Тазоҳуркунандагон ба тасарруфи сохтмони шаҳрдории Киев, пойтахти Укройн поён додаанд

  • 16 Феврал, 2014
Image copyrightReuters

Тазоҳуркунандагон ба ишғоли сохтмони шаҳрдории Киев, пойтахти Укройн ва сохтмонҳои дигари пойтахт поён додаанд.

Ин тазоҳуркунандагон, ки аз худдории президент Янукович аз имзои қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо нохушнуд ҳастанд, беш аз ду моҳ буд сохтмони шаҳрдории Киевро тасарруф карда буданд.

Мақомот қавл додаанд, ки агар муътаризон то рӯзи душанбе сохтмонҳои давлатиро тахлия кунанд, иттиҳомот алайҳи онҳо лағв хоҳад шуд.

Раҳбарони муътаризон мегӯянд ҳамакнун онҳо шароити давлат барои афвро иҷро кардаанд.

Девид Стерн, хабарнигори Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд муътаризон бахшҳое аз сангарҳои хешро дар хиёбонҳои марказии Киев барчидаанд.

Эътирозот дар Укройн моҳи ноябр пас аз он оғоз шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн аз имзои як қарордоди муҳими тиҷорӣ, ки Укройнро бо Иттиҳодияи Урупо бештар наздик мекард, худдорӣ кард.

Ба ҷойи он ӯ равобити наздиктари тиҷорӣ бо Русияро ихтиёр кард. Русия қарнҳо то замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 бар Укройн нуфуз доштааст.

Озодии зиндониён

Субҳи рӯзи якшанбе муътаризон оғоз ба тарки сохтмони шаҳрдории Киев карданд.

Сафири Суис ба дунболи тахлияи сохтмон вориди он шуд то кумак кунад сохтмони шаҳрдорӣ дар кунтрули мақомоти давлатӣ қарор бигирад.

Суис ҳоло раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо аст.

Рӯзи ҷумъа мақомот 243 зиндониро, ки дар ҷараёни нооромиҳои ахир боздошт шуда буданд, озод карданд.

Оқои Янукович авоили моҳи ҷорӣ қонуни авфро имзо кард ва пас аз он ки дастикам чаҳор нафар дар эътирозот кушта шуданд, эълом дошт, ки ҳозир аст бо мухолифон вориди гуфтугӯ шавад.

Ҳафтаи ҷорӣ бархе аз роҳбарони мухолифон ба тақозои худ дар бораи истеъфои ӯ идома додаанд.

Имрӯз низ бо вуҷуди тахлияи сохтмонҳои давлатӣ ҳазорҳо тарафдори мухолифин ба тазоҳурот дар маркази Киев идома додаанд ва ба тақозоҳои қаблии худ аз ҷумла имзои тавофуқномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо, мубориза бо фасод ва истеъфои оқои Янукович таъкид кардаанд.

Юлия Тимошенко, раҳбари зиндонии мухолифон рӯзи якшанбе гуфт: "Танҳо мавзуъи гуфтугӯ бо Янукович шароити канорагирии ӯ аз қудрат аст."

Хонуми Тимошенко раиси ҷумҳури Укройнро муттаҳам кардааст, ки таҳти кунтрули Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аслитарин ҳомии байналмилалии ӯ қарор дорад.

Матолиби муртабит