Фаъъоли укройнии "шиканҷашуда" барои муъолиҷа ба Латунӣ меравад
Image copyrightReutersДмитрий Булатов, яке аз фаъъолони сиёсии укройнӣ ва аз чеҳраҳои барҷаста дар эътирозоти зиддидавлатӣ, ки мегӯяд тавассути афроди ношинос рабуда ва шиканҷа шудааст, барои муъолиҷа ба Рига, пойтахти Латунӣ (Латвия), меравад.
Оқои Булатов, 35-сола, яке аз раҳбарони ҷунбиши эътирозии "Утумайдон" аст, ки аъзои он умдатан ронанда ҳастанд ва дар ҷараёни эътирозот аз урдугоҳи муътаризон муҳофизат мекунанд ва дар масдуд кардани мъобир (гузаргоҳҳо) ширкат доранд.
Дмитрий Булатов мегӯяд, ки рӯзи 22 январ дар ҳинни ширкат дар тазоҳурот рабуда шуда буд. Ӯ пас аз ҳудуди ҳашт рӯз дар ҳумаи Киев пайдо шуд.
Зоҳир шудан бо чеҳрае хунин ва бадане маҷрӯҳ дар баробари дурбини расонаҳо, эҳсосоти умумиро башиддат барангехт.
Ӯ гуфт, ки башиддат кутак хӯрда ва шиканҷа шуда буд ва рабояндагон ӯро ба як салиб мех карданд ва тикаҳое аз гӯшу сурати ӯро ҷудо карда буданд. Дмитрий Булатов мегӯяд, ки аз ҳувияти рабояндагони худ огаҳӣ надорад, вале онҳо лаҳҷаи русӣ доштанд.
Мухолифони давлат ва низ диплумотҳои ғарбӣ дар мавриди он чи барои Дмитрий Булатов рух дода буд, башиддат вокуниш нишон додаанд.
Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, "ҳадаф қарор додани ҳисобшудаи созмондиҳандагон ва ширкаткунандагон дар эътирозоти мусолиматомези Укройнро" маҳкум кардааст.
Рӯзи якшанбе Виталий Кличко, аз раҳбарони мухолифон, эълом кард, ки диплумотҳои ғарбӣ имкони хуруҷи Дмитрий Булатов аз кишвар ва мудовои ӯро дар Латунӣ фароҳам кардаанд.
Маъмурони вазорати кишвар рӯз ҷумъа ба бемористоне, ки оқои Булатов дар он бистарӣ буд, рафтанд, то бинобар гузоришҳо бо ҳукми додгоҳ ӯро боздошт кунанд, аммо мухолифони давлат монеъ аз ин кор шуданд.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз мақомҳои давлатӣ ба таври талвеҳӣ гуфтаанд, ки ривояти рабуда ва шиканҷа шудани Булатов метавонад ҷаълӣ бошад.
Бо ин ҳол, пулиси Укройн ваъда додааст, ки ин одамрабоӣ ва иттиҳоми шиканҷаро ба таври ҷиддӣ мавриди пайгирӣ қарор бидиҳад.
Аз моҳи ноябри соли 2013, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, бо барномаи дарозмуддати пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо , ба нафъи иртибототи наздиктар бо Русия мухолифат кард, ин кишвар дастхуши тазоҳурот ва эътирозоти густардаи ҷамъӣ будааст.
Хиёбонҳои Киев, пойтахти Укройн, саҳнаи даргирии шадиди пулис ва муътаризони хашмгине шуда, ки хоҳони баргузории интихоботи зудрас ҳастанд.
Нуқтаи оғози эътирозот тасмими давлат мабнӣ бар имзо накардани як тавофуқномаи ҳамкории фарогир бо Иттиҳодияи Урупо буд.
Ин нооромиҳо сабаби иттиҳоди раҳбарони тарафдори Иттиҳодияи Урупо ва миллигароёни ифротӣ дар мухолифат бо давлат шудаст.
