Эътирозот дар Укройн ҳаждаҳ кушта барҷой гузошт

  • 19 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Бархӯрди байни муътаризон ва пулиси зидди ошӯб дар Киев, пойтахти Укройн

Бархӯрди байни ҳазорон тан аз муътаризон ва пулиси зиддишӯриш дар Киев, пойтахти Укройн, ба хушунатҳое анҷомид, ки то кунун ҳаждаҳ кушта барҷой гузоштааст.

Пулиси зиддишӯриш барои ҷилавгирӣ аз роҳпаймоии ҳазорон нафар ба самти порлумон ба шиллики гулӯлаҳои плостикӣ ва истифода аз норинҷакҳои савтӣ мутавассил шуд.

Муътаризон саъй доштанд ба самти мақарри ҳизби ҳоким роҳпаймоӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Укройн ба муътаризон то соъати шаши шаб ба вақти маҳаллӣ муҳлат додаанд, ки ба тазоҳуроти худ поён бидиҳанд, дар ғайри ин сурат барои поён додан ба он ба роҳҳои қонунии мутавассил хоҳанд шуд.

Бо ин ки муҳлати давлат тамом шудааст, аммо муътаризон камокон ба тазоҳуроти худ идома медиҳанд.

Дар ин миён Омрико аз бобати хушунатҳое, ки боъиси кушта шудани ҳаждаҳ нафар, минҷумла ҳафт маъмури пулис шудааст, шадидан ибрози нигаронӣ кардааст.

Олмон ҳам зимни ибрози нигаронии шадид хостори гуфтугӯи байни раиси ҷумҳурии Укройн ва мухолифон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки порлумони Укройн қарор буд рӯзи 18 феврал тағйир дар Қонуни асосии ин кишварро ба баҳс бигузорад.

Тағйир дар Қонуни асосии Укройн барои коҳиши ихтиёроти Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии ин кишвар, дар назар гирифта шудааст.

Буҳрони сиёсии Укройн дар моҳи ноябри соли 2013 ва пас аз он оғоз шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурӣ, бо барномаи дарозмуддати пайқвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо ба нафъи иртибототи наздиктар бо Русия мухолифат кард.

Аз он замон то ба ҳол ин кишвар дастхуши тазоҳурот ва эътирозоти густарда будааст.

Хиёбонҳои Киев дар ин муддат саҳнаи даргириии шадиди пулис ва муътаризони хашмгине шуд, ки хоҳони баргузории интихоботи зудрас буданд.

Ин нооромиҳо сабаби иттиҳоди раҳбарони ҷиноҳи тарафдори Иттиҳодияи Урупо ва аҳзоби миллигарои ифротӣ дар мухолифат бо давлат шуд ва вокуниши шадиди Омрико ва Иттиҳодияи Урупоро дар пай дошт, ки "саркӯби" эътирозоти мусолиматомез тавассути пулис ва нерӯҳои амниятиро башиддат маҳкум карданд.

Мақомҳои Русия низ дар муқобил Ғарбро ба талош барои дахолат дар умури дохилии Укройн муттаҳам карданд.

Матолиби муртабит