Даргириҳои маргбор дар пойтахти Укройн
Image copyrightReutersБар асоси гузоришҳои расида аз Киев, пойтахти Укройн даргириҳои шадиде миёни муътаризон ва нерӯҳои пулиси зиддишӯриш рух додааст.
Манобеъи мухолифон гуфтаанд дар ин дагириҳо се нафар кушта шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки қарор буд дар порлумони ин кишвар мавзуъи баргашт ба қонуни асосии соли 2004 ин кишвар мавриди раъйгирӣ қарор бигирад.
Ҳамон гуна ки хабарнигорони бахши укройнии Би-би-сӣ гузориш додаанд, дар хиёбонҳои наздик ба сохтмони порлумон чанд мошин дар ҳоли сӯхтан ҳастанд ва маъмурони "Беркут", пулиси зидишӯриши Укройн ба суи муътаризон гулӯлаҳои лостикӣ шиллик мекунанд, норинҷаки савтӣ партоб мекунанд ва муътаризонро бо ботум мезананд.
Гуфта мешавад дар муқобил муътаризон ба суи пулис санг партоб мекунанд. Гузориш мерасад, ки афроде аз ҳар ду тараф маҷруҳ шудаанд.
Манобеъи мухолифин гуфтаанд, ки наздик ба 30 нафар аз муътаризон маҷруҳ шудаанд. Гуфта мешавад, аксари ин афрод ба асари шиллики гулӯлаҳои лостикӣ ва инфиҷори норинҷакҳои савтӣ захм бардоштаанд.
Олег Мусия, яке аз пизишкони Хадамоти пизишкии Евромайдан, марбут ба мухолифин гуфтааст, ки ду нафар ҷароҳати сангин бардоштаанд, аз ҷумла як нафар аз ноҳияи сар шадидан маҷруҳ шуда ва дасти нафари дигар ба асари инфиҷор қатъ шудааст.
Хабарнигори бахши укройнии Би-би-сӣ гузориш медиҳад, ки намояндагони мухолиф дар порлумон бархе аз муътаризони шадидан захмишударо ба толори иҷлоси порлумон овардаанд.
Вазорати кишвари Укройн гуфтааст, панҷ тан аз нерӯҳои он аз силоҳи гарм маҷруҳ шудаанд.
Дар айни ҳол ин вазорат мегӯяд 37 тан аз маъмурони он осеб дидаанд.
Хабарнигорон мегӯянд дар хиёбонҳои Институтская ва Шелковичная даргирӣ миёни муътаризон ва пулис шиддати бештар гирифтааст ва нерӯҳои "Беркут" бо истифода аз мошинҳои обпош ба издиҳом об пошидаанд.
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки муътаризон дафтари ҳизби ҳоким, Ҳизби Манотиқро оташ задаанд. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд дар ҳоле ки мошини оташнишонӣ оташссӯзиро маҳор мекард, пулис ба суи муътаризон норинҷакҳои дудзо партоб мекард.
Хабарнигории Интерфакс-Украина гузориш медиҳад, ки муътаризон маъмурони пулисеро, ки дастгир кардаанд, ҳар гоҳе ба майдони мавсум ба "Майдан" мебаранд.
Виктор Медведчук, раиси дастгоҳи президент Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укройн гуфтааст, ки танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз хушунат дар хиёбонҳои Киев, баргашт ба қонуни асосии соли 2004 аст.
Дар ҳамин ҳол Михаил Чечетов, вакили порлумон аз Ҳизби манотиқ, ҳизби ҳоким муътақид аст, ки мухолифон дар роҳи расидан ба қудрат аз аҷсод истифода мекунад.
Вазорати хориҷаи Русия Ғарбро муқассири ҳаводис дар пойтахти Укройн хонда ва гуфтааст "ба фаъъолиятҳои пархошгаронаи тундравҳо мусоъидат мекунад."
Баргашт ба соли 2004
Раҳбарони мухолифон аз баргашт ба қонуни асосии даҳ соли пеши Укройн ҳимоят мекунанд, ки афзун бар як силсила нукоти дигар ихтиёроти раиси ҷумҳуриро маҳдуд мекунад.
Виталий Кличко, раҳбари ҳизби "Удар" ба ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт: "Рада (порлумони Укройн) бояд ҳукумати ҷадид ташкил диҳад. Мо ба унвони мухолифон омодаем ташкили онро ба уҳда бигирем."
Яке аз нукоти асосии қонуни асосии соли 2004 ин аст, ки нахуствазирро порлумон таъин мекунад, на раиси ҷумҳур.
Рӯзи душанбе Арсений Ятсенюк, раҳбари фроксиюни "Сарзамини падарӣ" (Батькивщина) ва Виталий Кличко дар Берлин бо Ангело Меркел, садри аъзами Олмон мулоқот карданд ва бо ӯ мавзуъи кумаки Иттиҳодияи Урупо ба кобинаи ҷадиди Укройнро баррасӣ карданд.
Раҳбари ҳизби "Удар" гуфт, ки танҳо таҳдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо метавонад мақомоти Укройнро водор ба созиш бо мухолифон кунад.
Намояндагони порлумон аз ҳизби ҳоким оқоён Кличко, Ятсенюк ва Олег Тягнибок, раҳбари ҳизби ростгарои "Озодӣ" (Свобода)-ро, ки ҳар се дар ҷамъи тазоҳуркунандагон суханронӣ кардаанд, масъули шиддат гирифтани эътирозот медонанд.
Талош барои мусолиҳа
Рӯзи душанбе қонуни ҷадиде, ки порлумон дар авохири моҳи январ тасвиб кард, эътибор пайдо кард. Ин қонун озодии муътаризони боздоштшуда ва қатъи парвандаҳои марбут ба эътирозотро дар назар дорад.
Мухолифони ҳукумати Укройн барои иҷрои ин қонун шанбешаб сохтмонҳои ниҳодҳои давлатиро, ки дар ишғолашон буд, тахлия карданд ва мавонеъеро, ки дар бархе аз хиёбонҳо сохта буданд, барчиданд.
Тахлияи сохтмонҳои давлатӣ ва барчидани мавонеъ дар хиёбонҳо аз шароити қатъи таъқиби қонунии тазоҳуркунандагон буд.
Рӯзи якшанбе муътаризон аз сохтмони шаҳрдории Киев, ки тақрибан ду моҳ дар ишғолашон буд, хориҷ шуданд. Дар хиёбони Грушевский, ки ба сохтмони ҳукумат ва порлумони Укройн мунтаҳӣ мешавад, мавонеъ барчида шуд, аммо посгоҳҳои кунтрул тавассути фаъъолони мухолифон боқӣ монд.
Ҳамчунин мухолифон аз сохтмонҳои идороти ҳукуматҳои панҷ вилояти Укройн низ хориҷ шуданд.
Рӯзи ҷумъа мақомот 243 нафарро, ки дар ҷараёни эътирозот боздошт шуда буданд, раҳо карданд.
