Раиси ҷумҳурии Укройн бо "оташбаси муваққат" мувофиқат кард

  • 20 Феврал, 2014
Image copyrightDavid Mdzinarishvili Reuters
Image caption Буҳрони сиёсии семоҳаи гузаштаи Укройн Киевро ба майдони ҷанг табдил кардааст

Дар пайи кушта шудани 26 нафар дар эътирозоти Укройн дар зарфи камтар аз ду рӯз, раиси ҷумҳурии кишвар аз "тавофуқ барои оташбас" бо мухолифон хабар дод.

Пештар Владимир Замано, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Укройн, ба дастури раиси ҷумҳурӣ барканор шуда буд.

Сойти раиси ҷумҳурии Укройн бо интишори баёнияе хабар додааст ду тараф бо шурӯъи музокирот бо ҳадафи "поён додан ба хунрезиҳо" мувофиқат кардаанд.

Сойти расмии раиси ҷумҳурии Укройн хабари барканории Владимир Замано, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишварро ба дастури Виктор Янукович, раиси ҷумҳурӣ, мунташир кардааст.

Барканории фармондеҳи артиш дар пайи шадидтарин хушунатҳо дар буҳрони сиёсии се моҳи гузашта рӯй додааст. Буҳроне, ки Киев, пойтахтро ба майдони ҷанг табдил кардааст.

Пештар созмони амнияти кишвар эълом кард корзоре "зиддитерристӣ"-ро дар саросари кишвар барои муқобила бо "таҳдиди рӯзафзуни тундравҳо" оғоз мекунад.

Барои нахустин бор суҳбатҳое низ аз ба коргирии нерӯҳои мусаллаҳ барои муқобила бо буҳрон матраҳ шудааст.

Дарёдор Юрий Илйин, фармондеҳи нерӯҳои дарёии Укройн дар ҳоли ҳозир ҷонишини фармондеҳи кулли нерӯҳои кишвар шудааст.

Ҳеҷ тавзеҳе дар бораи далели барканории женерол Замано ироа нашудааст.

Оғози музокирот

Тавофуқ барои "оташбас" дар пайи музокираи миёни се раҳбари аслии мухолифон, Арсения Ятеснюк, Виталий Кличко ва Олег Тягнибок сар гирифтааст

Оқои Ятеснюк дар вебсойти ҳизби худ, ҳизби "Сарзамини падарӣ" навишта: "Ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба майдони Истиқлол, ки қарор буд имрӯз анҷом шавад, лағв шудааст. Оташбас барқарор шудааст, мавзӯъи аслӣ ҳифозат аз ҷони инсонҳост."

Бо ин ҳама, хабарнигори Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд мушаххас нест ин оташбас ба натиҷа бирасад, чаро ки муътаризони родикол дар мулоқот барои музокира бо раиси ҷумҳурӣ ширкат надоштаанд.

Дар ду рӯзи гузашта дар тӯли эътирозот дастикам 26 нафар, умдатан дар Киева кушта шудаанд. Муътаризон талош мекарданд дар баробари шиллики гулӯла ва норинҷакҳои машқии пулис, кампи иҷтимоъоти худро бо партоби куктели мулутуф ва санг ҳифз кунанд.

Вазорати беҳдошти Укройн мегӯяд ҳадди ақал 600 нафар ҳам дар ин даргириҳо захмӣ шудаанд, ки беш аз ниме аз ин афродро нерӯи пулис ташкил медиҳад.

Буҳрони сиёсӣ дар Укройн замоне оғоз шуд, ки раиси ҷумҳурӣ бо радди паймони тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо , робитаи кившар бо Русияро наздиктар кард ва ба эътирозоте ҷиддӣ доман зад, ки ба дунболи барканории раиси ҷумҳурӣ аст.

Ҳанӯз мушаххас нест далели тасмими раиси ҷумҳурӣ барои барканории фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, ки ду сол ин симатро бар уҳда доштра, чӣ будааст.

Бо ин ҳама, чанд соъат пеш аз барканории ӯ, раиси созмони амнияти кишвар эълом кард "амалиёти зиддитерруристӣ" пас аз он оғоз мешавад, ки "гурӯҳҳои ифротӣ" сохтмонҳои давлат ва анборҳои таслиҳотро дар кунтрул гирифтаанд.

Раиси созмони амнияти Укройн ҷузъиёте аз ин "амалиёти зиддитерруристӣ"-ро ироа накарда, аммо гуфтааст бар асоси қонуни Укройн, вазири кишвар, марзбонон ва нерӯҳои мусаллаҳ дар ин амалиёт нақш ифо хоҳанд кард.

Матолиби муртабит