Ғарб ва Русия якдигарро ба таҳрими мутақобил таҳдид кардаанд

  • 6 Март, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Порлумони Русия бо ҳадафи "боз гузоштани дасти Путин" дар садади тасвиби тарҳи муқобила бо таҳрим аст

Раҳбарони урупоӣ вокуниш нисбат ба иқдомоти Русия алайҳи Укройнро баррасӣ мекунанд ва порлумони Русия тарҳеро барои муқобила бо иқдомоти эҳтимолии Ғарб дар дасти баррасӣ дорад.

Рӯзи панҷшанбеи 6 март раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ташкили ҷаласа медиҳанд, то зимни баррасии буҳрони ношӣ аз иқдомоти низомии Русия дар нимҷазираи Криме наҳваи вокуниши танбеҳӣ нисбат ба ин иқдомотро баррасӣ кунанд.

Ба гуфтаи манобеъи Иттиҳодияи Урупо, иҷлоси сарони кишварҳои узв, ки ба шакле шитобзада ва бо вахим шудани авзоъ дар Укройн тартиб дода шудааст, дар назар дорад Маскавро қонеъ кунад, ки дар сурати идомаи вазъияти мавҷуд "паёмадҳои сангине" хоҳад дошт.

Дар айни ҳол, ҳанӯз мушаххас нест, ки Иттиҳодияи Урупо дар назар дорад ба чи иқдомоте алайҳи Русия даст бизанад. Бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодия, бахусус кишварҳои Урупои Шарқӣ монанди Лаҳистон, ки бепосух мондани "таҷовузи" Русия ба Укройнро барои худ хатарнок медонанд, хостори иттихози тасмимоте шадид алайҳи Русия ҳастанд.

Дар муқобил, Олмон, ки дорои равобити тиҷории густардае бо Русия аст, ҳамчунон умедвор аст битавон аз роҳи музокира ва миёнҷигарӣ ба ихтилофи байни давлати Русия ва давлати муваққати Укройн поён дод, бе он ки ба шиддати амали иқтисод ниёз бошад. Рӯзи гузашта бархе манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки бозаргонони олмонӣ дар номае ба давлати ин кишвар нисбат ба осори номатлуби таҳрими тиҷории Русия бар касбу корашон ҳушдор доданд.

Кишварҳои умдаи урупоӣ дар айни ҳол бояд иқдомоти худро бо сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар мавриди буҳрони кунунии Укройн ҳамоҳанг кунанд. Рӯзи гузашта вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои умдаи урупоӣ дар Порис бо вазири умури хориҷаи Русия дидор ва дар мавриди буҳрони Укройн ва фаъъолияти низомии Русия дар нимҷазираи Криме гуфтугӯ карданд. Қарор аст музокироти ду тараф рӯзи панҷшанбе идома ёбад.

Вазири хориҷаи Русия аз музокира бо вазири хориҷаи давлати интиқолии Укройн худдорӣ варзида ва гуфтааст, ки давлати кунунии Укройн, ки пас аз барканории Виктур Ёнукович аз симати раёсати ҷумҳурӣ идораи умури ин кишварро дар даст дорад "ғайриқонунӣ" аст.

Др пайи тирандозӣ ва кушта шудани теъдоде аз тазоҳуркунандагони мухолифи давлат дар Киев, пойтахти Укройн, дар ду ҳафтаи пеш, порлумони ин кишвар ба адами кифоят ва барканории Ёнукович раъй дод ва як раиси ҷумҳури муваққатро то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи май ба ҷойи ӯ мансуб кард. Дар рӯзҳои баъд, кобинеи ҷадиде низ ташкил шуд ва мавриди таъйиди порлумон қарор гирифт, аммо давлати Русия гуфтааст, ки ин тағйирот таҳти фишори тазоҳуркунандагони мухолиф сурат гирифт ва ҷанбаи қонунӣ надорад.

Иқдомоти мутақобили Русия ва бархе вокунишҳои ҷаҳонӣ

Ақаллияти қобили таваҷҷуҳе аз ҷамъияти Укройнро рустаборон ташкил медиҳанд, ки дар бархе манотиқи ин кишвар, аз ҷумла нимҷазираи Криме дар аксарият қарор дорад. Дар бархе манотиқи Укройн, зоҳиран аксари мардум хостори пазириши равобит бо Урупои Ғарбӣ ҳастанд, аммо сокинони манотиқи умдатан руснишин бештар аз идомаи равобити наздик бо Русия ҳимоят мекунанд.

Иллати тазоҳуроти семоҳа алайҳи Виктур Ёнукович тасмими ӯ ба худдорӣ аз густариши равобити иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Урупо ва тақвияти ҳамкорӣ бо Русия ва ҳамчунин фасоди густарда дар ташкилоти давлатӣ буд, ки саранҷом ба барканори ва фирори ӯ ба Русия мунҷар шуд. Мақомоти русӣ гуфтаанд, ки ба дархости оқои Ёнукович ба унвони "раиси ҷумҳурии қонунии" Укройн ҳаққи мудохилаи низомӣ дар он кишварро доранд.

Image copyrightReuters
Image caption Давлати Русия худро муваззаф ба ҳимояти низомӣ аз русҳои сокини Укройн донистааст.

Бар асоси Қонуни асосии Укройн, порлумони ин кишвар ҳаққи истизоҳ ва барканории раиси ҷумҳуриро дорад, аммо барои ин манзур ташрифоти хосе пешбинӣ шудааст. Дар айни ҳол, рӯзи гузашта намояндаи Укройн дар Созмони Милал тасреҳ кард, ки тибқи Қонуни асосии кишвараш танҳо порлумон метавонад хостори дарёфти ҳимояти низомии хориҷӣ шавад ва раиси ҷумҳурии Укройн ва агарчи қонунӣ чунин ҳаққе надорад

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ҳамчунин гуфтааст, ки худро муваззаф медонад аз русҳои сокини Укройн дар баробари "ифротгароён" ҳимоят кунад. Мақомоти укройнӣ гуфтаанд, ки шавоҳиде аз озори русҳо дар даст нест ва давлати Укройн худ масъулияти ҳимоят аз тамомии шаҳрвандон ва сокинони ин кишварро бар уҳда дорад.

Бо шиддат гирифтани ихтилоф байни Русия ва Ғарб бар сари Укройн, Шӯрои федеротив, маҷлиси аълои порлумони Русия, эълом кард, ки рӯзи панҷшанбе тарҳеро барои вокуниш нисбат ба тасмими эҳтимолии кишварҳои ғарбӣ дар таҳрими иқтисодии Русия дар дастури кор дорад. Ҳадаф аз тасвиби ин тарҳ "боз гузоштани дасти раиси ҷумҳурӣ" барои иттихози тасмимоти лозим дар муқобила бо фишори Ғарб тавсиф шудааст.

Бар асоси ин тарҳ, давлати Русия муҷоз хоҳад буд амволи ширкатҳои урупоӣ ва омрикоии фаъъол дар Русияро дар вокуниш ба таҳримҳои Ғарб тавқиф кунад. Раиси кумитаи қазоии шӯрои федеротив гуфтааст, ки ин тарҳ барои баррасӣ ба думои давлатӣ, маҷлиси суфлои Русия, ҳам ирсол шудааст.

Дар Иёлоти Муттаҳида низ аъзои кунгре, аз ҷумла аз ҳизби ҷумҳурихоҳи мухолифи раиси ҷумҳурӣ, эълом доштаанд, ки аз ҳар иқдоми Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ, дар вокуниш нисбат ба буҳрони Укройн ҳимоят хоҳанд кард ва раиси ҷиноҳи ҷумҳурихоҳ дар маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, ки ин маҷлис зимни тасвиби кумакҳои молӣ ба давлати Укройн "наҳваи ворид кардани фишори ҳар чи бештар бар Русия ҷиҳати "таваққуфи таҷовузи низомӣ ба кишвари ҳамсоя"-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар мавриди вокуниши ҷаҳонӣ ба буҳрони Укройн, Кохи Сафед эълом кардааст, ки давлати Чин бо Иёлоти Муттаҳида мувофиқ аст, ки бояд ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзии Укройн муҳтарам шумурда шавад. Дар иттилоъияи Кохи Сафед омадааст, ки мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Омрико ва мушовири аршади давлатии Чин дар гуфтугӯи телефунии худ бар таъмиқи равобити дуҷониба ва "ҳамкорӣ барои ҳаллу фасли ҷолишҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид карданд.

Бо вуҷуди ин ки сиёсати хориҷии Чин дар мавориде бо сиёсати Русия ҳамсӯйиӣ дорад, аммо иқтисоди он кишвар ҳаммонанди иқтисоди Русия бо идомаи равобити Иёлоти Муттаҳида муттакӣ аст ва ба назар намерасад, ки Чин дар назар дошта бошад бо мавзеъгирӣ дар қиболи буҳрони Укройн ё таҳрими эҳтимолии Русия тавассути Ғарб ин равобитро ба мухотира андозад.

Дар мавриди соири кишварҳо, як мақоми исроилӣ гуфта, ки кишвари ӯ даргири буҳрони Укройн нест ва "ин мавзӯъ ба Исроил иртиботе надорад". Дар айни ҳол, бархе манобеъи исроилӣ муътақиданд, ки давлати ин кишвар аз "заъфи" кишварҳои ғарбӣ дар баробари сиёсатҳои таҳоҷумии Владимир Путин нигарон ҳастанд.

Давлати Эрон низ, ки дар мавориде монанди таҳрими барномаи ҳастаии худ ва ҷанги дохилии Сурия ба ҳимояти Русия муттакӣ ва бо сиёсати он кишвар ҳамсӯ будааст, мавзеъгирии сареҳ ба нафъи яке аз ду тарафи даргир дар буҳрони Укройн худдорӣ варзидааст.

Матолиби муртабит