Аштун ба Киев меравад

Ин қонун боъиси асабонияти бештари муътаризон шуд ва доманаи эътирозҳоро дар кишвар густурд.

Муътаризон, ки тарафдори аҳзоби мухолиф ҳастанд, ба сохтмонҳои давлатӣ ҳамла кардаанд ва дар мавориде сохтмони вазоратхонаҳоро дар Киев ишғол карданд.

Тозатарин давр аз музокироти ду тараф аз рӯзи душанбе оғоз шудааст.

Image copyrightAP
Image caption Раиси ҷумҳурии Укройн (нафари дувум самти чап) бо раҳбарони мухолифон дидор кард

Дар даври қаблии гуфтугӯҳо раиси ҷумҳурӣ ба яке аз раҳбарони мухолиф пешниҳоди тасаддии мақоми нахуствазириро дода буд, ки дар гуфтугӯҳои ахир ӯ ба сурати расмӣ ин пешниҳодро рад кардааст.

Ҳанӯз мухолифони давлат ҳеҷ вокунише ба пешниҳодҳои ҷадид нишон надодаанд.

Ҳамчунин қарор аст рӯзи сешанбе, Котрин Аштун, болотарин мақоми сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, барои дидоре дурӯза ба Укройн биравад ва илова бар оқои Янукович бо раҳбарони мухолифон ҳам дидор кунад.

Эътирозҳо дар Укройн аз он ҷо боло гирифт, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар бастаи пешниҳодии Иттиҳодияи Урупоро барои гирифтани воме 15 милёрддулорӣ аз Русия напазируфт.

Дар моҳҳои гузашта, ки эътирозҳо дар Укройн ҷараён дошт, бештари тазоҳурот бо оромиш барқарор шуд, аммо дар чанд рӯзи ахир даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва тазоҳуркунандагон ба кушта шудани чаҳор нафар мунҷар шуд.

Матолиби муртабит