Буҳрони Укройн: Баргузории ҳамапурсӣ дар Криме

Дар минтақаи Кримеи Укройн ҳамапурсӣ барои посух ба ин савол, ки оё ин минтақа ба Русия бипайвандад ва ё мухторияти бештар бо боқӣ мондан дар Укройн дошта бошад, оғоз шудааст.
Ин ҳамапурсиро Киев ва Ғарб "ғайриқонунӣ" хондаанд, аммо Русия аз он ҳимоят мекунад.
Пас аз суқути Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн, ки ҳаводори Русия аст, нерӯҳои Русия амалан бисёре аз Кримеро, ки дорои бузургтарин ҷамъияти рустабор аст, таҳти кунтрул қарор додаанд.
Интизор меравад раъйдиҳандагон аз пайвастани Криме ба Русия ҳимоят кунанд, аммо тоторҳои Криме ин ҳамапурсиро таҳрим кардаанд.
Бен Браун, хабарнигори Би-би-сӣ дар яке аз марокизи раъйдиҳӣ дар шаҳри Симферупул, пойтахти Криме аз ҳузури бузурги раъйдиҳандагон дар ҳамапурсӣ гузориш додааст. Ӯ мегӯяд танҳо зарфи 10 дақиқа пас аз боз шудани ин марказ 100 нафар ба он ҷо барои раъй додан омадаанд.
Марокизи раъйгирӣ соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ боз шуданд ва қарор аст раъйдиҳӣ 12 соъат идома дошта бошад.
Дар баргаҳои раъй аз раъйдиҳандагон пурсида мешавад оё онҳо мехоҳанд Криме ба Русия бипайвандад.
Саволи дувум аз раъйдиҳандагон мепурсад оё онҳо мехоҳанд мавқеъи Криме дар қонуни асосии Укройн дар соли 1992 дубора эътибор пайдо кунад? Ин мавқеъият ба Криме худмухтории бештар дар дохили Укройн медиҳад.
Ҳудуди 1,5 миллиюн аз ҷамъияти Криме воҷиди шароити раъй ҳастанд ва интизор меравад натоиҷи муқаддамотӣ пас аз поёни ҳамапурсӣ эълом шавад.
Афроди рустабор аксарияти мутлақи ҷамъияти Кримеро ташкил медиҳанд (58,5%) ва интизор меравад аксарияти онон ба тарафдорӣ аз пайвастани Укройн ба Русия раъй диҳанд.
Сергей Аксенов, нахуствазири ҳаводори Русияи Криме ба ҳангоми андохтани баргаи раъй ба сандуқ гуфт, ҳамапурсӣ хуб идома дорад.
Ӯ ба хабаргузории Интерфакс гуфт: "Ҳамон гуна ки шумо мушоҳида мекунед, мардум озодона раъй медиҳанд. Дар марокизи раъйдиҳӣ мушкиле вуҷуд надорад. Ман ҳеҷ гуна эъмоли фишорро эҳсос ва мушоҳида намекунам."
Пеш аз оғози раъйдиҳӣ як зане, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба Би-би-сӣ гуфт: "Мо Путинро дӯст дорем ва ҷонибдори Русия ҳастем."
Ӯ афзуд: "Мо танҳо аз Русия ҷонибдорӣ мекунем. Чиро? Ба хотири ин ки мо намехоҳем фошистҳо ин ҷо бошанд."
Манзури ин хонум ҳушдорҳои оқои Путин дар бораи ин буд, ки "фошистҳо" ва "тундравҳои дастиростӣ" зимоми умурро дар Киев пас аз моҳҳо эътирозот ба даст гирифтаанд. Мақомоти Укройн ин иддаъоҳоро ба унвони "дурӯғи ошкор" рад кардаанд.
Аммо афроди дигаре ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд Криме бахше аз Укройн боқӣ бимонад, аммо ихтиёроти бештаре дошта бошад.
Серҳий Рештеник ба Би-би-сӣ гуфт: "Ба назари ман Криме бояд худмухтории комил дошта бошад, то масоили молии худро танзим кунад. Ҳиҷ фишоре набояд аз суи давлат вуҷуд дошта бошад. Ман ҷонибдори истиқлол ҳастам."
"Адами дидгоҳи муштарак"
Русия пештар тарҳи қатъномаи Шурои Амнияти Созмони Милалро, ки ҳамапурсии Кримеро мавриди интиқод қарор медод, вету кард. Русия танҳо узви доими Шурои Амният аст, ки ин қатъномаро вету кард.
Тарҳи қатъномаи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳидаро 13 узви Шурои амният тарафдорӣ карданд. Чин, ки танҳо муттафиқи Русия дар бисёре аз масоил дониста мешавад, аз додани раъй дар бораи ин тарҳ худдорӣ кард.
Кин Ганг, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин дар тавзеҳи мавзеъгирии кишвараш нисбати ин тарҳ гуфт ин тарҳ "танҳо муҷиби рӯёрӯии бештар ва печидатар шудани авзоъ мешавад."
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ҳушдор додаанд, ки дар сурати баргузории рефрондум таҳримҳои бештар нисбати мақомоти Русия вазъ хоҳанд кард.
Русия пас аз суқути президент Янукович ба торихи 22 феврал сохтмонҳои ниҳодҳои давлатиро дар шибҳҷазираи Криме таҳти кунтрул даровард ва нерӯҳои Укройнро таҳти муҳосира қарор дод.
Ҳарчанд Кремлин расман истиқрори нерӯи изофӣ дар Кримеро рад мекунад ва нерӯҳоеро, ки Кримеро кунтрул мекунанд" нерӯҳои ҳимоят аз худ" меномад.
Дар таҳаввулоти дигари марбут ба буҳрони Укройн Киев нерӯҳои Русияро муттаҳам кардааст, ки рустои Стрилковеро дар шимоли Криме ишғол кардаанд, мақомоти Укройн ин иқдомро "таовузи низомӣ" хондаанд.
Даҳҳо нафар тарафдорон ва мухолифони иқдомоти Русия дар Укройн рӯзи шанбе дар хиёбонҳои Маскав роҳпаймоӣ кардаанд.
Ҳаводорони Укройн аз иқдомоти таҳрикомез дар роҳпаймоии тарафдорони Русия дар шаҳри Донетск, ки имрӯз якшанбе баргузор мешавад, ҳушдор додаанд.
Мақомот дар Киев, ки аз суи Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мешаванд, ҳамапурсӣ дар Кримеро "ғайриқонунӣ" хондаанд. Онҳо гуфтаанд райдиҳии озод таҳти "мили туфанг" наметавонад баргузор шавад.
Порлумони Укройн низ ба ҷонибдорӣ аз қатъи фаъъолияти порлумони Криме раъй додааст.
Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Укройн рӯзи ҷумъа гуфт Маскав ба "хости мардуми Криме" эҳтиром қоил аст.
Ӯ пас аз музокироти тулонӣ бо Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар Ландан таъйид кард, ки ҳар ду ҷониб "ҳеҷ гуна нигоҳи мушутарак" дар мавриди ҳалли буҳрон надоранд.
Оқои Лавров гуфт Русия сарфи назар аз афзоиши нерӯҳояш дар марз бо Укройн ҳиҷ барномае барои ворид шудани нерӯҳояш ба ҷануби шарқи Укройн надорад.
Минтақаи Криме то соли 1954 бахше аз Русия буд.
Новгони Дарёи Сиёҳи Русия низ дар Криме мустақар аст, аммо Маскав тавофуқотеро дар мавриди риъояти тамомияти арзии Укройн имзо кардааст.
