Вокуниши Қирғизистон ба баёнияи Виктор Янукович

  • 12 Март, 2014
ҚирғизистонImage copyrightAFP
Image caption Вазорати хориҷаи Қирғизистон аз баёнияи Виктор Янукович интиқод кардааст

Вазорати хориҷаи Қирғизистон баёнияи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройнро “бемаврид ва баҳснок” хондааст.

Дар баёнияи ин вазорат омадааст, чунин ибрози назар метавонад вазъияти амниятии Укройнро дубора муташанниҷ кунад.

Оқои Янукович зимни як баёния, ки баъд аз зӯҳри сешанбеи 11 март тавассути шабакаи телевизиюни Русия пахш шуд, худро раиси ҷумҳурии машрӯъи Укройн хонда ва гуфт, ба зудӣ ба ин кишвар бармегардад.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн давлати Укройнро номашруъ донист ва онҳоро миллигарои тундрав ва неуфошист номид.

Дар пайи тазоҳуроти густарда дар шаҳри Киев Виктор Янукович ба Русия фарор карда ва иброз дошт, ки “маҷбур шуда барои ҳифзи ҷони худ аз дасти тундравон дар Русия паноҳ бигирад.”

Аммо дар баёнияи Вазорати хориҷаи Қирғизистон таъкид шудааст, “Виктор Янукович раиси ҷумҳурии машрӯъ маҳсуб нашуда, эътимоди мардумро аз даст додааст ва аз кишвар фарор кардааст.”

Қирғизистон гуфтааст, маҳз аъмоли бидуни мутолиъа ва фасод дар сохтори давлатӣ ба бурузи бӯҳрони феълӣ ва фавти даҳҳо тан аз афроди бегуноҳ мунҷар шудааст.

Ҳамзамон, Қирғизистон хостори ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Укройн ва риояти меъёрҳои байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милал шудааст.

Зимнан, аз замони оғози бӯҳрони Укройн дар моҳи ноябри соли гузашта то бад ин сӯ Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди ҳаводиси ин кишвар расман ибрози назаре накардааст.