Сафири Олмон ба вазорати хориҷаи Укройн эҳзор шуд

  • 5 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Таҷаммуъи ҳазорон тан аз мухолифон дар маркази Киев, пойтахти Укройн, идома дорад

Вазорати умури хориҷаи Укройн сафири Олмон дар ин кишарро ба далели таҳдид ба вазъи таҳрим алайҳи Укройн ба ин вазоратхона эҳзор кардааст.

Вазири умури хориҷаи Олмон пештар гуфта буд дар сурате, ки ҳеҷ роҳи ҳалле барои буҳрони сиёсии Укройн пайдо нашавад, бояд ин кишварро ба вазъи таҳримҳое таҳдид кард.

Як мақоми баландпояи давлати Укройн гуфтааст, ки Олмон бояд аз изҳори назарҳои таҳрикомез худдорӣ кунад.

Нишасти порлумони Укройн барои баррасии дархостҳои мухолифон рӯзи сешанбеи 4 феврал баргузор шуд, аммо идомаи он ба таълиқ афтод.

Дар ин нишаст мухолифон дархости худ барои озодии муътаризони дар банд ва коҳиши ихтиёроти Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройнро ироа доданд

Дар нишасти порлумон ҳангоме ки намояндагони тарафдори давлат дар ҳоли суханронӣ буданд, мухолифон шиъорҳое алайҳи онҳо сар доданд.

Мухолифон хоҳони он ҳастанд, ки интихобот пеш аз мавъиди раёсати ҷумҳурӣ дар Укройн баргузор шавад. Мухолифон мегӯянд барпойии ин интихобот боъис мешавад, то эътимоди мардум бори дигар ҷалб шавад.

Image copyrightAFP
Image caption Дар нишасти имрӯзи порлумон ҳангоме, ки намояндагони тарафдори давлат дар ҳоли суханронӣ буданд, мухолифон шиъорҳое алайҳи онҳо сар доданд

Намояндагони тарафдори давлат мухолифонро ба бемасъулиятӣ муттаҳам кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки таҷаммуъи ҳазорон тан аз мухолифон дар маркази Киев, пойтахти Укройн, идома дорад ва онҳо ҳамчунон бархе аз идороти давоатиро дар ишғол доранд.

Иттиҳодияи Урупо ва Омрико музокироти муқаддамотӣ барои ироаи як кумаки молӣ ба Укройнро шурӯъ кардаанд. Ироаи ин кумак ба ташкили як давлати текнукрот ва ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар манут шудааст.

Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, рӯзи сешанбеи чаҳоруми феврал ба Киев сафар кард, то бо мақомоти давлатӣ ва раҳбарони мухолифон дар бораи роҳҳои поён додан ба буҳрон музокира кунад.

Матолиби муртабит