Афзоиши талошҳои диплумотик барои ҳалли буҳрони Укройн

  • 5 Март, 2014
Image copyrightAP

Вазирони умури хориҷаи Омрико, Бритониё ва Укройн тавофуқ доранд, ки нозирони байналмилалӣ бояд фавран дар марзҳои шарқии Укройн ва шибҳиҷазираи Криме мустақар шаванд.

Ҷаласаи вазирони умури хориҷаи Омрико, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон дар Кохи Элизе дар Порис оғоз шуд. Мавзӯъи аслии ҷаласа буҳрони Укройн аст.

Қарор аст дар ҳошияи ин нишаст Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дидор кунанд.

Ҳамчунин интизор меравад раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласае наҳваи бархӯрд бо Русияро баррасӣ кунанд. Вазири умури хориҷаи Русия иқдомоте монанди таҳрими тиҷории кишварашро "ғайрисозанда" тавсиф кардааст.

Ин музокирот дар ҳолест, ки Ондрей Порубӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Укройн, аз эҳтимоли даргирии низомӣ дар саросари марзи ин кишвар бо Русия ҳушдор додааст.

Вай дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Ин хатар вуҷуд дорад, ки оташи ҷанг на танҳо дар Криме, балки дар саросари марзҳои ҷанубӣ ва шарқии Укройн шуълавар шавад."

Оқои Порубӣ гуфта, ки понздаҳ чархболи Русия дирӯз дар иртифоъи бисёр кам дар манотиқи марзии Укройн ба парвоз даромадаанд.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Урупо ваъда карда, ки 11 милёрд дулор ба Укройн эътибори молӣ ва кумаки билоъиваз дар тӯли ду сол ироа хоҳад кард.

Пештар Бонки Урупоии Брозсозӣ ва Тавсеъа эълом кард, ки дар тӯли шаш соли оянда кумаке муъодили шаш милёрд юру дар ихтиёри Укройн қарор медиҳад, то ба беҳбуди шароити иқтисодии ин кишвар кумак кунад.

ТаҳаввулотИ Укройн - 5 март

10.01 -и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Вазири энержии Туркия гуфтааст, ки кишвараш барои таъмини гози худ ба далели буҳрони Укройн ба мушкиле барнахӯрда ва фикр намекунад, ки мушкилеро таҷруба хоҳад кард.

10.00-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Би-би-сӣ мунитуринг: Як ниҳоди русӣ ҳукми ҷалби байналмилалӣ Дмитрий Ёрваш, раҳбари ҷабҳаи ростгаро аз раҳбарони мухолифон Укройнро ба иттиҳоми иқдомоти ифротӣ содир кардааст.

09.58-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Руйтерз: Мардони ниқобпӯш дар халиҷи Орсенол дар Севоступул мустақар шудаанд. Дар ин халиҷ ҳаракати ду киштии укройнӣ тавассути новҳои русӣ масдуд шудаанд.

09.55-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Сергей Лавров дар вокуниш ба пешниҳоди раиси ҷумҳурии Омрико барои эъзоми нозирони байналмилалии ҳуқуқи башар барои ҳифозат аз амнияти русҳои сокини Криме дар баробари таваққуфи амалиёти низомии Русия дар ин минтақа гуфтааст, ки тасмимгирӣ дар мавриди даъват аз нозирони байналмилалӣ ба мақомоти укройнӣ марбут мешавад.

09.55-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Вазири хориҷаи Русия дар мавриди хости кишварҳои ғарбӣ барои адами мудохилаи низомии он кишвар дар Криме гуфтааст Русия наметавонад ба "нерӯҳои дифоъи миллии" Криме дастури бозгашт ба пойгоҳҳояшонро бидиҳад, зеро онон низомиёни русӣ нестанд.

09.52-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Сергей Лавров дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷаи испониё гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ " бо ҳимоят аз муътаризони укройнӣ, ки қудратро бо нақзи қонуни асосӣ ба даст гирифтаанд, сармашқи баде ба ҷаҳониён додааст."

09.50-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, мегӯяд Укройн барои Русия авлавият дорад. Ӯ дар Модрид гуфт, ки дар Укройн кудетое рӯй дод ва раиси ҷумҳурии қонунӣ сарнагун шуд.

09.33-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Манобеъи диплумотик ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки понздаҳ узви Шӯрои Амният ва Ҳамкори Урупо муквофиқати худро барои ирсоли нозир ба Укройн эълом кардаанд.

09.30-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Пулиси Маскав наздик ба чиҳил нафарро ба далели таҷаммуъ алайҳи ҳузури нерӯҳои русӣ дар Криме боздошт кардааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки пулис бо хушунат бо ин афрод рафтор кардааст. Ин афрод дар баробари вазорати дифоъ таҷаммуъ карда буданд. Бештари онҳо соъоте баъд озод шуданд.

09.24-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Вазири умури хориҷаи муваққати Укройн дар Порис гуфтааст, ки кишвараш хоҳони ҳаллу фасли сулҳомези буҳрон аст.

09.21-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Шоҳидони айнӣ ба Руйтерз гуфтаанд, ки парчами Укройн бар фарози сохтмони фармондории Дунетск дар шарқи Укройн ба эҳтизоз даромадааст. Аз рӯзи сешанбе парчами Русия дар болои ин сохтмон қарор гирифта буд.

09.15-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Порлумони Русия дар ҳоли таҳияи пешнависе аст, ки дар сурате, ки Ғарб таҳримҳоеро алайҳи Русия вазъ кунад, ба муҷиби он амвол ва ҳисобҳои бонкии ширкатҳои омрикоӣ ва урупоӣ забт хоҳанд шуд.

09.14-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Руйтерз ба нақл аз пулиси Укройн мегӯяд, ки онҳо як сохтмони давлатӣ дар Дунетск дар шарқи Укройнро тахлия кардаанд. Онҳо муддаъӣ шудаанд, ки муътаризони ҳаводори Русия ин сохтмонро ишғол кардаанд.

09.11-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хабарнигори Би-би-сӣ ин аксро твит кардааст, ки нишон медиҳад вурудӣ ба халиҷи Севуступул дар ҷануби ғарбии Криме масдуд шудааст.

Намояндагони Русия, Укройн, Омрико, Бритониё ва Фаронса лузуман ҳангоми музокироти имрӯз дар Порис дар бораи буҳрони Укройн сари як миз нахоҳанд буд. Хабаргузории Оссушиэйтед пресс мегӯяд, ки ҳама барои як роҳи ҳалли диплумотик "бидуни вақфа" дар ҳоли фаъъолият ҳастанд.

09.06-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Бар хилофи вокунишҳои мусбат дар Русия нисбат ба суханони рӯзи гузаштаи путин дар Укройн вокунишҳо умдатан манфӣ буд. Рӯзҳномаи пуртарафдори "Укроино мулудо" титр зад "Эътирофи як муҳоҷими девона!"

09.02-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Абдуҷалил Абдурасулов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Криме мегӯяд плоки бархе худравҳои низомӣ дар Криме нишон медиҳад, ки онҳо аз Русия ба ин минтақа оварда шудаанд.

09.00-и Гринвич - чаҳоршанбеи 5 март

Матолиби муртабит