Нерӯҳои вижаи вазорати дифоъи Укройн ба пойтахт эъзом шуданд

  • 19 Феврал, 2014
саҳнае аз даргириҳо дар УкройнImage copyrightGetty
Image caption Хушунатҳои Укройн вокунишҳои густардаи байналмилалиро ба ҳамроҳ доштааст

Вазорати дифоъи Укройн таъйид карда, ки кумондуҳои чатрбозро ба Киев, пойтахти ин кишвар эъзом кардааст.

Вазорати дифоъи Укройн эълом карда, ки ҳадаф аз ирсоли ин нерӯҳои вижа ба пойтахт, дифоъ аз идороти давлатӣ ва ниҳодҳои низомӣ аст ва муқобала бо нерӯҳои зидидавлатӣ дар дастури кори ин нерӯҳо қарор надорад.

Дар даргириҳои Укройн тайи 24 соъати гузашта миёни пулис ва тазоҳурқунандагон ҳаддиақал 25 нафар кушта шудаанд.

Вазорати беҳдошти Укройн мегӯяд ҳаддиақал 600 нафар ҳам дар ин даргириҳо захмӣ шудаанд, ки беш аз ниме аз ин афродро нерӯи пулис ташкил медиҳад.

Пизишке, ки ба мудовои маҷруҳон пардохта ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки пулис дар ҳоли боздошти масдумон ва интиқоли онҳо ба боздоштгоҳҳо аст.

Хушунат аз пойтахт ба сойири нуқоти Укройн низ кашида шудааст.

Тибқи гузоришҳо зане, ки ба ҳамроҳи ҷамъият талош дошт то вориди сохтмони нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Хмелнитский шавад, ба зарби гулӯла кушта шудааст.

Дар Шаҳри Лвив дар ғарби Укройн низ марокизи пулис ҳадафи ҳамлаи муътаризон қарор гирифтааст.

Вокунишҳо

Хушунатҳои Укройн вокунишҳои густардаи байналмилалиро ба ҳамроҳ доштааст.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн раҳбарони мухолифонро дар хушунатҳо муқассир дониста ва Русия низ аз талош барои кудето дар Укройн хабар додааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия аз раҳбарони мухолифони Укройн хоста то "хунрезиро мутаваққиф карда" ва фавран музокирот бо давлатро аз сар гиранд.

Image copyrightAP
Image caption Вазорати беҳдошти Укройн мегӯяд ҳаддиақал 600 нафар дар даргириҳо захмӣ шудаанд

Аммо раҳбарони Иттиҳодияи Урупо бо маҳкум кардани хушунатҳои давлатӣ гуфтаанд, ки бояд иқдомоте алайҳи афроде, ки дар "саркӯбҳо" даст доштанд, ба амал оваранд.

Вазири умури хориҷаи Суэд гуфтааст, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн "масъули хунрезӣ аст."

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо қарор аст фардо, панҷшанбе, бистуми феврал нишасте барои баррасии авзоъи Укройн баргузор кунанд ва дар мавриди эҳтимоли вазъи таҳримҳо алайҳи бархе мақомоти Укройн тасмимгирӣ кунанд.

Родислов Сикурскӣ, вазири умури хориҷаи Лаҳистон (Полша) гуфт, ки аз Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ки дар ҳоли ҳозир дар Виен, саргарми гуфтугӯ бо мақомҳои эронӣ дар бораи барномаи ҳастаии ин кишвар аст, хоста то барои маъмурияте диплумотик ба Укройн сафар кунад.

Хабарнигори урупоии Би-би-сӣ мегӯяд диплумотҳои ғарбӣ намехоҳанд тамомии иртибототи мавҷуд бо Виктор Януковичро қатъ кунанд.

Матолиби муртабит