Русия истиқлоли Кримеро ба расмият шинохт
Image copyrightGettyВладимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бо имзои як ҳукм минтақаи худмухтори Кримеро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохт. Ба ин тартиб роҳ барои пайвастани ин минтақа ба Федеросиюни Русия ҳамвортар шуд.
Дар ҳукми оқои Путин омадааст, ки натиҷаи ҳамапурсии рӯзи якшанбе дар Кримеро ба унвони хости мардуми он минтақа ба расмият мешиносад.
Мақомоти ин минтақаи худмухтор гуфтаанд 97 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин ҳамапурсӣ ба ҷудоӣ аз Укройн раъйи мусбат доданд.
Иттиҳодияи Урупо ва Омрико мегӯянд ин ҳамапурсӣ ғайриқонунӣ будааст. Онҳо ки аз пеш бо баргузории ин ҳамапурсӣ мухолифат карда буданд, таҳримҳое алайҳи 21 мақоми рус ва укройнӣ вазъ кардаанд.
Тибқи қавонини минтақаи худмухтори Криме, ки дар рӯзҳои ахир бознигарӣ шуданд, барои илҳоқи он ба Русия ибтидо бояд ба унвони як кишвари мустақил эъломи мавҷудият кунад.
Аз авохири моҳи феврал ва пас аз суқути давлат дар Киев, пойтахти Укройн, нерӯҳои ҳаводори Русия минтақаи худмухтори Кримеро дар ихтиёри худ гирифтаанд.
Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Укройн, пас аз ҳафтаҳо эътирозоти хиёбонӣ дар пойтахт ба Русия гурехт.
Давлати интиқолии Укройн мегӯяд бо эъзоми нерӯ ба Криме ин нимҷазираро дар ишғоли худ дароварда, аммо Русия мегӯяд низомиёне, ки бо либосҳои бидуни нишон дар Криме мустақар шудаанд, нерӯҳои кримеӣ ҳастанд, ки қасди дифоъ аз сарзамини худро доранд.
Криме аз соли 1954-и мелодӣ бахше аз Укройн будааст. Умдаи ҷамъияти он рус ҳастанд.
Порлумони маҳаллии Криме, ки ҳафтаи пеш аз сӯйи Киев мунҳал эълом шуд, пештар истиқлоли Кримеро эълом карда буд.
Намояндагони порлумони Криме эълом кардаанд, ки дигар дар ин минтақа қавонини Укройн иҷро намешавад ва ҳама амокини давлатии Укройн ҳам ба давлати мустақили Криме таъаллуқ гирифтааст.
Дар гомҳои баъдӣ ин нимҷазира воҳиди пулии рубли Русияро ҷорӣ мекунад ва замон ҳам ду соъат ҷилав кашида мешавад, то бо вақти Маскав яке шавад.
Порлумони Криме ҳамчунин аз ҳама кишварҳои ҷаҳон хостааст истиқлоли Кримеро ба расмият бишносанд.
Дар ҳамапурсии Криме аз раъйдиҳандагон пурсида шуда буд, ки мехоҳанд ин ҷумҳурии худмухтор ба Русия мулҳақ шавад ё бозгашт ба вазъияти пеш аз Қонуни асосии соли 1992-и Укройнро тарҷеҳ медиҳанд, ки тибқи он Криме ихтиёроти бештаре дошт.
Боқӣ мондан ба унвони бахше аз Укройн дар миёни гузинаҳои ин ҳамапурсӣ набуд.
Таҳдид ба таҳрими бештар
Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳида феҳристҳои ҷудогонаеро аз мақомоти таҳримшудаи рус ва Укройн мунташир кардаанд. Ин таҳримҳо шомили маҳдудият барои сафар ва масдуд кардани дороии ин афрод аст.
Номи Сергей Аксенов, нахуствазири муваққат ва Владмир Константинов, раиси порлумони Криме, низ дар ин феҳристҳо омадааст.
Илова бар Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Укройн ва чанд мақоми аршади дигар, номи ҳафт тан аз мақомҳои аршади рус, ки аз ҳалқаи наздикони Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, шинохта мешаванд, дар феҳристи таҳримҳои Омрико ба чашм мехӯрд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Вошингтун "омодаи эъмоли таҳримҳои бештар" аст ва ин ба тасмимҳои мақомоти Кремлин бастагӣ дорад.
Ӯ таъкид кард, ки ҳанӯз роҳ барои чораҷӯии диплумотик барои ин буҳрон вуҷуд дорад.
Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ҳам гуфтааст ҳанӯз метавон аз як "морпечи бад" дар ин буҳрон дурӣ кард. Ӯ аз Русия хост нерӯҳояшро аз Криме ақиб бикашад.
Аммо Сергей Рябков, муъовини вазири умури хориҷаи Русия, Омрикоро муттаҳам кард, ки намехоҳад воқеъиятро ба расмият бишносад.
Ӯ гуфт мақомоти омрикоӣ мехоҳанд "рӯйкарди якҷониба ва номутаъодили худро ба бақияи ҷаҳон таҳмил кунанд".
Александр Турчанов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, гуфтааст Киев омодаи музокира бо Русия аст, вале ҷудоии Кримеро намепазирад.
Мақомоти Киев пештар гуфта буданд, ки сафири худро барои роййзанӣ аз Маскав фаро хондаанд.
