Ҷон Керрӣ: Гуфтугӯ бо Русия сахт буд, аммо идома меёбад
Image copyrightReutersҶон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки ба ҳамроҳи муттаҳидони урупоиаш дар Порис бо Сергей Лавров, ҳамтои русии худ, бар сари буҳрони Укройн ва Криме музокира мекард, бо вуҷуди "сахту ҳассос" арзёбӣ кардани гуфтугӯҳо аз идомаи он дар рӯзҳои оянда хабар дод.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ҳам пас аз поёни ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе (5 март) ва ба ҳангоми тарки Порис гуфт ҳама ҳозирон дар ин музокирот "нигарони авзоъ" буданд ва тавофуқ карданд, ки гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда идома ёбад.
Рӯзи чаҳоршанбе, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, бо ҳамтоёни худ аз Олмон, Бритониё ва Фаронса, дар Порис бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар бораи буҳрони Укройн ва истиқрори нерӯҳои ҳомии Русия дар нимҷазираи худмухтори Криме гуфтугӯ карданд.
Ин гуфтугӯҳо қарор аст рӯзи панҷшанбеи 6 март дар Рум, пойтахти Итолиё, идома ёбад ва дар ин фосила оқоён Керрӣ ва Лавров фурсат хоҳанд дошт, то натоиҷи гуфтугӯҳои имрӯзро бо руасои ҷумҳурӣ Борок Убомо ва Владимир Путин мурур кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Урупо аз ихтисоси кумаке 15-милиёрддулорӣ ба Укройн хабар дода, ки метавонад барои давлати муваққати ин кишвар, ки бо буҳрони иқтисодии физоянда даст ба гиребон аст, навидбахш бошад.
Иттиҳодияи Урупо ҳамзамон аз масдуд кардани дороиҳои 18 нафар аз мақомҳои укройнӣ хабар дода, ки ба даст доштан дар саркӯбҳои хунини майдони Истиқлоли Киев дар рӯзҳои гузашта муттаҳаманд.
Кохи Сафед ҳам рӯзи гузашта аз омодагии Омрико барои кумаке як милиёрддулорӣ ба Укройн хабар дода буд.
Вазири иқтисоди Укройн пештар эълом карда буд, ки иқтисоди кишвараш дастикам ба 35 милиёрд дулор барои муқобила бо варшикастагӣ ниёз дорад.
Дигар таҳаввулот дар рӯзи чаҳоршанбе (панҷуми март):
- - Барои дувумин бор дар рӯзҳои ахир садҳо нафар аз ҳомиёни Русия дар шаҳри Дунетск, дар шарқи Укройн, ба сохтмони фармондорӣ ва маркази давлатии ин минтақа юриш бурданд.
- - Гузориш шуд, ки як марди мусаллаҳ дар Криме, Роберт Серӣ, фиристодаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро таҳдид кардааст, аммо акнун хатар рафъ шуда ва оқои Серӣ солиму эмин аст.
- - Гузоришҳои таъйиднашуда аз ишғоли ду сойти мушакии Укройн тавассути нерӯҳои русии мустақаршуда дар Криме ҳикоят мекунанд
- - Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар тамосе телфунӣ бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, афзоъи Укройнро мавриди баррасӣ қарор додааст.
