Путин ва Укройн: Воқеъияти нави сиёсӣ дар паҳнои пасошӯравӣ?

  • 11 Март, 2014
Таниши Русия ва УкройнImage copyrightBBC World Service
Image caption Таҳаввулоти ахир мардуми Укройнро дудаста карда ва сокинони манотиқи шарқию ҷанубии ин кишвар рӯ ба Русия кардаанд

Зимни баргузории Бозиҳои зимистонаи улампик дар шаҳри Сочии Русия дар Укройн тағйироти ҷиддии сиёсӣ рух дод. Виктур Ёнукувич, раисҷумҳури Укройн, ки соли 2010 мардум ӯро бо райъдиҳии озод интихоб карда буданд, дар раванди воқеъаҳои 22-23 феврал дар Киев аз қудрат барканор шуд.

Давлатҳои Ғарб билофосила онҳоеро, ки зимоми қудратро дар Киев ба даст гирифтанд, ба расмият шинохтанд. Русия барканории оқои Ёнукувич ва ба қудрат расидани мухолифини ӯ ва ҳамчунин маҷмӯъе аз тасмимоти тозаи онҳо, аз ҷумла дар бораи лағви қонуни забонро, ки истифода аз забонҳои ақаллиятҳои ин кишвар, аз ҷумла русиро маҳдуд мекунад, номашрӯъ донист.

Ин тасмимоти давлати муваққат ва тарафдорони онҳо сокинони манотиқи ҷануб-шарқии Укройнро ҳам, ки аксаран русҳо ва ё русизабон мебошанду давлати ҷадид дар Киевро ба бадбиниву адоват нисбат ба русҳо муттаҳам мекунанд, ба изтироб овард. Ин амр давлати Русияро низ нороҳат сохт.

Яқин буд, ки инқилоб дар Киев барои манофеъи милливу истротежики Русия, аз ҷумла дар заминаи таъмини амнияти миллияш, таҳдиди ошкоро мебошад. Таҳлилгарони умури сиёсии Русия таъкид мекарданд, ки давлати нави Укройн на танҳо масъалаи лағви созишномаи Харковро, ки будубоши чанд даҳсолаи нерӯҳои дарёии Русияро дар пойгоҳи Севоступул таъмин мекард, ҳатман матраҳ месозанд, балки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷойи русҳоро дар ин кишвар нерӯҳои ғарбӣ бигиранд.

Билохира, тахмини таҳлилгарон дуруст аз об даромад - ба порлумони Укройн лоиҳаи мусавваба дар бораи ҳамроҳ шудани ин кишвар ба НОТУ барои баррасӣ пешкаш гардид. Биноан, ҳамагон мунтазири вокуниши Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба дигаргуниҳои рухдода буданд.

Маълум аст, ки барои сулуку рафтори сиёсии оқои Путин шитобзадагӣ хос нест. Бар хилофи ҳамтоёни ғарбияш, ӯ дар ифшои мавзеъи худ роҷеъ ба ин ё он масъала, ҳар қадар доғу буғранҷ набошад, саросема намешавад. Нисбат ба ҳодисаҳои ахири Укройн низ ӯ аз ин одати худ нагашт ва хомӯширо ихтиёр кард. Хелеҳо ин хомӯширо ба тамаркузи комили оқои Путин ба бозиҳои улампик рабт доданд.

Image copyrightAP
Image caption Оқои Путин рӯйи кор омадани давлати муваққати Укройнро хатаре барои манофеъи худ медонад

Инкори таъсири ин омилро нашояд нодида гирифт. Вале чунин ба назар мерасад, ки сабаби хомӯшии раисҷумҳури Русия гирифтории ӯ ба пайдо кардани роҳҳои муносиби таъмини манфиъатҳои кишвараш ва фароҳам омадан ё, шояд, фароҳам сохтани фурсати муносиб барои вокуниши муассир буд.

Ногуфта намонад, ки дар авҷи ҳодисаҳои инқилобӣ Владимир Путин дар Сочӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти Русияро гузаронд ва дар баробари масоили дигар вазъи Укройнро низ бо аъзои Шӯро баррасӣ намуд. Расонаҳои ҷаҳонӣ ба ин ҷаласа таваҷҷуҳи кофӣ накарданд ва онро аз як ҳодисаи одиву муқаррарие беш надонистанд.

Билохира вокуниши раисҷумҳури Русия маълум шуд. Вокуниши оқои Путин барои аксарияти ҷомеъаи байналмилалӣ, хосса барои сиёсатмадорони давлатхои Ғарб ғайричашмдошт ва басо истротежик буд.

Сараввал оқои Путин мунтазири тасмимгириҳои аз лиҳози сиёсӣ чандон дуруст баррасинашудаи давлати муваққат дар Киев шуд. Дар гармогармии барканории Виктур Ёнукувич, раисҷумҳури Укройн, ва ба дасти худ гирифтани ҳокимият, мухолифони ӯ иштибоҳоти ҷиддиеро муртакиб шуданд.

Масалан, дар барканории раисҷумҳури пешин ягон расму тартиби дастурӣ риъоят нашуд. Худи ҳамин ҳолат минбаъд барои оқои Путин имкон дод, ки барканории оқои Ёнукувичро аз лиҳози қонунӣ номашрӯъ хонад.

Вазирони умури хориҷии Олмон, Фаронса ва Лаҳистон, ки дар ҳузурашон тарафҳои ихтилофи Укройн созишномаеро имзо карданд, зомини иҷрои он шуданд. Бино бар ин санад, буҳрони сиёсӣ мебоист бо роҳи осоишта файсала гардад. Вале бо рух додани ҳодисаҳои 22-23 феврал онҳо амалан ҳам аз созишнома ва ҳам аз замонати худ даст кашиданд. Ин амр имкон дод, ки минбаъд сиёсатҳои давлатҳои Ғарб дар Укройн аз ҷониби Русия на танҳо зери шубҳа равад, балки муғойир бо манофеъи Русия дониста шавад.

Тасмимоти тозаи порлумон ва ибрози назарҳои сарварони мухолифини пешин дар бархе аз вилоятҳои ҷануб-шарқии Укройн, бавижа дар Криме, ба норизоятии мардум доман зад. Дар Криме нерӯҳои маҳаллӣ ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд ва мақомоти идораи маҳаллиро ташкил доданд.

Ҳамзамон дар Криме ва манотиқи дигари ҷануб-шарқи Укройн нерӯҳои тарафдори Русия аз ин кишвар хостанд, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Мавҷи норизоятӣ дар манотиқи ҷануб-шарқии Укройн нисбат ба давлати муваққат дар Киев, сиёсатҳои кишварҳои Ғарб дар мавриди ҳодисаҳои Укройн ва зери хатар мондани манофеъи умдаву истротежики Русия хеле афзоиш ёфт. Амалан, аксарияти ҷомеъаи Русия аз давлати худ тасмимгириҳои ҷиддиеро нисбат ба ҳодисаҳои Укройн тақозо мекард.

Image copyrightAP
Image caption Мардуми бахшҳои ғарбии Укройн Русияро ба ишғоли минтақаи худмухтори Криме муттаҳам мекунанд

Дар чунин як вазъият ва, зоҳиран, дар посух ба дархости ҳам ҷомеъаи кишвари худ ва ҳам ҷузъи хеле назаррасе аз аҳолии кишвари ҳамсоя Владимир Путин ибтидо аз 26 феврал дар бораи баргузории тамриноти ногаҳонии ҷузъу томҳои ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаҳои ғарбӣ ва марказии низомӣ, новгони дарёи Болтик ва дарёи Шимол ва нерӯҳои фазоӣ фармон дод.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳузури киштиҳои низомии Русия дар дарёи Медитероне (Миёназамин) тамринот паҳнову фазо ва обҳоро аз дарёи Шимол то дарёҳои Сиёҳу Миёназамин фаро гирифт. Дар ин тамринот 150 ҳазор низомӣ, 90 ҳавопаймо, 120 чархбол, беш аз 850 тонк, 80 киштии низомӣ, бо шумули заврақҳои зериобии ҳастаӣ, 1200 адад таҷҳизоти ёридиҳанда ширкат карданд.

Дар ҳамин вақт, рӯзҳои 27-28 феврал, ҳангоме ки қаламрави Русия, бавижа аз канораҳои шимоливу ҷанубӣ ҳимоят мешуд, ҳокимият дар Криме иваз шуд, ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Укройн дар ин ҷумҳурии мухтор сараввал аз ҷониби силоҳбадастони номаълум муҳосира шуд ва баъдан аксарияти онҳо ба тасарруфи ҳокимияти Криме даромаданд.

Сарварони Криме тасмим гирифтанд, ки рӯзи 25 май дар мавриди ояндаи ин минтақаи худмухтор ҳамапурсӣ доир кунанд. Сипас, тасмим гирифта шуд, ки ин ҳамапурсӣ рӯзи 30 март ва дар ниҳоят 16 март доир шавад.

Якуми март Владимир Путин дар истинод ба дархости хаттии Виктур Ёнукувич, ки Русия ӯро раисҷумҳури машрӯъи Укройн медонад, аз Шӯрои Федеросиюн дархост кард, ки ба ӯ ҳаққи истифода аз нерӯи низомии кишварашро дар Укройн бидиҳад. Шӯро ин дархостро пазируфт.

Дар ҳамин ҷаласа намояндаи оқои Путин гуфт, ки бархурдор шудани ӯ аз ҳаққи истифода аз нерӯи низомӣ дар берун аз хоки кишвараш ба ин маъно нест, ки раисҷумҳур сареъан нерӯҳоро вориди Укройн кунад. Ин бад-он маъност, ки агар чунин зарурате пайдо шавад, ӯ аз ихтиёроти лозима бояд бархурдор бошад.

Чанде баъд худи оқои Путин дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки аз ҳаққи худ танҳо ҳамон вақт истифода хоҳад кард, ки агар аз ҷониби давлати муваққати Киев нисбат ба сокинони русу русизабон бедодгарӣ ва хушунат эъмол шавад ва ҳаёти онҳоро хатари ҷиддӣ таҳдид кунад.

Вокуниш ё ҷавоби Владимир Путин ба ҳодисаҳои Киев, аз як тараф, суханони раисҷумҳури Омрико, ки ба ҳеч ваҷҳ кишвараш вориди рӯёрӯии низомӣ бо Русия намешаваду ҳалли сиёсии буҳронро танҳо роҳи дуруст медонад, аз тарафи дигар, қадаме дигар дар ростои аз ҷониби раисҷумҳури Русия эҷод кардани воқеъияти нави сиёсӣ дар паҳнои пасошӯравӣ буд.

Вижагии умдаи ин воқеъият иборат аз он аст, ки а) аз ин ба баъд ҳеч як кишвари ин паҳно наметавонад бидуни ба сари худ овардани оқибатҳои басо гарону сангин ба тасмигириҳое даст занад, ки Русия онҳоро мумкин аст хатаре барои амният ва манофеъи милливу истротежики худ донад ва б) давлатҳои Ғарб ба ҳеч ваҷҳ омода нестанд ба хотири амалӣ шудани орзуву омоли кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ худро мубтало ба рӯёрӯии ҷиддии сиёсӣ бо Русия кунанд, чи расад ба рӯёрӯии ошкори низомӣ бо оқои Путин, ки дорои нерӯҳои низомии қавӣ, қариб 9 ҳазор кулоҳаки ҳастаӣ мебошаду дар масъалаи муқовимат бо нақшаҳои сиёсии Ғарб аз ҳимояти абарқудрати дигар – Чин, бархурдор аст.

Image copyrightReuters
Image caption Путин мегӯяд, ки мудохила дар Укройнро ба дархости раисҷумҳури барканоршудаи Укройн ҳаққи худ медонад

Қадами нахусти оқои Путин дар ин росто вокуниши тунд ба амалиёти низомии Гурҷистон дар Усетиёи Ҷанубӣ буд. Гурҷистон умед дошт, ки давлатҳои Гарб дар ҳолати зарурӣ онро ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам низомӣ ҳимоят мекунанд. Хаёлҳои сарварони вақти Гурҷистон дар ин бора хом баромад. Дар натиҷа, ин кишвар на танҳо набардро бохт, балки якпорчагии қаламрави худро низ аз даст дод.

Қадами дувум ҷавоби истротежики Путин ба ҳодисаҳои Киев аст. Мақомоти давлати ҷадиди Укройн, бар хилофи роҳбарони пешини Гурҷистон, на ба шаҳрвандони Русия (гуфта мешавад, аксарияти кулли сокинони Усетиёи Ҷанубӣ атбоъи Русия ҳастанд) ва на ба низомиёни он ҳамлаи мусаллаҳона накарданд.

Вале таҳдидҳои ношӣ аз болоровии нуфузи Ғарб дар асари инқилоб дар Укройн барои манофеъи амниятии Русия ва таҳдид барои русҳову русизабонони ин кишвар басанда буд, ки Киев бо мушкилот дар манотиқи ҷанубу шарқии худ рӯбарӯ шавад ва нуфузи сиёсии худро, ҳадди ақал дар Криме, аз даст бидиҳад.

Аҷаб нест, ки минбаъд таҳдид шудани амнияти сиёсиву низомӣ ва манофеъи иқтисодии Русия дар ин ё он кишвари пасошӯравӣ метавонад барои он кишвар мушкилоти ҷиддиро дар пай оварад. Таҷруба нишон медиҳад, ки ҳама гуна муроҷиъаҳо ба давлатҳои Ғарб барои ҳимоят бидуни ҷавоб мемонанд.

Дар ниҳомт, ба назар мерасад, ки аз ин ба баъд кишварҳои пасошӯравӣ, агар бихоҳанд гирифтори мушкилоти зиёд нашаванд, чорае ҷуз ин нахоҳанд дошт, ки хостаҳои худро бо воқеъияти нави сиёсӣ дар паҳнои пасошӯравӣ, бавижа манофеъи Русия, мутобиқ созанд.

Матолиби муртабит