Тахаттӣ аз қонуни байналмилалӣ барои Русия ҳазина хоҳад дошт
Image copyrightGettyОмрико ба Русия ҳушдор додааст, ки идомаи сиёсати кунунии он кишвар алайҳи Укройн бидуни ҳазина нахоҳад буд.
Шомгоҳи гузашта Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар дидор бо Арсений Ётсенюк, нахуствазири давлати интиқолии Укройн дар Вошингтун, бори дигар ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз ин кишварро мавриди таъкид қарор дод ва аз сиёсати Русия дар қиболи Укройн башиддат интиқод кард.
Оқои Убомо гуфт, ки ҷаҳониён "шуҷоъати мардуми Укройн барои дастёбӣ ба демукросиро мушоҳида кардаанд ва ин тамоюле ҷаҳонӣ аст ва ҳама мардум бояд битавонанд озодона сарнавишти худро таъйин кунанд. Мардуми Укройн аз тамоми нуқоти кишварашон дар таҷаммуъи эътирозӣ дар майдони Истиқлоли Киев гуфтанд, ки хостори таҳаввул ва тағйир ҳастанд."
Оқои Убомо бо маҳкум донистани иқдомоти низомии Русия дар нимҷазираи Криме ва барномаи он кишвар барои баргузории ҳамапурсӣ ҷиҳати инзимоми ин бахш аз хоки Укройн ба Русия, гуфт: "Мо ҳамчунон ба давлати Русия ихтор мекунем, ки агар дар ҳамин масир пеш биравад, натанҳо мо, балки тамомии ҷомеъи байналмилалӣ ногузир хоҳанд буд он кишварро водор кунанд барои тахаттӣ аз қавонини байналмилалӣ ҳазинае бипардозанд."
Раиси ҷумҳури Омрико афзуд, ки "масири дигаре ҳам дар баробари Русия қарор дорад ва мо умедворем президент Путин тасмим бигирад ин масирро баргузинанд."
Нахуствазири Укройн низ гуфт, ки кишвараш "дар тақаллои дифоъ аз ҳаққи ҳокимияти миллии худ аст, аммо ҳаргиз таслими зӯр нахоҳем шуд." Вай афзуд "лозим аст тасреҳ кунам, ки Укройн бахше аз ҷаҳони ғарб аст ва ҳамин тавр ҳам боқӣ хоҳад монд, аммо дар айни ҳол мехоҳад дӯст ва шарики хубе ҳам барои Русия бошад."
Нахуствазири Укройн ҳамин назарро дар суханоне дар ҷаласаи созмони пажӯҳишии "Шӯрои Атлонтик" мавриди таъкид қарор дод ва гуфт: "Мардуми Укройн моиланд шарики озод ва баробар барои Русия бошанд, аммо дар ҳоле ки кишварашон бо таҷовузи низомӣ мувоҷеҳ аст, наметавонанд чунин кунанд."
Оқои Ётсенюк таъкид кард, ки давлати ӯ аз роҳи ҳалле мусолиматомез барои буҳрони кунунӣ ҳимоят мекунад ва афзуд: "Мо гузинаи низомиро беҳтарин роҳ барои ҳаллу фасли ин буҳрон намедонем."
Нахуствазири Укройн қарор аст бо шуморе аз раҳбарони кунгреи Омрико низ дидор кунад ва интизор меравад хостори шавад дар сурати идомаи сиёсати Русия алайҳи Укройн Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоеро алайҳи Русия вазъ кунад.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ба манзури кумак ба иқтисоди Укройн, ки башиддат осеб дида, вом ва кумакҳоеро дар назар гирифтаанд ва Омрико бархе маҳдудиятҳоро алайҳи Русия ба иҷро гузоштааст.
