Тазоҳуроти Укройн дубора ба хушунат кашида шуд

  • 20 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Таниши як сангар дар майдони Истиқлоли Киев ба муътаризон сироят кардааст

Оташбаси дурӯза миёни мухолифон ва давлати Укройн чанд соъат бештар давом наовард ва пулису муътаризон дубора дар Киев, пойтахти ин кишвар, даргир шудаанд.

Шаби гузашта чаҳоршанбеи 19 феврал сойти раёсати ҷумҳурии Укройн бо интишори баёнияе хабар дод, ки ду тараф бо шурӯъи музокира барои поён додан ба хунрезиҳо мувофиқат кардаанд.

Аммо субҳи имрӯз дубора тазоҳуркунандагон ба самти пулис куктели мулутуф партоб карданд ва пулис ҳам аз мошинҳои обпош барои пароканда кардани муътаризон истифода кард.

Гузориш шуда аз субҳи имрӯз то кунун дастикам 17 нафар кушта шудаанд.

Ҳангоме ки хабарнигори Би-би-сӣ дар майдони Истиқлоли Киев машғули мусоҳибаи телевизиюнӣ буд, аз пушти ӯ садои шиллики гулӯла шунида мешуд.

Вазирони умури хориҷаи Фаронса, Олмон ва Лаҳистон, ки барои гуфтугӯ дар бораи буҳрони Укройн ба Киев рафта буданд, бо раҳбарони мухолифон дидор карда ва тибқи гузоришҳо бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн, ҳам мулоқот карданд. Пештар гуфта шуда буд ба далели шиддат гирифтани хушунатҳо ин дидор ба далоили амниятӣ лағв шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Сучӣ, маҳалли баргузории бозиҳои улампики зимистонӣ, хабар расида, ки ниме аз варзишкорони Укройн дар эътироз ба истифода аз хушунат алайҳи муътаризон, маҳалли бозиҳоро тарк карда ва дар ҳоли бозгашт ба кишварашон ҳастанд.

Таҳрими Укройн?

Иттиҳодияи Урупо қарор аст имрӯз дар нишасте дар бораи вазъи таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Укройн тасмим бигирад.

Таҳрими таслиҳоти низомӣ аз мавориде аст, ки Урупо дар назар дорад дар бораи он раъйгирӣ кунад.

Image copyrightAP
Image caption Рӯзи панҷшанбе рӯзи азодорӣ барои кушташудагони даргириҳои майдони Истиқлол эълом шудааст.

Мухолифони давлати Виктур Янукович муддатҳост аз Иттиҳодияи Урупо ва Омрико мехоҳанд, ки алайҳи мақомҳои давлатии ин кишвар, ки дар эъмоли хушунат даст доранд, таҳрим вазъ кунанд.

Пештар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико судури визо барои 20 мақоми укройниро мамнӯъ эълом кард.

Шумори куштаҳои даргириҳои пулис ва мухолифон ба 28 нафар расидааст. Хушунатҳои рӯзи сешанбе вақте шиддат гирифт, ки пулис мехост майдони Истиқлолол мухолифон холӣ кунад.

Матолиби муртабит