Буҳрони Укройн: Озмоиши мушакии Русия дар миёни танишҳои физоянда дар Укройн
Image copyrightReutersОзмоиши мушакҳои қорапаймои болистик тавассути Русия агарчи пеш барномарезӣ шуда ва бо иттилоъи Вошингтун сурат гирифта, аммо ҳамзамон шудани он бо таҳаввулоти Укройн ба буҳрон дар нимҷазираи Криме абъоди тозае бахшидааст.
Рӯзи сешанбе (4 март) Русия дар як озмоиши низомии мушакҳои қорапаймои худ аз навъи болистикро озмуд. Дар вокуниш ба ин таҳарруки низомӣ, Вошингтун эълом кард, ки Русия Омрикоро аз анҷоми ин озмоиш муталеъ карда буд ва озмоиши мушакии имрӯз бахше аз "раволи оддии" барномаҳои низомии Кремлин будааст.
Дар охирин вокуниш, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрик,о шомгоҳи рӯзи сешанбе дар тамосе телефунӣ бо Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, таъкид кард Русия ба ҳаққи ҳокимияти миллии Укройн ва якпорчагии ҷуғрофиёии ин кишвар таъаддӣ карда ва Омрикову муттаҳидонаш бояд барои мувоҷиҳа бо ин буҳрон яксадо ва ҳамроҳ шаванд.
Борок Убомо ҳамчунин аз Русия хост нерӯҳояш дар нимҷазираи Кримеро ба пойгоҳҳояш фаро хонад ва сипас онҳоро маъмури назорат бар таҳаввулоти минтақа кунад.
Бо вуҷуди оддӣ хонда шудани озмоиши мушакии Русия, гузоришгарон ҳамзамонии ин озмоиш бо монуврҳои дарёии Русия дар рӯзҳои ахир ва изҳороти имрӯзи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи буҳрони Укройнро заминасози авҷгирии буҳрон дар нимҷазираи Криме донистанд, ки пас аз суқути давлати Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии махлӯъи Укройн, шоҳиди пиёда шудани ҳазорон сарбози мансуб ба артиши Русия будааст.
Владимир Путин, рӯзи сешанбе дар вокуниш ба ҳузури нерӯҳои ҳомии ин кишвар дар минтақаи Криме гуфт ӯ давлати муваққати Укройнро машрӯъ намедонад ва танҳо раиси ҷумҳури машрӯъи Укройн Виктор Янукович аст. Ӯ гуфт оқои Янукович аз Русия хостааст барои ҳифзи шаҳрвандони Укройн мудохилаи низомӣ кунад ва ҳушдор дод, ки агар дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Укройн, ки мардуми русизабон аксарият доранд, ҳарҷу марҷ рух диҳад, Русия ҳаққи истифода аз тамоми абзорҳоро барои худ маҳфуз медонад.
Ҳамзамон бо ин изҳорот, аз шаҳри Дунетск дар шарқи Укройн гузориш шуд, ки муътаризон дар хиёбонҳо шиъор сар додаанд, ки "мо рус ҳастем ва ниёзе ҳам ба муҳофизат надорем."
Ҳамзамон бо суханони оқои Путин, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар Киев, пойтахти Укройн, ҳозир шуд ва бар маҳалли кушта шудани муътаризони укройнӣ гул гузошт ва шуҷоъати муътаризони укройниро сутуд.
Оқои Керрӣ рӯзи сешанбеи 4 март пас аз вуруд ба Киев дар майдони Истиқлоли ин кишвар, ки конуни эътирозот дар ҳафтаҳои гузашта буд, ҳозир шуд ва гуфт: "Мо (Омрико) ба шумо кумак хоҳем кард."
Оқои Керрӣ, ки бо мақомҳои давлати муваққати Укройн ҳам дидор кард, аз бастаи як милёрддулории кумаки Вошингтун ба Киев барои мувоҷиҳа бо буҳрони физояндаи молии ин кишвар хабар дод.
Ҳамтои бритониёии оқои Керрӣ, Вилиём Ҳейг, ҳам рӯзи сешанбе дар ташреҳи сиёсати ин кишвар дар мавриди буҳрони Укройн гуфт манофеъи миллии Бритониё эҷоб меекунад Укройн як кишвари озод, демукротик, муттаҳид ва босуботу сулҳ бошад ва мардуми он битавонанд ба таври мустақил дар мавриди сарнавишти кишварашон тасмимгирӣ кунанд.
Дар таҳаввулде дигар, Олмон, ки садри аъзами он, Онгело Меркел, равобити хубе бо Владимир Путин дорад ва гуфта мешавад, ки агар касе битавонад бар оқои Путин нуфузе дошта бошад, он Онгело Меркел аст, эълом кард, ки музокироти ҷиддӣ бо Русия бар сари буҳрони Укройн доштааст.
Вазири умури хориҷаи Олмон гуфтааст музокироте "тӯлонӣ, душвор ва ҷиддӣ" бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дар мавриди буҳрони Укройн доштааст, ки эҳтимолан муфоди он дар гуфтугӯи шомгоҳи миёни хонуми Меркел ва оқои Убомо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Қарор аст мақомҳои давлати муваққати Укройн рӯзи панҷшанбеи 6 март бо вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел дидор кунад.
Ҳамзамон мақомҳои Иттиҳодияи Урупо аз таҳрими эҳтимолии Русия сухан гуфтаанд ва бархе аз мақомоти омрикоӣ ҳам гуфтаанд мумкин аст зарфи чанд рӯзи оянда Вошингтун таҳримҳое алайҳи Маскав эъмол кунад.
Ба навиштаи "Оссушиэйтед пресс", яке аз мақомҳои ҳамроҳи Ҷон Керрӣ дар сафар ба Киев, ки нахост номаш фош шавад, гуфтааст "ба эҳтимоли зиёд то авохири ҳафтаи ҷорӣ" масъалаи таҳримҳо алайҳи Русия ба ҷараён меафтад ва ин таҳримҳо "шомили тайфе густарда аст."
Дар вокуниш ба ин гузоришҳо дар бораи эҳтимоли таҳрими Русия аз сӯйи Омрико, Сергей Глазев, аз мушовирони раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи сешанбе гуфт, ки агар чунин шавад, Маскав воҳиди пули дулорро аз муъомилоти байналмилалии худ канор мегузорад ва бидеҳиҳои худ ба бонкҳои омрикоиро намепардозад.
